Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Э. Раҳмонов: "Мо шароит фароҳам кардем, ки номзадҳои дигар имкони бештари таблиғ дошта бошанд"


хун ва ташаннуҷи авзоъ бошад?" ки он маҳал ҳамроҳ бо инқилоб интихоботеро "Шумо чиро демократӣ мепиндоред

Эмомалӣ Раҳмонов, раиси ҷумҳури Тоҷикистон ва яке аз панҷ номзади мақоми раиси ҷумҳурӣ баъди ба сандуқ андохтани раъйи худ гуфт, ба ҷонибдории сулҳу суббот ва пешрафти кишвараш раъй додааст ва дар сурати муҷаддадан интихоб шудан ба ин мақом ба сиёсати дарҳои боз идома хоҳад дод.

Эмомалӣ Раҳмонов ҳамчунин таъкид кард, ки дар сиёсати кишвараш бо Русия низ тағйироте ба вуҷуд нахоҳад омад ва ҳамчунон Русия аз шарикони аслии роҳбурди Тоҷикистон боқӣ хоҳад монд. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба густариши бештари муносибот бо Чин низ ишора кард ва ҳамчунин густариши муносибот ба Афғонистон ва Иронро аз авлавиятҳои сиёсати хориҷии Тоҷикистон унвон кард.

Аз раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар мавриди шавқу шӯри камтари интихобот ва таҳрим эълон шудани он аз ҷониби бархе азҳоб низ суол шуд, ки гуфт, ин ҳаққи ҳар ҳизб аст. Ӯ мегӯяд:

«Шумо чиро демократӣ мепиндоред, интихоботеро, ки он маҳал ҳамроҳ бо инқилоб, хун ва ташаннуҷи авзоъ бошад. Ҳаргиз чунин нест. Мо тамоми чунон шароитеро фароҳам кардем, ки номзадҳои дигар имкони бештари таблиғ ва муаррифии худро дошта бошанд. Вале ман худам ба маъракаи таблиғ напардохтам.»

Аз оғои Раҳмонов дар мавриди интиқоди бархе нозирон аз ҷараёни омодагӣ ба интихобот низ суол шуд, ки дар шарҳи ин интиқодот гуфт:

«Табиист, ки ин ҷараёнҳо орӣ аз мушкилот ва камбуд нест, агар мо бигӯем, ки ин интихобот сад дар сад мутобиқи меъёрҳои САҲА баргузор мешавад, комилан иштибоҳ кардаем. Вале агар қиёс карда бошем назар дар зарфи ин 15 сол пешрафтҳое низ дорем.»

Аммо, афзуд Эмомалӣ Раҳмонов, созмонҳои байналмилалӣ бояд дар назар дошта бошанд, ки ҷомеаи Тоҷикистон 99 дарсад аз мардуми мусалмон иборат аст ва тарзи тафаккури хоси худро доранд.

Суолеро, ки оғои Раҳмонов бе ҷавоб гузошт ва посухи онро ба баъди натиҷаи интихобот вогузошт, таркиби кобинаи ояндаи Тоҷикистон дар сурати пирӯзии ӯ буд.
XS
SM
MD
LG