Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Онно ван дер Винд: "Назорати интихобот беғараз, мунсифона ва бидуни дахолат хоҳад буд"


Оғои Ван дер Винд, дар ҳоле, ки то интихоботи раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон на беш аз 2 ҳафта вақт боқӣ мондааст, бархе ҳадс мезананд, ки шояд Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо 100 тан аз нозири кӯтоҳмуддати худро ба ин кишвар нафиристад. Ин сару садоҳо то куҷо воқеъият доранд?

Феълан мо 13 нозири дарозмуддати худро, ки ҳафтаи гузашта ба Тоҷикистон омадаанд, дар манотиқи гуногуни кишвар ҷо ба ҷо намудаем ва онҳо дар ҳавзаҳои интихоботӣ ба маъмурияти интихоботии худ шурӯъ кардаанд. Дар робита ба суоли матраҳшуда бояд бигӯям, ки 100 нозири кӯтоҳмуддати мо ҳатман ба Тоҷикистон меоянд. Қарор аст, ки онҳо ду рӯз қабл аз баргузории раъйпурсӣ, яъне 4 ноябр барои назорати мустақим ба раванди интихоботи раёсати ҷумҳур вориди Тоҷикистон шаванд. Гурӯҳи нозирони кӯтоҳмуддат - гурӯҳи аслии ҳайати мо маҳсуб мешавад ва чашму гӯши мо дар ҳавзаҳо ва қитъаҳои раъйдиҳӣ хоҳад буд.
Вазифаи асосии мо дар корзори интихобот - муроқибат аз наҳваи баргузории он аст ва аз ин роҳ мо муайян мекунем, ки то кадом андоза интихоботи 6 ноябр мутобиқи меъёрҳои байналмилалӣ баргузор мешавад. Маъмурияти мо дар ин самт беғараз, мунсифона ва бидуни дахолат дар раванди интихобот сурат мегирад.

Аз замони шурӯъи маъмурият дар Тоҷикистон дафтари шумо аз ҳар гуна тамос ба намояндагони матбуъот худдорӣ кардааст. Бо кадом далел шумо ин гуна равишро баргузидаед?

Барои мо зарур буд, қабл аз ҳама, дафтари худро ифтитоҳ ва фаъолияти онро роҳандозӣ кунем. Баъдан ин далел вуҷуд дошт, ки ҳар чӣ зудтар бояд нахустгузориши миёндаврии худ роҷеъ ба вазъи пеш аз интихоботии Тоҷикистонро таҳия мекардем. Ин корҳо вақти зиёди моро гирифт, зеро барои омода кардани гузориш бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва мусоҳибони зиёд сӯҳбатҳои хоса анҷом додем. Ба таври дигар бигӯем, авлавияти кори мо рӯи ҳамин чиз қарор дошт ва аз ин рӯ аз сӯҳбатҳои матбуъотӣ худро канор гирифтем.

Комисиюни Марказии Интихобот ва Раъйпурсии Тоҷикистон (КМИР) қонунӣ будани буду боши як ҳафтаи аввали гурӯҳи шумо дар Тоҷикистонро ба навъе зери суол гузошт ва гуфт, шумо баробари вориди Тоҷикистон шудан тавассути ин ниҳод бояд сабти ном мешудед. Вале шумо ба КМИР бо таъхир муроҷиат кардед. Чаро? Ва иддаъои Комисиюн то куҷо ҳақиқат дорад?

Ман дар бораи ин иддаъои КМИР маълумоте зери даст надорам. Мо ба кори ин ниҳод эҳтироми зиёд қойилем. Вале усули кори гурӯҳи мо чунин аст, ки баъд аз вуруд ба ҳар кишвари баргузоркунандаи интихобот аввал худро ба вазорати хориҷаи он кишвар муаарифӣ месозем ва танҳо баъд аз ин мо барои тамоси расмӣ бо дигар ниҳодҳои марбута ҳуқуқ пайдо мекунем. Ҳамон ҳафтае, ки омадем, мо бояд ба мулоқот дар Вазорати хориҷаи Тоҷикистон даъват мешудем. Вале ин мулоқот аз сӯи вазорати хориҷа сари вақт созмон наёфт, ҳарчанд мо на як бору ду бор муроҷиат карда будем.
Ҳамзамон баробари ифтитоҳи дафтар талош кардем бо мақомоти Комисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон ҳам вохӯрем. Вале онҳо гуфтанд, ки бидуни иҷоза ва сабти номи вазорати хориҷа наметавонанд моро бипазиранд. Фикр мекунам, ин иқдом дуруст ҳам буд.

Гузориши аввали миёндаврии шумо ба нашр расид. Метавонед бигӯед, ки кадом нукоти гузориш боиси норозигӣ ва интиқоди КМИР шудааст?

Ман дар бораи интиқоди Комисиюни Марказии Интихоботи Тоҷикистон аз ин гузориш чизе нашунидаам. Вале бояд бигӯям, ки то пахши гузориши нахусти миёндаврӣ ин ҷо ҳайати дигар, мушаххасан, ҳайати арзёбии ниёзмандиҳои интихоботӣ фаъолият дошт ва миёни гузориши мо ва гузориши он гурӯҳ бояд тафовут гузошт.
Вале бояд бигӯям, он чӣ дар гузориши нахусти миёндаврии мо омадааст, хулосаи танҳо мо нест. Гузориш бар пояи сӯҳбатҳо бо намояндагони аҳзоби сиёсӣ ва ниҳодҳои узви ҷомеаи байналмилалӣ таҳия шудааст.

Бархе мегӯянд, натоиҷи интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон аз ҳоло маълум аст. Ҳатто номзадҳои рақиби раиси ҷумҳурии феълӣ низ мегӯянд ба ин мақом танҳо Эмомалӣ Раҳмонов лоиқ аст. Дар чунин вазъ, фикр намекунед, ки ҳатто ҷой барои тақаллубкориҳо намемонад?

Барои мо ба куллӣ натоиҷи интихобот муҳим нест. Дар маркази таваҷҷуҳи мо фақат наҳваи баргузории интихобот қарор хоҳад гирифт. Мо назорат мекунем, ки корзори муқаддамотӣ, раванди бевоситаи раъйдиҳӣ ва эъломи натоиҷи ниҳоии интихобот то кадом андоза ба меъёрҳои байналмилалӣ ҷавобгӯ хоҳад буд. Дар маҷмӯъ ин ҳама барои мо ҳойизи аҳамият аст. Масъалаи таққалубкорӣ дар доираи меъёрҳои байналмилалӣ матраҳ нест. Дар бораи мутобиқат доштан ва ё надоштани интихобот бо меъёрҳои байналмилалӣ мо танҳо баъд аз анҷоми он хулосаи худро баён месозем. Феълан дар ин замина моил нестам тавзеҳоте бидиҳам.

Аксари таҳлилгарон мегӯянд, нуфузи нозирони шумо дар интихобот ночиз аст ва шумо танҳо ба хотири адои расмият дар интихобот ширкат мекунед?

Дафтари мо ниҳоди аслии Созмони Амнияту Ҳамкори Аврупо дар масъалаи интихобот ба ҳисоб меравад. Мо ин корро солҳо боз дар нуқоти мухталифи ҷаҳон анҷом медиҳем. Барои мисол ҳайатҳои мо ба наздикӣ аз Монтенегро ва Латвия баргаштанд. Рӯзҳои наздик як ҳайати дигар озими Амрико мешавад. Ҳайатҳои мо аз лиҳози таркиб аз ҳамдигар чандон тафовут надоранд. Вале як чиз мушаххас аст, ки ба ҳайати нозирони мо танҳо афроди ботаҷриба ва ҳирфавӣ шомиланд. Аз ин рӯ, феълан ман дар баробари Созмони Амнияту Ҳамкории Аврупо созмони дигареро намебинам, ки нозирони интихоботияш ҳампойи нозирони мо бошанд.
XS
SM
MD
LG