Пйер Морел, намояндаи вижаи ин иттиҳодия дар умури Осиёи Миёна, рӯзи сешанбе ҳамроҳ бо мушовири сиёсии худ вориди Тошканд шуд ва ба таъйиди вазорати хориҷаи Узбакистон, бо Владимир Норов - вазири хориҷаи Узбакистон мулоқот кард.
Хонум Кристина Галач - сухангӯи Ховйер Солана, масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо (ИУ) дар гуфтугӯ бо бахши узбакии Озодӣ анҷоми ин сафарро, ки ба таври маҳрамона сурат гирифтааст, таъйид кард ва дар бораи ҳадафи он чунин гуфт:
"Ҳамон тавре ки медонед, Иттиҳодияи Урупо сиёсати бисёр фаъоле дар мавриди кишварҳои Осиёи Миёна дорад ва Пйер Морел, ки ахиран ба унвони намояндаи вижа интихоб шудааст, сафарҳои бисёре ба минтақа хоҳад дошт ва ҳадафи ӯ истиқрори равобити хуб бо кишварҳои Осиёи Миёна аст. Дар Тошканд ӯ ба баррасии равобити Иттиҳодияи Урупо бо Узбакистон мепардозад."
Бону Галач дар тавзеҳи ин сафар гуфт:
"Он гуна ки медонед, Иттиҳодияи Урупо равобити мушкиле бо Узбакистон дорад ва ин масъалае нест, ки битавонем онро пинҳон кунем, зеро воқеъаҳои Андиҷон мушкилоте дар равобити мо эҷод кардааст. Пас мо маҷбурем равобити дуҷонибаро арзёбӣ кунем. Сафари дипломатики оқои Марел ҳам ба ҳамин далел буд."
Аммо дар шароите, ки Узбакистон ҳанӯз дархости Иттиҳодияи Урупоро доир ба баргузории таҳқиқоти мустақил дар мавриди ҳаводиси Андиҷон бароварда накардааст, Созмони Байналмиллалии Буҳрон аз ин дидор интиқод мекунад. Иттиҳодияи Урупо қарор аст дар рӯзи 14 ноябр масъалаи тамдиди таҳримҳо алайҳи Узбакистонро барраси кунад.
Алба Ламберти - масъули умури Иттиҳодияи Урупо дар ин созмон, дар мусоҳиба бо бахши узбакии Озодӣ гуфт, дар ҳоле ки ду ҳафта ба поёни таҳримҳо алайҳи Узбакистон боқӣ мондааст, ин мулоқотҳо барои арзёбии вазъияти Узбакистон сурат мегирад ва пас аз он дар мавриди тамдиди таҳримҳо тасмим гирифта хоҳад шуд. Вай гуфт, ба назари масъулони Созмони Байналмилалии Буҳрон, ин замон барои баргузории музокирот муносиб нест. Вай афзуд:
"Мо фикр мекунем, ки ин замон бисёр номуносиб аст, зеро ин, ду мавзӯъ набояд боҳам махлут шавад яъне баҳсҳоеки метавонад дар чаҳорчуби қарордоди мушорикат ва ҳамкори сурат гирад набояд бар баҳсҳои марбут ба идомаи таҳримҳо таъсир бегузоранд. Аммо мо медонем ки он кишварҳое ки мехоҳанд таҳримҳо лағв шавад саъй мекунанд бар дигарон таъсир бегузоранд. Бино бар ин мо фикр мекунем замон бисёр номуносиб аст."
Алба Ламберти изофа кард, ки ҷои таассуф аст, ки сафари намояндаи вижаи ИУ ба таври ошкор эълом нашуд. Бар илова бону Ламберти гуфт:
"Иттиҳодияи Урупо ҳаргиз нахоҳад тавонист лағви таҳрим алайҳи Узбакистонро тавҷеҳ кунад. Зеро ҳеч як аз ду шарте, ки барои Узбакистон таъйин шуда, иҷро нашудааст. Балки баръакс, теъдоди зиёди муҳокимаҳои намоишӣ анҷом шуда ва суҳбате ҳам аз таҳқиқоти мустақил дар байн набудааст."
Мақомоти Иттиҳодияи Урупо ҳамеша таъкид доштаанд, ки хостори анҷоми музокирот ва гуфтугӯ бо Узбакистон ҳастанд ва онро роҳи беҳтаре аз тамос надоштан медонанд, ки дар яку ним соли гузашта ҳич натиҷаи мушаххасе надоштааст. Онҳо мегуянд бо вуҷуди шароити бисёр бад дар Узбакистон бастани тамоми конолҳои иртиботи бо ин кишвар ба суди ҳич кас нахоҳад буд.