Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Як мақоми Суғд ба номзадҳо: «Шумо ба Президенти ҳозира овоз диҳед»


Хуҷанд. Мулоқот ва гуфтугӯи нахусти номзадҳо бо овоздиҳандагон дар Хуҷанд дар субҳи рӯзи ҷумъаи 27-уми октябр, тавре ки интизор мерафт, бисёр орому батартиб, бидуни баҳс ва нутқҳои пурҳарорат ва зоҳиран басо муаддабона сурат гирифт. Мулоқот бо ширкати чаҳор номзад аз аҳзоби сиёсӣ ва шахси боэътимоди номзади панҷум аз Ҳизби Халқи Демократ дар толори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ҷараён дошт, вале бидуни ширкати донишҷӯён. Донишҷӯёни Суғд ин рӯзҳои маъракаи интихоботиро дар пунбазорҳо сипарӣ мекунанд.

Аммо он чи аҷиб ба чашм мерасид, ин буд, ки ба толор ғолибан мақомоти зинаи миёнаи Хуҷанд бо даъвати расмӣ роҳ ёфтанд ва аз қабл қатор ва курсии нишасти ҳар кас дар дафтари махсуси дарбонҳо сабт ёфта буд. Ба хабарнигори Озодӣ бо назардошти ин ки ба маҳалли мулоқот зудтар ҳозир шуда будам, бо душворӣ як ҷои нишасти холӣ дар толор ёфта ва пешниҳод карда шуд. Аммо дигар хоҳишмандони дидору суҳбат бо номзадҳо, аз ҷумла хабарнигорон, берун аз толор монданд.

Ҷӯра Юсуфӣ - муовини сардабири нашрияи «Варорӯд»:

«Дар берун ду ҷавон, ки худро намояндагони ҳокимияти маҳаллӣ муаррифӣ карданд, гуфтанд, ки шумо ба толор ҳаққи даромадан надоред, зеро он оғоз ёфтааст. Ба мо супориш додаанд, ки касеро на берун даромадан монем, на даромадан. Ду нозир аз Созмони Амният ва Ҳамкории Урупоро низ роҳ надоданд. Ин шаҳодат медиҳад, ки ҳар кас, ки худро намояндаи ҳокимияти давлатӣ мехонад, ба хус ҳуқуқ медиҳад, ки дар чунин вохӯриҳо танҳо шахсони дилхоҳашонро роҳ диҳанд. Ин ба манфиати интихоботи шаффофу демократӣ, ки дар боло дар бораи он бисёр сухан меронанд, нест.»

Суханронии ҳама номзадҳо дар назди гурӯҳи овоздиҳандагони Хуҷанд бо ситоиши президенти кунунӣ ва корномаҳои ӯ оғоз мешуд. Толоре пур аз кормандони мақомот, баромадҳои номзадҳо ба курсии раиси ҷумҳур ва дар охир фурсате барои сӯҳбат бо номзадҳо. Ва мулоқот ба як ҷаласаи расмӣ шабоҳат дошт, танҳо бе кафкӯбиҳои бардавом дар байн ва поёни баромадҳо. На. Танҳо як маротиба, ҳозирин, тақрибан ҳафтод дар сад кормандони мақомот, эҳсосоти интихоботии худро аз қалбҳо ба шакли кафкӯбиҳо берун рехтанд.

Лаҳзае буд дар поёни мулоқот, ки Абдунабӣ Набиев - сарвари собиқадорони ҷанг ва кори Суғд аз ҷони нишасти худ бархост ва рӯ ба номзадҳо ба интихоботи курсии раиси ҷумҳур, бештар ба Исмоил Талбаков ва бо хитоб ба толор ингуна суханронӣ кард:

«Ман аз шумо як илтимос дорам. Ин ҷоба Эмомалӣ Раҳмонов ҳузур надоранд. Агар фикрама баён кунам, падхалимӣ (хушомадгӯӣ) ҳам нест. Президенти ҳозираи моя ҳамаи нақшаҳою ҳамаи корҳое, ки сар кардааст, имконият диҳему шумоҳоям ҳамин касба овоз диҳетон.» (Кафкӯбиҳо).

Исмоил Талбаков: «Агар хоҳед, овоз медиҳед, нахоҳед, овоз намедиҳед. Мо назди шумо омадем, барномаҳои худмона баён кардем.»

Ин лаҳзаи аз ҳама ҳассос ва хотирмон дар мулоқоти Хуҷанд бо номзадҳои ба интихоботи раиси ҷумҳур буд ва эҳтимол бисёре аз кормандони мақомот маҳз барои шунидани ҳамин ҳарфҳо ба толор ҳозир шуда буданд.
XS
SM
MD
LG