Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Низоми сиёсии бартар кадом аст?


Дар Қаҳвахонаи Фарҳангу Андеша ҳакимоне гирди ҳам омаданд, ки на танҳо аз кишварҳову қораҳои мухталиф, балки ҳамчунин аз замонҳои гунагунанд. Аз Суқроту Аристипос аз Юнони Бостон гирифта, то Адам Смит, файласуфи искотландии қарни 18, Жан Жак Руссо, ҳакими суисӣ (швейтсарӣ)-и ҳамон қарн, Томас Пейн аз рӯшангарони инглисии садаи 18, Фридриш Нитше, забондон ва ҳакими баҳсбарангези олмонии қарни 19 ва Вилл Дуронт, фарзонаи омрикоии қарни 20, ки ҳамвора аз ҳамроҳони Фарҳангу Андешаи мо будааст.

Гуфтугӯи ин ҳафт ахтари осмони фалсафаву ҳикмат перомуни сарват буд ва ин ки чи гуна метавон бидуни иртикоби ҷурму ҷинояте бар миқдори дороиҳои худ афзуд. Як ҷумлаи ҳакимонаи Адам Смит мавзӯъи гуфтумонро ба куллӣ иваз кард:

Сарвати ақвом ба озодии афрод бастагӣ дорад. Қавмҳои озод сарвати бештар доранд.

Вилл Дуронт ба ин суханони ҳампешаи куҳансоли скотландии худ пӯзханде заду намунае овард:

Шумо лобуд қабул доред, ки Омрикои даврони ман як кишвари дорову сарватманд аст, на? Хуб, бояд бигӯям, ки бештар аз ҳама дар ҳамин Омрико, дар ин сарзамини озодӣ ва ҷасорат, мо каме аз озодӣ метарсем. Аҷдоди мо дар сиёсат хоҳони озодӣ буданд ва дар ахлоқ сахтгир ва риёзаткаш; ба навиштаҳои даҳгонаи Мусо эҳтиром мегузоштанд ва аз давлат мутанаффир буданд. Аммо акнун давлатро ҳамчун худое мепарастем, вале навиштаҳои даҳгонаро зери по мегузорем. Дар ахлоқ пайрави Эпикур ҳастем, вале аз сад ҳазор қонун шояд ба яке итоъат накунем. Дар сиёсат сар ба бандагӣ ниҳодаем ва дар ҷоми бода озодвор истодаем. Возеҳ аст, ки агар омрикоӣ аз набудани озодӣ шикоят кунад, мақсудаш озодии меъда аст, на озодии фикр.

Сипас Вил Дуронт достонеро таъриф кард, ки чанд сол пеш дар яке аз ҷаласоти Иттиҳодияи коргарони омрикоӣ таҳдид ба инқилоб карданд, аммо на барои боз будан ва зиёдии вақти кори коргоҳҳо, балки барои баста будани майхонаҳо. Ва афзуд:

Ба ҷои он ки бигӯянд, аввал зиндагӣ ва баъд фалсафа, мефармоянд, аввал шароб ва баъд фалсафа.

Аристипос, аз шогирдони Суқрот, ки дидгоҳҳояш аз фалсафаи устодаш фосила гирифта буд ва ҳам аз рӯйдодҳои қарни 20-и милодӣ тӯшаи андаке дошт ё шояд ҳич надошт, бо ҳавсалаи тамом мунтазири поёни суҳбатҳои Вил Дуронт монд. Сипас шитобон ҷалби таваҷҷуҳ карду гуфт:

Озодӣ барои мо, калбиюн, ҳаёти табиъии башар аст. Ва мо ҳаёти табиъиро ба ҳукумати қонун тарҷеҳ медиҳем, чун қонуни даступогир монеъ аз бурузи озодиҳои мост. Мо мехоҳем на худованди раъият ва на ғуломи шаҳриёр бошем.

Аммо Суқрот медонист, ки ин андешаи шогирдаш аз куҷо об мехурад ва ба куҷо хоҳад бурд. Вай бо зикри паёмадҳои эҳтимолии чунин бархурд бо мафҳуми "озодӣ" ба нишонаҳои "оноршӣ" (анархия) ишора кард, ки пойбанди ҳич қонуне нест ва аз гирифториҳои як ҷомеъаи гирифтори оноршӣ гуфт:

Агар хиёл мекунед беҳтар он аст, ки дар иҷтимоъи инсонӣ фармондеҳ ва фармонбаре набошад, бидонед, ки дар чунин иҷтимоъ тӯле намекашад, ки зӯрмандон роҳи банда кардани заъифонро беҳтар ёд мегиранд.

Аристипос ба нишони эҳтиром ба устоди худ лаб фурӯ баст, аммо ба назар намерасид, ки аз андешааш пушаймон шуда бошад. Чун, ҳангоме ки Жан Жак Руссо ба қасди ҳимоят аз ӯ лаб гушуд, табассуми хушнудӣ дар рухсори Аристипос мавҷ мезад. Руссо ба қонуну қайду бандҳои он ҳамлае густохона бурд ва озодиро сутуду гуфт:

Қонун ҳамеша ба суди дороён ва ба зиёни нодорон будааст... Қонун бори заъифонро бештар карда ва бар қудрати зӯрмандон афзудааст. Қонун асоси озодии табиъии инсонро ба наҳви марамматнопазире вайрон кардааст ва мулкият ва нобаробариро ба таври доим мустақар сохта, бар мутаҷовизи зирак ҳаққи мусаллам дода, тамоми ояндаи инсонро зери бори ранҷу бардагӣ ва фақр қарор додааст... Ҳамаи мардум озод офарида шуда буданд ва акнун ҳама дар занҷиранд.

Фридриш Нитше чунон абрӯ дар ҳам кашида ба нуқтае дур чашм дӯхта буд, ки гумон намерафт зеҳни ӯ дар нишасти ҳакимон ҳузур дошта бошад. Аммо садои бами вай хилофи онро собит кард ва ҳамагон ба ҳакими олмонӣ рӯ оварданд, ки мегуфт:

Чунин гӯяд Зартушт, ки дар баъзе ҷоҳо ақвом ва миллатҳое ҳастанд... Вале пеши мо фақат давлатҳост... Давлат хунуктарини ҳамаи ашёи зишти хунук аст... Бо хунсардӣ дурӯғ мегӯяд ва ҳамеша ин дурӯғ аз даҳанаш мепарад, ки "ман давлат ҳастам, яъне худи миллат." Ин дурӯғ аст! Халлоқонанд онҳо, ки миллатҳоро офариданд ва як ишқу як имон бар онҳо густарданд ва аз ин роҳ ба зиндагӣ хидмат карданд. Вайронкунандагонанд онҳо, ки дом ниҳодаанд ва худро давлат меноманд... Вале давлат бо истифода аз забони хайру шар дурӯғ мегӯяд; ҳар чи мегӯяд, дурӯғ аст ва ҳар чи дорад, аз роҳи дуздист. ...Он ҷо ки давлат мутаваққиф шавад, инсоният оғоз мегардад. Зеро ки дигар чизи зоиде нест... Хоҳиш мекунам, бародарони ман! Он ҷо ки давлат мутаваққиф шавад, бингаред! Намебинед рангинкамони инсони бартар ва пули ӯро?!

Вил Дуронт ба ногоҳ мутаваҷҷеҳ шуд, ки шумори қонунситезон ва давлатбезорон дар миёни хирадмандони нишаст рӯ ба афзоиш аст. Вай бо такя ба қудрати таъодули сутудание, ки дошт, ба гуфтумони маҷлис риволе тоза дод:

Қисмате аз тамаддун мадюни истиқрори назму қонунест, ки султaи қавиро бар заъиф маҳдудтар месозад. Сустӣ ва нопойдории қавонини байнулмилалӣ бад-он ҷиҳат аст, ки таҷовуз дар миёни давлатҳои қавӣ амри доимист ва фақат давлатҳои заъиф тарафдори фазилат ҳастанд.

Бад-ин гуна вай дар айни таъкид бар зарурати қонун истидлол кард, ки ҳамоно бо истифода аз қонун метавон озодиҳои мардуми нотавонро ҳифз кард.

Пас аз сукуте нисбатан тӯлонӣ чанд ҳаким якбора ба гуфтан пардохтанд ва истидлол карданд, ки маъмулан ҳукуматҳои худкома қонунҳоро ба дилхоҳи худ менависанд ва ба раъият ситам мекунанд. Томас Пейн, ки хаҷулона дар гӯшае зонуи тафаккур дар бағал дошт ва то кунун ҷуръат намекард миёни суҳбати бузургон бипарад, бо як сурфаи пур аз ҳаяҷон ҷалби таваҷҷуҳ кард ва ором-ором ба баёни дидгоҳҳояш пардохт, ки дар воқеъ, ҳусни хитоми ин ҷаласаи бузургворони фалсафа шуд:

Қисмати аъзами назму тартиби мавҷуд миёни афроди башар аз ҳукумат ба даст намеояд. Решаи он дар усули иҷтимоъ ва ташкилоти табиъии мардум аст. Ин усулу ташкилот пеш аз ҳукуматҳо вуҷуд дошт ва агар ҳам рӯзе ҳукумат расман лағв шавад, боз бар ҷой хоҳад монд... Хулоса он ки тамоми он чизе, ки ба ҳукуматҳо дода мешавад, сохтаву пардохтаи худи иҷтимоъ аст.

Пас шояд ҳамон фармудаи дерина дуруст аст: аз мост, ки бар мост. Русҳо ҳам масали шабеҳи инро доранд, ки мегӯянд: ҳар давлате намояндаи мардуми кишвари худ аст. Манзури Томас Пейн ҳам эҳтимолан ҳамин буд, ки мегуфт, усули иҷтимоъии мо ва ташкилоти табиъии мо давлатҳои моро шакл медиҳад. Бошад, ки ин усул ва сиришти иҷтимоъӣ давлатҳои короро рӯи кор оварад.

Аммо аз ин миён назари кадом як аз ҳакимони гузашта ба имрӯзи мо бештар шабоҳат дорад? Ва кадом як омӯзандатар аст? Агар дар ин бора назаре доред, лутфан ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.

Мувозиби худатон бошед ва падруд.
________________________________

Аз шумо:

Дуруд, Дориюши азиз! Фикр мекунам, ки назари Ф. Ничше ба ҳаёти имрӯзаи мо, тоҷикистониён, наздиктар аст. Вале назари Аристипос барои мо омӯзанда аст. Падруд. Бо сипосу ихлос
Мунаввари Мунавварзод, шаҳри Душанбе.
XS
SM
MD
LG