Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бонки нав, воми нав, чоҳи нав...


Бонки "Тараққиёти Тоҷикистон" дар ин ҳафта ба фаъолият оғоз кард. Ин бонкро ширкати "Эверест Трейдинг" муштаракан бо ширкати бритониёии "Atlantida Finance" таъсис додаанд. Насимҷон Шокиров, раиси Бонки "Тараққиёт" сармояи ибтидоии ин ниҳоди молиро наздики 17 миллион сомонӣ, муодили 5 миллион доллар эълон карда гуфт, фисади солонаи вомҳои бонкаш 24 дарсадро ташкил хоҳад дод. Феълан дар низоми бонкии Тоҷикистон 12 бонк, аз ҷумла бахшҳои ду бонки хориҷии "Тиҷорат"-и Эрон ва "Тӯроноламбонк"-и Қазоқистон фаъолият доранд.


Бонки аврупоии бозсохт ва рушд ба манзури мусоидат ба маблағгузории тиҷорати хурду миёна ба "Тоҷиксодиротбонк" 2,5 миллион доллар ва ба Бунёди вомҳои хурди мавсум ба "Имон" 1 миллион доллар ҷудо мекунад.То кунун тавассути кӯмакҳои молии Бонки аврупоӣ 4 бонки "Агроинвестбонк", "Тоҷиксодиротбонк", "Тоҷикпромбонк" ва "Эсхата" ба маблағи дар маҷмӯъ тақрибан 49 миллион доллар вомҳои хурдро дар ихтиёри беш аз 16 000 тоҷири маҳаллӣ гузоштаанд.

Дар кони нафти Бештинчоқ, воқеъ дар ноҳияи Балҷувони вилояти Хатлон ба истихроҷи дубораи нафт шурӯъ кардаанд. Кони Бештинчоқ аз 1 чоҳи газ, ки шаҳри Кӯлобро бо гази табиӣ таъмин мекунад, ва 3 чоҳи нафт иборат аст ва тармими чоҳҳои нафти конро худи корхона анҷом додааст. Бино ба хабари дигар, дар кони нафти Олимтойи Фархор низ кандани чоҳҳои нафт шурӯъ шудааст. Захираи нафти Олимтой наздики 4 миллион тонна баровард шудааст. Ҷамъи захоири нафт дар зери бистари хоки Тоҷикистонро коршиносон 113 миллион тонна ва захоири гази кишварро 863 миллард метри мукааб ҳисоб мекунанд. Александр Рязанов, муовини раиси ширкати "Газпром"-и Русия рӯзи ҷумъа тарҳҳои мушорикати "Газпром" дар амри кашфу истихроҷи газу нафт аз конҳои Тоҷикистонро бо раисиҷумҳур Эмомалӣ Раҳмонов баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG