Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Театри ҷавонон дубора зинда мешавад


Барзу Абдураззоқов - раҳбари нави театри давлатии ҷавонон мегӯяд, талош хоҳад кард, то обрӯву эътибори ин театри як замон бисёр маҳбуби ҷавононро дигарбора бозгардонад. Ӯ дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» гуфт, фаъолияташ дар театри давлатии ҷавононро аз таъмири бинои ин театр оғоз кардааст:

«Муддати ду моҳ мешавад, ки дар театри давлатии ҷавонон ҳастам. Мо корро аз таъмир сар кардем. Ҳар кунҷи ин театр дар таъмир аст, чунки чандин сол боз театр таъмир надида буд. Ҳар чӣ қадаре, ки барои театри ҷавонон сарф кунем, кам аст».

Барзу Абдураззоқов, собиқ саркоргардони театри шаҳри Хуҷанд ҳунарманди шинохтаи даҳсолаи ахири Тоҷикистон мебошад, ки тавонистааст бо саҳнаҳои «Шабпарак» ва «Шаҳраки ман» номи худ ва театри тоҷикро дар сатҳи ҷаҳонӣ муаррифӣ кунад. Ҳоло вай омодааст, ҳамроҳи ҳунармандони театри давлатии ҷавонон аз рӯйи номгӯйи сию ҳашт асар саҳнаҳои ҷолибро барои мардуми кишвар пешниҳод намояд. Баъд аз таъмири театр нахустин асаре, ки онҳо руйи саҳна мегузоранд, асари «Шоҳзодаи Турандод» хоҳад буд. Барзу Абдураззоқов мегӯяд, онҳо ният доранд, дар як сол панҷ асари тозаро рӯйи саҳна оваранд, ки дар ҷумҳурӣ ин нишондоди олӣ аст. Бо иҷрои ин нақшаҳо, ба гуфтаи Барзу Абдураззоқов, театри давлатии ҷавонон дигарбора ба театри маҳбуби мардуми кишвар табдил хоҳад ёфт:

«Театр театри ҷавонон аст, вале аз рӯйи орзую нақшаҳое, ки ман дорам, бояд ин театр театри умумимиллӣ шавад. Ҳамаи мардум интизоранд, ҷойе бошад, ки пас аз кор дар он ҷо истироҳат кунанд. Репертуари театрро ҳамин хел месозем, ки ҳам барои ҷавонон ва ҳам барои наврасон ва ҳам барои калонсолон ва зиёиён саҳнаҳо бошанд. Ҳар кас бояд дар театри мо мувофиқи табъи худ як асари хуберо ёфта тавонад».

Аммо ағлаби ҷавонони тоҷик солҳост, ки ба театр нарафтаанд. Онҳо интизоранд, кай ҳунармандони театр барномаву саҳнаҳои ҷолиб омода мекунанд, то инъикосгари ҳаёти имрӯзаи ҷавонон, хусусан мушкили онҳо бошад. Як ҷавони тоҷик гуфт, театрро пазмон шудааст, вале аз ташвиши зиёди рӯзгор имкон надорад, то ба ин макон рафта баҳраи маънавӣ бардорад:

«Ёд дорам, ки ду сол пеш аз ин ба театр рафта будам. Мутаассифона, ҳоло театрҳо наметавонанд худро реклама кунанд. Ҳамчунин саҳнаҳое офаранд, ки дархӯри андешаронии ҷавонон бошад ва онҳоро ба сӯйи театр бозоварад».

Соҳибёри Толиб, корманди бахши «Ҷавонӣ»-и родиёи тоҷик мегӯяд, сабаби камтаваҷҷӯҳии ҷавонон нисбат ба намоишномаҳои театри тоҷик ин завқи баланд надоштани онҳо ва ҷавобгӯ набудани худи намоишномаҳо ба талаботи чавонон мебошад. Ӯ гуфт, беҳтар мебуд театри ҷавонон бисёртар ҳунармандони ҷавонро ба кор ҷалб намояд. Шояд ба ин васила шумори тамошобинон афзояд:

«Охирин намоишномае, ки тамошо кардам, «Шаби бепоёни фохта» дар театри ҷавонон буд. Беҳтарин намоишнома. Аммо ба андешаи ман имрӯз як тараф завқи бадеии ҷавонон коста шуда бошад, аз тарафи дигар намоишномаҳое, ки аз ҷониби ҳунармандон таҳия мешавад, мақбули ҷавонон нест. Хеле таассуф мехӯрам, ки ҳатто ҳунармандони ҷавон дар кишвари мо ҳанӯз ҳам барои худ карйера сохта натавонистаанд».

Дар робита ба ин, Барзу Абдураззоқов мегӯяд, онҳо низ саъй доранд, то ҳарчи бештар ҳунармандони ҷавонро ба кори театр ҷалб кунанд. Танҳо дар ду моҳи ахири соли равон даҳ нафар ҳунармандони ҷавон аз донишкадаҳои санъати шаҳри Хуҷанду Душанбе барои кор ба театри давлатии ҷавонон ба номи Маҳмудҷон Воҳидов омадаанд.
XS
SM
MD
LG