Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Номзадҳо мушкилоти ҷавононро ҳал мекунанд?


Баробари сабти ном шудани панҷ номзад ба интихоботи раёсатҷумҳурии Тоҷикистон, корзори таблиғотии онҳо низ шурӯъ шуд. Чун аксар вохӯрии номзадҳо дар донишгоҳҳои олӣ сурат мегирад ва гузашта аз ин панҷоҳ дар сади ҷомеаи Тоҷикистонро ҷавонон ташкил медиҳанд, эшон кӯшиш мекунанд бештар дар мавриди ҳалли мушкилоти ҷавонон сухан гӯянд. Аммо дар сӯҳбат бо барномаи «Ояндасоз» гурӯҳи донишҷӯёни тоҷик гуфтанд, ҳанӯз аз барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо дуруст огаҳӣ надоранд ва бисёр мехоҳанд боло бурдани стипендияи донишҷӯӣ, дастрасӣ ба адабиёти навтарини дарсӣ, камбуди нақлиёт барои донишҷӯён дар барномаи номзадҳо матраҳ бишавад:

«Якум чизе, ки мехоҳем муҳайё кардани шароити хуб барои донишҷӯён аст. Зеро ҳангоме донишҷӯ стипендияи хуб мегирад, ҳатман дар дарсҳо ширкат мекунад».

Исмоил Талбаков, номзад ба мақоми райисиҷумҳур аз Ҳизби коммунист дар барномаи қаблазинтихоботияш боби муфассалеро таҳия намуда онро «Ғамхорӣ ба насли наврас» унвон кардааст. Субҳон Сафиоллоев, муовини райиси ситоди Исмоил Талбаков гуфт, коммунистони тоҷик беш аз ҳама ба қувваи ҷавонон бовар доранд ва мехоҳанд пас аз пирӯзии номзади худ кори созмони ҷавонони ҳизби коммунист - созмони собиқи комсомолиро фаъолтар намоянд:

«Ғамхорӣ нисбат ба насли наврас яке аз масъалаҳои асосӣ ба шумор меравад, беҳбудии ҷиддиро талаб менамояд. Барои ҳалли ин масъалаҳо тадбирҳои зеринро номзади ҳизби коммунисти Тоҷикистон пешниҳод мекунад: ҷалби пурраи наврасон ба таҳсили ройгон дар муассисаҳои таълимӣ, таъмин кардани донишҷӯён бо стипендия ва манзили зист. Дар атрофи ин ҷумла ҳазорон проблемаи ҷавонон ва донишҷӯён дохил карда шудаанд».

Аммо Зоҳид Қурбонов, донишҷӯйи донишгоҳи миллӣ мегӯяд, барномаҳои пешазинтихоботии номзадҳо ба мақоми раёсатҷумҳурӣ ба монанди барномаҳои вакилони мардумӣ дар порлумон мебошад, ки барои як бор онро пешниҳод мекунанд ва то ҳафт соли дигар онро фаромӯш месозанд:

«Донистани бахши барномаҳоеро, ки нисбат ба ҳаёти ҷавонон дахл доранд, барои худ зарур мешуморам, вале фикр мекунам, пас аз президент шудани номзадҳо амалӣ кардани барномаҳо дар гумон аст».

Аз рӯи иттилои то ҳол дастрасшуда, Эмомалӣ Раҳмонов, номзад ба мақоми райиси ҷумҳур аз ҳизби халқӣ - демократӣ дар барномаи пешазинтихоботии худ то ҳол паёми вижаро барои ҷавонон таҳия накардааст. Мӯсо Асозода, раҳбари дастгоҳи ин ҳизб мегӯяд, барномаи оқои Раҳмонов аз паёми ӯ ба Маҷлиси намояндагон, ки 20 апрели соли 2006 ироа шуд, иборат мебошад.

Ҳамчунин гуфта мешавад, ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ дар барномаи пешазинтихоботии худ атрофи мушкил ва ҳалли масоили марбут ба ҷавонон бахши ҷудогона надорад. Аммо Олим Бобоев, райиси ҳизби мазбур, ҳамзамон номзад ба мақоми райисиҷумҳур гуфт, ҳатман мехоҳад сиёсати ислоҳоти кадриро пеш гирад ва ҷавононро барои инкишофу пешрафти иқтисоди кишвар истифода бикунад:

«Ҷавонони шаҳри Душанбе, ки душвориҳои нақлиётӣ доранд, мо як барномаи муайяни ислоҳоти соҳаи мусофирбарии шаҳрро омода кардем ва ба Вазорати нақлиёт пешниҳод намудем. Бовар дорем, ки дар натиҷаи татбиқи ин барномаи ислоҳоти соҳаи мусофирбарӣ дар Душанбе вазъи ба таълимгоҳ рафта омадани донишҷӯён беҳтар мегардад».

Ин гуфтаҳо дар ҳолест, ки бо наздикшавии таърихи баргузории интихобот, бахши бузурги ҷавонон ба ин маърака ва барномаҳои интихоботии номзадҳо беэътиноӣ зоҳир мекунанд. Шавкат Норматов, корманди як созмони ҷамъиятии наврасон гуфт, аслан мавзӯи интихобот ба ӯ дахл надорад ва аз барномаҳои пешазинтихоботӣ ҳам куллан огоҳ нест. Вай ҳатто ширкати худро ба ҳайси як шаҳрванди Тоҷикистон дар баргузории интихоботи райисиҷумҳур салоҳ намедонад:

«Ман аз барномаи пешазинтихоботии номзадҳо огаҳ нестам. Ба ғайр аз номзадии президенти кунунӣ номи дигар номзадҳоро намедонам. Дар рӯзи интихобот ман барои овоздиҳӣ намеравам. Барои он ки барномаи пешазинтихоботии онҳо ба назари ман олӣ наменамояд ва онҳо фақат барои як гурӯҳ барнома менависанд. Аз ин сабаб иштирок накарданамро беҳтар мешуморам».

Аммо бо ин ҳама беэътимодӣ, коршиносон мегӯянд, ки мушкилоти ҷавонон, аз ҷумлаи дастрасӣ ба таҳсил, набуди ҷойи кор баъд аз хатми мактаб, муҳоҷирати меҳнатӣ ва беҳуқуқии ҷавонон дар кишвари Русия аз мушкилотест, ки бояд дар дастури кори номзадҳои интихоботӣ бошанд. Дар сурати матраҳ шудани ин мушкилот, мегӯяд як ҷавон, шояд ҳам нирӯи бештари раъйдиҳандагони ҷавон ба маъракаи интихоботӣ таваҷҷӯҳ кунанд.
XS
SM
MD
LG