Раиси ҷумҳури кӯҳнаи нав
Ҳафтаномаи «Миллат» ҷараёни маъракаи интихоботи раёсати ҷумҳуриро дар матлабе ба таҳлил кашида навиштааст, ки пирӯзии оқои Раҳмонов дар ин маърака аз қабл маълум буд. Аз ин рӯ ҳоҷат ба пешбарии номзадҳои дар ин интихобот ширкаткарда намонда буд. Ва муаллифи матлаб аз ин номзадҳои мақоми раёсати ҷумҳурӣ суол кардааст: «Ҷанобони номзад, агар ба мақоми президентӣ сазовор набудед, чи лозим буд "мубаллиғ" будани шумо барои президенти амалкунанда, ки ҳамчун як номзади дигар ба ин мақом пешниҳод шудааст. Рисолат ва мақоми феълии Эмомалӣ Раҳмонов ба таблиғи иловагӣ феҷ зарурате надорад. Пас, оё ширкати номзадҳои дар нохунак алтернатив ва ҳамчун мубаллиғ баромад кардани онҳоро наметавон як мазҳака гуфт?"
Аммо дар ҳамин ҳол нашрияи «Тоҷикистон" ба яке аз мавзӯъҳои аслии дигаре пас аз интихоб шудани раиси ҷумҳурӣ, таъини ҳайати кобинаи нави Раҳмонов мутаваҷҷеҳ шудааст. Нашрия ин суолро матраҳ кардааст, ки сарвазири ояндаи Тоҷикистон кӣ ва мутахассиси кадом соҳа бошад. Муаллифи матлаб бо манзури мушкилоти иқтисодии кишвар сарвазирро дар симо кадом як иқтисоддон мебинад.
Тазоҳурот дар Бишкек....
Нашрияи «Азия плюс» вазъи сиёсии ахири ин кишварро ба як латифаи замони Шӯравии собиқ дар мавриди кишвари Ҳондурас монанд кардааст, ки гӯё дар ин кишвар дар як ҳафта 52 табаддулоти давлатӣ сар задааст, ки дувоздаҳум ва 27 табаддулот хотирмон будааст. Муаллифи матлаб тазоҳуроти ахири нирӯҳои мухолифи ҳукуматро идомаи раванди сарнагун кардани Аскар Оқоев, раиси ҷумҳури собиқи Қирғизистон унвон кардааст. Зуҳур ва шаклгирии нирӯҳои мухолифи ҳукумати Қирғистон, ки феълан дар майдонҳо рехтаанд, навиштааст нашрия, аз ибтидо натиҷаи фарҳанги сиёсии пасти доираҳои парлумонӣ, президент ва атрофиёни ӯ мебошанд. Ба навиштаи нашрия, қобилияти созиш надоштани раиси ҷумҳур Қурмонбек Боқиев бо ҳарифон ва ҳатто гузаштҳои кӯчактаринро ба доираҳои мухолифин раво надидани ӯ иллати аслии ба майдонҳо рехтани мардуми норозӣ гаштааст.
Вале нашрияи «Миллат» дар матлабе зери унвони «Қирғизистон инқилоби навбатиро таҳаммул мекунад?» ба шарҳи тазоҳуроти мухолифини ҳукумат дар ин кишвар пардохта суол додааст, ки агар ин мантиқро асос бигирем, ки инқилоби рангини Қирғизистон бо ҳимояти Амрико сурат гирифтааст, пас чаро имрӯз аз тариқи аҳзоб ва созмонҳои ғайридавлатии ғарбгарои ин кишвар рӯи ҳукумати Қурмонбек Боқиев фишор ворид мегардад? Муаллифи матлаб ҳамчунин ба ин суоли худ посух додааст, ки чунин ба назар мерасад, манзури мавриди интизори Вашингтон аз инқилоби рангини Қирғизистон ҳосил нагардидааст. Ва аз ин таҳаввулоти Қирғизистон нашрия хулоса кардааст, ки «..он чи имрӯз дар Бишкек мегузарад, «подоши қадрношиносиҳои» раиси ҷумҳури Қирғизистон дар баробари «хайрхоҳиҳои» Амрикоист...."
....ва тазоҳурот дар Душанбе
Яке аз мавзӯъҳои дигари муҳими ин шумораи ҳафтаномаи чопи Душанбе тазоҳуроти номуваффақи аъзои Ҳизби демократии Тоҷикистон маҳбасӣ шудани чаҳор тан узви ин ҳизб ба мӯҳлати 15 рӯз мебошад.
Ғайриинтизор, нашрияи «Адолат»--и Ҳизби демократии Масъуд Собиров, муроҷиати раиси ин ҳизб ба мақомоти қудратии шаҳри Душанбе дар мавриди озод кардани чаҳор нафар узви боздоштшудаи ин ҳизбро нашр кардааст. Оқои Собиров дар ин муроҷиатномаи худ изҳори боварӣ кардааст, ки қабл аз мӯҳлат нафарони боздоштшуда раҳо карда мешаванд.
«Факти и комментарии» саҳнаи баргузории ҳамоиши эътирозии аъзои Ҳизби демократии Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар назди бинои Вазорати адлияро бо ҷузъиёташ тасвир карда ва ҳамчунин назари коршиносонро дар ин маврид ба нашр расонидааст. Ба назари яке аз коршиносон, эътирози Ҳизби демократ дар назди бинои Вазорати адлия ихтилофҳои миёни аҳзоби мухолиф ва раҳбарияти сиёсии ҳукуматро амиқтар мегардонад.