Рӯзи чоршанбеи 25 октябр дар шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода мусобиқоти ҷумҳуриявӣ оид ба футбол барои дарёфти ҷоизаи ба номи Қонуни асосии Тоҷикистон шурӯъ шуд.
Мирзо Муҳаммадҷонов, муовини раиси Федеросиюни футболи Тоҷикистон ба Родиёи Озодӣ гуфт, дар ин мусобиқот, ки барои аввалин бор баргузор шудааст, даҳ дастаи футболи лигаҳои олӣ ва аввал дар ду гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» СКА «Помир»-и Душанбе, «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, «Саройкамар»-и Панҷ ва «Гвардия»-и Душанбе шомиланд. Ба гурӯҳи «Б» се дастаи шаҳри Турсунзода - «Регар-ТадАЗ» - 1, «Регар» ТадАЗ - 2 ва «Динамо» ТадАЗ, ҳамчунин «ХИМА»-и Душанбе ва «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа дохиланд.
Бозиҳои гурӯҳи «А» дар варзишгоҳи CSKA - и шаҳри Душанбе ва бозиҳои гурӯҳи «Б» дар варзишгоҳи «Металлург»-и шаҳри Турсунзода то рӯзи 31 октябр идома хоҳанд кард. Ғолибони ҳарду гурӯҳ ба бозии ниҳоӣ, ки рӯзи 2 ноябр баргузор мешавад, роҳ меёбанд. Дастаҳое, ки дар гурӯҳҳо дар мақоми дуввум қарор мегиранд, байни худ барои гирифтани ҷойи севвум талош мекунанд. Ҳарду бозии ҳалкунанда дар варзишгоҳи CSKA-и Душанбе барпо хоҳад шуд.
Нарзуллоҳи Латиф