Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷавонон овоз доданд. Ҷавонон овоз доданд?


Қиёмиддин Абдуллоев, узви Кумиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» гуфт, дар рӯзи баргузории интихобот ба ҷонибдории номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур наваду як дарсади аҳолии қобили раъй, аз ҷумлаи шумори бештари ҷавонони аз синни ҳаждаҳ то сисола овоз додаанд. Ӯ гуфт: «Аксарияти интихобкунандаҳо ҷавонон буданд. Ҳамаашон дар интихобот фаъолона иштирок карданд».

Дар қитъаҳои интихоботӣ аксари ҷавононе, ки бори нахуст дар интихоботи раиси ҷумҳур ширкат мекарданд, бо гулдастаҳо қадрдонӣ ва аз ҷониби узви комиссиюни қитъаҳо ба сӯйи сандуқи раъйдиҳӣ раҳнамоӣ мешуданд. Сабрина, як духтари тоҷик гуфт, ҳангоми раъйдиҳӣ касе ба ӯ фишор наовардааст ва ӯ ба интихоботи шаффоф дар кишвар бовар доштааст: «Бояд шаффоф бошад, ки ҳама омада овоз диҳанд. Ҳуқуқи худро истифода кунанд. Ягон кас ба ман нагуфт, ки ба кӣ овоз диҳам. Ин сирри махфии худам буд».

Раҷабалӣ Баротов, раиси кумиссиюни қитъаи интихоботии рақами 8-и ноҳияи Шоҳмансур низ аз ширкати фаъолонаи ҷавонони маҳаллаи худ дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ арзи қаноатмандӣ мекунад. Ба эътимоди ӯ, таваҷҷӯҳи ҷавонон ба ҳамаи номзадҳо ба мақоми раиси ҷумҳур яксон мебошад: «Аллакай 350 нафар овоз доданд. Аз ин тахминан 150 нафарашон ҷавонон мебошад. Дар рафти овоздиҳӣ эҳсос кардем, ки ҷавонон таваҷҷӯҳшон нисбат ба ҳамаи номзадҳо аллакай зиёд мебошад».

Ин гуфтаҳо дар ҳолеанд, ки бархе аз нозирони мухолифин мегӯянд, аксари ҷавонони тоҷик нисбат ба интихобот бемайлӣ нишон додаанд.
XS
SM
MD
LG