Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тақаллубкориҳои маъмул дар интихобот


Дар интихоботҳои гузашта таъкид шудааст, ки мақомот қадамҳое ба сӯи эҷоди як сохтори демукротик бардоштанд ва озодиҳои нисбӣ дар Тоҷикистон барои раъйдиҳӣ ба вуҷуд омадааст.

Аммо таҳлили ниҳоӣ ҳамеша сохтори интихоботӣ, сохтори ҳуқуқӣ ва тағйироти эҷодшуда дар Қонуни Асосиро нигаронкунанда тавсиф кардааст. Гарчӣ созмонҳои байналмилалӣ ба иллати он ки наметавонанд, мустақиман дар ҷараёни интихобот таъсир расонанд, ин масоилро ба унвони заъфҳои ҳуқуқӣ баён мекунанд, аммо дар ҳақиқат нигарониҳои онҳо аз таққалубҳоест, ки таҳти унвони қонун ба мардум таҳмил мешаванд.

Бисёре аз касоне, ки шоҳиди интихоботҳои Тоҷикистон будаанд, ба чандин мавриди ҷиддии тақаллуб ишора
мекунанд. Ҳикматулло Сайфуллозода - узви собиқи Кумиссиёни Марказии Интихоботи Тоҷикистон аз Ҳизби Наҳзати Исломӣ мегӯяд:

"Аз ҳама тақаллуби мудҳиш ин аст, ки вақте протоколҳо таҳия мешаванд, он протоколҳоро ба таври худашон баъди ҷамъбасте, ки дар қитъаҳо мешаванд, онро оварда дар дастгоҳҳои ҳукуматҳо тағйир медиҳанд ва баъдан худи мақомоти ҳукуматӣ меоранд, ба Кумиссиёни Марказии Интихобот ва аз номи ҳавзаҳои интихоботӣ. Ҳоло таҷриба нашудааст, ки раиси ҳавзаи интихоботӣ худаш протоколҳои ҷамъбастии қитъаҳои интихоботиро ба Кумиссиёни Марказӣ оварда бошад."

Аммо тағйир додани протоколҳо, ки мувофиқи қонун ислоҳи онҳо мумкин нест, ба мақомот чӣ гуна даст медиҳад. Шокирҷон Ҳакимов муовини раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон ба ин суол посух мегӯяд:

"Одатан протоколҳои ниҳоӣ бо қалам навишта мешавад ва фақат дар ҳавзаҳои интихоботӣ ва ҳатто дар марказҳои шаҳру ноҳия ва вилоятҳо ситодҳои ғайриқонунӣ таъсис медиҳанд ва онҷо водор мекунанд, ки он рақамҳое, ки аз боло ишора мешавад, ҳамон рақамҳо аллакай бо "ручка" навишта шавад."

Шокирҷон Ҳакимов як навъи дигари қонуншиканӣ дар ҷараёни интихоботро тасвир мекунад, ки ба гуфтаи ӯ аз чашмҳо пинҳон намемонад: "Овоздиҳии авлодӣ маъмул гаштааст. Як нафар метавонад, варақаҳои овоздиҳии аз то 10 то 20 нафарро бо худ бигирад ва ба ҷойи онҳо низ раъй диҳад."

Аммо тақаллуб танҳо ҳангоми баргузории интихобот сурат намегирад ва намояндагони ҳизби ҳоким метавонанд, ҳангоми ҷамъ овардани имзоҳои тарафдорон барои пешбарии номзади хуб ба мақоми раёсати ҷумҳур ғайриқонунӣ амал кунанд.

Марат Мамадшоев - муҳарири нашрияи "Азия Плюс" мегӯяд:

"Ба яке аз онҳое, ки ба мо занг зад, коғаз пешниҳод карда гуфтаанд, ки ба дастгирии Раҳмонов имзо ҷамъ мекунанд. Аммо вақте ӯ мепурсад, ки чаро номи Раҳмонов дар коғаз нест, онҳо мегӯянд, ки ба ту чӣ фарқ дорад, имзо кун, мо худамон коғазро пур мекунем.»


Дигар аз навъи таққалуб, ба гуфтаи Ҳикматулло Сайфуллозода сӯистифода аз раъйи мардумест, ки ба гуфтаи вай дар Русия барои пайдо кардани дастмузд овора ҳастанд:


"Ҳавза ва қитъаҳои интихоботие, ки дар Русия таъсис медоданд, инҳо як кори дурӯғини маҳз буд. Аз он ҷо 18 ҳазор баргаи раъй меоварданд, 12 ҳазор баргаи раъй меоварданд. Чӣ гуна он миллион нафар муҳоҷире, ки дар бораашон мегӯем дар интихобот ширкат мекунанд."

Дар гузориши ниҳоии Созмони Амният ва ҳамкории Аврупо доир ба интихоботи соли 2005 низ гуфта мешавад, дар теъдоди зиёди қитъаҳои интихоботӣ баргаҳои раъй ба таври лозимӣ контрол намешуданд, ки роҳро барои қонуншиканӣ боз мекард.

Ба қавли Николай Вулчанов, муовини раиси Дафтари ниҳодҳои демукротик ва ҳуқуқи башари Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо яке аз тақаллубкориҳои маъмул дар кишварҳои дар ҳоли гузориш ин аст, ки дар баъзе ҳолат, раҳбарони қитъаҳои интихоботӣ баъд аз ҷудо кардани баргаҳои раъй, баргаҳои як номзадро ба рӯи бастаи баргҳои номзади мухолифаш, мегузоранд, то ба шумораи раъйҳои ин номзад биафзоянд.

Вале чӣ гуна метавон аз ин ҳама қонушиканиҳо ҷилавгирӣ кард. Шокирҷон Ҳакимов:

"Пеш аз ҳама Созмони Амният ва Ҳамкории Урупо ва дигар созмонҳои молии ҷаҳониву минтақаӣ бояд ҳукумати Тоҷикистонро водор кунанд, ки ӯҳдадориҳои байналмилалии қаблан ва ихтиёран гирифтаашро бечунучаро риоя кунад. Шарти асосӣ дар густариши робитаҳои иқтисодӣ ва сиёсӣ миёни муассисаҳои молии байналмилалӣ ин ҳолати воқеъӣ дар таҳкими институтҳои демократӣ ва озодии сухан ва ғайраҳо дар Тоҷикистон бошад."

Ва Раҳматулло Валиев - муовини раиси Ҳизби Демократи Тоҷикистон мегӯяд, дар озоду шафоф баргузор шудани интихобот худи раъйдиҳандагон нақши бисёр муҳим доранд ва набояд бигузоранд, ки ҳукумат ҳуқуқи онҳоро зери по кунад:

"Фикр мекунам, ки бояд қонунҳои интихобот бояд куллан дигар ва ба меъёрҳои байналмилалӣ мувофиқ карда шавад. Ва бояд ба ҳукумат худи интихобкунандагон ва шаҳрвандон чунин фишор биёранд, то ки қонунҳо дигар карда шавад ва интихоботҳо мувофиқ ба меъёрҳои байналмилалӣ баргузор шаванд."

Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо низ дар гузоришҳои худ аз Тоҷикистон хостааст, бо ислоҳи қонунҳои интихоботи худ, шароитро барои баргузории интихоботи демукротиву мунсифона озод ва баёнгари воқеъии раъйи мардум фароҳам созад.

Аммо дар айни ҳол ин созмон зоҳиран нисбат ба интихоботи раёсати ҷумҳури соли 2006 дилсард аст ва дар поёни гузориши худ доир ба арзёбии вазъи пеш аз интихоботӣ дар Тоҷикистон мегӯяд, ки зоҳиран натиҷаҳои интихобот аз қабл таъйин шудааст.

Бо маҳдудиятҳое, ки таҳти номи қонун барои аҳзоб ва матбуот ба вуҷуд омадааст, ҳатто ин имкон вуҷуд дорад, ки созмонҳои байналмилалӣ аз теъдоди нозиронашон дар интихобот бикоҳанд ва эҳтимолан бо хориҷ шудани аҳзоби мухолифи воқеъӣ аз саҳнаи интихобот ва баста шудани матбуоти мустақил зоҳиран ниёзе ба таққалуб вуҷуд надошта бошад.
XS
SM
MD
LG