Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Падар писарро куштааст, зан шавҳарашро куштааст..."


Дар дохили автобус ногаҳон доду фиғони як духтар баланд шуд, ки ҳамён ва телефони мобилашро дуздиданд. Ӯ дасти як ҷавони хушлибосеро, ки дар наздаш меистод, сахт дошта бо исрор талаб мекард, ки ҳамён ва телефонашро баргардонад. Ҷавон ҳарчанд мегуфт, ки духтар саҳв кардааст, аммо якравии ҷабрдида ӯро ба воҳима андохт ва баробари дар истгоҳ расидани автобус ба берун ҷаҳида миёни биноҳо нопадид гардид.

Таваҷҷуҳи маро намуди зоҳирии дузди эҳтимолӣ ба худ ҷалб кард, ки дар тан либоси расмии гаронбаҳо дошта ба як шахси зиёӣ монанд буд. Ҷавонон мегӯянд, ахиран дар бозорҳо ва дохили нақлиёти мусофирбар дуздии моликияти шахсии шаҳрвандон зиёд шудааст ва ин дуздон ба фарқи солҳои гузашта қариб ҳамагӣ намуди зоҳирии худро хеле хуб таъғир додаанд.

«Як бача сумкааамро кофт, ҳамёнамро гирифт. Бинам, як бачаи хушрӯй. Ҳозир дуздро шинохта намешавад»

«Баъд аз оне, ки ҳамон ҷинояткоронро озод карданд, дуздию ғоратгарӣ зиёд шудааст. Ман ҳамроҳи апааам ба бозор рафтам ва бинам, ки сумкаамонро буридаанд. Аз наздамон як марди тоқидор давида гурехт. Аз намуди зоҳирӣ ба муллобача монанд буд, лекин афсӯс дузд будааст»


Ба гуфти мусоҳибонам, дуздӣ дар нақлиёти мусофирбар ва бозорҳои пойтахт баъд аз авф шудани ҷинояткорон аз маҳбасҳои кишвар зиёд ба назар мерасад. Саидаҳмад Ҷамолов, масъули назорати қонунҳо дар зиндонҳои додситони кулли Тоҷикистон мегӯяд, то 1 октябр нисбати 6.235 нафар қонун дар бораи авф дар соли ҷорӣ татбиқ шудааст, ки дар миёни онҳо ноболиғон низ будаанд.

«Алҳол 44 нафар ноболиғон, ки ҷиноят содир карда буданд ва дар муассисаҳои тарбиявӣ адои ҷазо мекарданд ва ё онҳое, ки парвандаҳои ҷиноятиашон дар баррасии суди қарор доштанд, озод карда шудаанд. »

Бино ба иттилоъи додситонии кулли Тоҷикистон, дар давоми 9 моҳи соли ҷорӣ дар кишвар беш аз 8.700 ҷиноят содир шудааст. Мувофиқи ин иттилоъ, ҳарчанд мизони ҷиноят дар муқоисаи соли гузашта кам шуда бошад ҳам, аммо мизони ҷиноятҳои вазнин афзудааст. Ба вижа суръати афзоиши чунин ҷиноёт дар вилояти Суғд ба назар расидааст. Бобоҷон Бобохонов додситони кулли Тоҷикистон дар нишасти матбуотии худ гуфт:

«Куштор дар давоми нӯҳ моҳ 133 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Агар яке аз вилоятҳои хеле ҳам тинҷу ором вилояти Суғд бошад дар он ҷо аз ҳама зиёд 172 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст. Сабаби баъзе аз кушторҳо падар писарро куштааст ё баръакс, зан шавҳарашро ба қатл расонидааст. Ҳамин тавр чунин ҳодисаҳои даҳшатнок ба қайд гирифта шудаанд. Ва ё барои 10 - 15 сомоние, ки ронандаи такси ҳаққи хизмат талаб кардааст, ӯро куштаанд.»

Табаҳкорӣ миёни навҷавонон низ кам нагаштааст ва ғолибан онҳо ба дуздию ғоратгарии амволи мардум даст мезадаанд. Аз сӯҳбате, ки бо наврасони оворагард анҷом додем маълум шуд, ки сабаби ба қонуншиканӣ даст задани онҳо беназоратии волидон аст, ки онҳоро барои дарёфти даромад дар чорсуйи зиндагӣ танҳо ҳавола кардаанд.

«Ман ҳамин хел ба сухани падару модарам гӯш намекардам. Аммо модарам маро маҷбур мекард, ки рафта бо роҳи .. хай худатон медонед (танфурушӣ) ба хона пул биёрам. Баъд ман рафта ба хона пул меовардам.»

«Ҷӯраҳоям маро бурданд гуфтанд биё дуздӣ мекунем, баъд ман рафтам ва ҳамин тавр дуздӣ мекардем, киса мезадем.»
XS
SM
MD
LG