Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Толеъ Холназаров - қаҳрамони ҷаҳон


Толеъ Холназаров, вазнбардори маъруфи тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон дар риштаи пауэрлифтинг байни варзишкорони ҳирфаӣ дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико медоли тилло ба даст овард.

Толеъ Холназаров дар як сӯҳбати телефонӣ аз шаҳри Ню-Йорки Амрико ба Озодӣ гуфт, вай барои аввалин бор аст, ки ба мусобиқоти ҷаҳонии пауэрлифтинг бо ширкати варзишкорони ҳирфаӣ даъват шудааст.Толеъ дар як навъи рақобатҳо - бардоштани вазн то камар бо зӯртарин вазнбардорони ҳирфаӣ аз 15 кишвари ҷаҳон қувва озмуда, дар вазни 100 килограмм бо натиҷаи 340 килограмм мақоми аввалро касб кард. Ӯ дар се навъи рақобатҳо бо натиҷаи умумии 930 килограмм ( 370 кг + 220 кг + 340 кг) пас аз се варзишкори амрикоӣ ва як намояндаи Укроин дар мақоми панҷум қарор гирифт.

Ба гуфтаи оқои Холназаров панҷ нафар беҳтарин варзишкорони ин мусобиқот дар ҳар як вазн дар мусобиқоти байнулмилалӣ барои дарёфти ҷоизаи Арнолд Швартсенеггер, ки моҳи апрели соли 2007 дар Иёлоти Муттаҳидаи Амрико баргузор мешавад, ширкат хоҳанд кард.

Аз ғалабаи нави Толеъ Холназаров шогирди ӯ Гуландом Халилова, барандаи мусобиқоти байнулмилалӣ изҳори хурсандӣ карда, ба Озодӣ гуфт: «Толеъ Холназаров поягузори пауэрлифтинг дар Тоҷикистон маҳсуб мешавад. Бо ибтикори ӯ соли 2002 Федеросиюни бодибилдинг ва пауэрлифтинги Тоҷикистон таъсис ёфтааст, ки чаҳор сол инҷониб Толеъ Холназаров раҳбари ин федеросиюн мебошад.»

Ёдовар мешавем, Толеъ Холназарови 31-сола соли 1998 ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфта, солҳои 1996 ва 2005 медоли нуқраи мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳонро ба даст овардааст. Вай, ҳамчунин қаҳрамони Осиё дар риштаи пауэрлифтинг дар соли 2000-ум мебошад.
Нарзуллоҳи Латиф
XS
SM
MD
LG