Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ватан вайрона аз ёр аст?..


Сиёсатшиносон мегӯянд, мустабидҳои имрӯз аз диктаторҳои пешин имтиёзҳои онҳо - ваколати номаҳдуд, озодии комил ва бемуҷозотиро мерос гирифтаанд. Ва аммо, аз нигоҳи таҳлилгари тоҷик Раҷаби Мирзо, фарқ миёни диктаторҳои пешин ва имрӯз жарфтар аз пиндор аст. Мустабидҳои румӣ баъди рафъи хатар аз ваколати худ даст мебардоштанд, диктаторҳои имрӯз талош мекунанд бо ҳар раҳу васила, ва қабл аз ҳама, аз тариқи тағйири қонун мӯҳлати раёсати худро тамдид кунанд. Раҷаби Мирзо меафзояд, ки барои мустабидҳои имрӯз қонун аз бозичае беш нест ва барои гул задани ҷомеъа онҳо ҳатто қонунҳои мутобиқ ба меъёрҳои демократӣ нашр мекунанд:

Вақте ки мо имрӯз диктатор мегӯем, қабл аз ҳама пеши назари ман онҳое меоянд, ки қонун барои онҳо бозича аст, ба ҳар тартибе, ки мехоҳанд қонунро истифода мекунанд. Ғайр аз ин онҳо қонунҳое мебароранд, ки гӯё ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандонро таъмин мекунанд, вале ба ин васила рақибонашон ҳар тавре, ки мехоҳанд, муҷозот мекунанд.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат - сиёсатшиноси тоҷики муқими Маскав дар тайиди ин гуфтаҳо ба он нукта ишора мекунад, ки бо истифода аз имтиёзҳои худ ва ба хотири ҳифзи мақом мустабидҳо мухолифонашонро аввал аз майдони сиёсат, баъдан аз кишвар берун мекунанд ва мекӯшанд, ки садои рақибони сиёсияшон дар хориҷи кишвар ҳам баланд нашавад:

Диктаторҳо бар ҳар иқдом метавонанд даст зананд, то рақибони сиёсии худро, ки шонси сари қудрат омадан доранд, аз байн бубаранд, то ки хатари рақобати сиёсӣ дигар набошад. Ин яке аз роҳҳоест, ки яккаҳукуматӣ ҳам дар сиёсат, ҳам дар иқтисод ва то андозае дар идеологияро таъмин кунанд.

Таърихи башар мустабидҳои зиёдеро ёд дорад - аз Сулла ва Сезар дар Руми Қадим то Сталину Мао Цзе Дун дар қарни гузаштаро. Ва аммо имрӯз бо шунидани вожаи диктатор симои кадоме аз раҳбарон пеши назар зуҳур мекунад? Таҳлилгарон мегӯянд, дар қаламрави шӯравии собиқ Сафармурод Ниёзов, раҳбари Туркманистон, Ислом Каримов - раисиҷумҳури Узбакистон ва Александр Лукашенко - сарвари Белорус аз сиёсати истибдод кор мегиранд. Зимнан, Сафармурод Ниёзов ягона раҳбар дар Ҷомеъаи муштаракулманфеъ аст, ки чанд сол боз пайваста ба феҳрасти даҳ диктатор ваё мустабидҳои олам шомил мешавад. Ин феҳрастро ҳар сол ҳафтавори амрикоии "Парад" таҳия мекунад.
Аввалин иқдоми Сафармурод Ниёзов дар маснади раисиҷумҳури Туркманистон - қатъи фаъолияти аҳзоб ва расонаҳои мухолиф буд ва ҳабси дигарандешон буд. Аввалҳои солҳои навадуми қарни гузашта дар додгоҳҳои Туркманистон садҳо парвандаҳои сиёсӣ баррасӣ мешуданд, ки ба иттилоъи созмонҳои дифоъ аз ҳукуқи башар, бештари онҳо тақаллубӣ буд. Ба назар мерасад, имрӯз ҳам Туркманбошӣ гиребони дигарандешонро раҳо накардааст - имсол се хабарнигори Родиёи Озодӣ бо иттиҳомҳои тақаллубӣ роҳии маҳбас шуданд. Яке аз онҳо Уғулсафар Муродова, ки бо иттиҳоми дар манзилаш ошкор шудани тир ба шаш соли зиндон маҳкум шуда буд, аввалҳои моҳи гузашта ба таври асроромез аз дунё даргузашт. Пажуҳиши сабабҳои марги ӯ ғайримумкин аст, зеро Туркманбошӣ фаъолияти созмонҳои дифоъ аз ҳуқуқи башарро мамнуъ эълон кардааст.
Тибқи хабарҳо аз Ашқобод, вазирон ва ҳокимони маҳаллӣ низ таҳти фишори сарвари кишвар қарор доранд. Солҳои ахир даҳҳо мансабдорон, аз ҷумла ду вазири хориҷаи кишвар ба ғазаби раисиҷумҳур гирифтор шуданд - яке аз онҳо Абдӣ Қулов аз кишвар фирор кард, дигарӣ Борис Шайхмуродов бо иттиҳоми ташкили сӯиқасд ба ҷони раисиҷумҳур ба ҳабси якумрӣ маҳкум шуд. Сарнавишти вазирон ва ҳокимони вилоятҳо комилан дар дасти Туркманбошист - ӯ вобаста ба табъи дилаш метавонад ба ҳоким "Мерседес" эҳдо кунад ва рӯзи дигар алайҳи ӯ парвандаи ҷиноӣ боз намояд. Ҳокимшоҳи Муҳаббат мегӯяд, аз ин роҳҳо Туркманбошӣ қудрати номаҳдудеро дар ихтиёри худ қарор дод ва ба ҳокими мутлақи ин кишвари Осиёи марказӣ табдил ёфт:

Туркманбошӣ ҳам идеология, ҳам иқтисодиёт ва ҳам сиёсату ҷой ба ҷойгузории кадрҳоро ба дасти худ гирифт ва тавонист тамоми рақибони сиёсии худро аз ҳукумат дур созад.

Гуфта мешавад, ки таърифу тавсиф ва дастбӯсии зердастон ҳамеша боиси парастиши шахсияти мустабидҳо мегардад. Дар маркази Ашқобод муҷассамаи заррини Сафармурод Ниёзов бунёд шудааст, шаҳреро дар соҳили Хазар ба ифтихораш Туркманбошӣ номгузорӣ кардаанд, дар ҳар шаҳру шаҳраки кишвар хиёбоне ба номи Сафармурод Ниёзов ва волидайни ӯ мавҷуд аст. Оғои Ниёзов ягона раҳбарест, ки номи моҳҳоро дар кишвар тағйир дод ва акнун сол бо моҳи Туркманбошӣ оғоз мешавад. Зимнан, яке аз моҳҳо номи модари раиси ҷумҳурро дорад. Ҳар субҳро мардум бо қироати порае аз Рӯҳнома истиқбол мекунанд - ҳукумат талош доранд, ки туркманҳо ба ин китоби раисиҷумҳур чун ба Қуръони маҷид арҷ гузоранд. Баъди иншои "Рӯҳнома" Сафармурод Ниёзов аз истеъдоди шоирияш дарак дод, аз ҷумла, дар як шеъраш ӯ худро рӯҳе номидааст, ки ҳадафаш бурдани мардуми туркман ба қарни тилоист.
Сиёсатшиносон мегӯянд, дастбӯсӣ ва тавсифи берун аз меъёр Туркманбоширо барои аъмоли ғайриинтизор таҳрик медиҳад. Сафармурод Ниёзов наттоқони телевизионро барои пардоз интиқод кард ва ҳама пардозгарҳои телевизиони давлатӣ бекор монданд. Баъдан ӯ аз ҷавонҳо қатъӣ талаб кард, ки аз риш, мӯи сари дароз ва дандони тилло парҳез намоянд.
Зимнан, талаби раисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов аз омӯзгорону кормандони идораҳои давлатӣ барои парҳез аз дандонҳои тилло ба мухолифин имкон дод бархе аз аъмоли ӯро бо Туркманбошӣ қиёс кунанд. Аз ҷумла, нашри якбораи ҳафт китоб, аз ҷумла, як китоби мусаввар дар бораи раҳбари Тоҷикистон чун нишонаҳои шахспарастӣ ва имкони батадриҷ ба як режими истибдодӣ ваё диктатурӣ табдил ёфтани қудрати Эмомалӣ Раҳмонов арзёбӣ шуд. Ва аммо оё Эмомалӣ Раҳмонов метавонад як нусхаи Сафармурод Ниёзов бошад? Раҷаби Мирзо мегӯяд, ҳанӯз ду сол пеш дар ин бора андеша мекард:

Ман аслан ду сол пеш дар рӯзномаи "Рӯзи нав" навишта будам дар бораи он ки Раҳмонов ба ҳеҷ ваҷҳ наметавонад Туркманбошӣ бошад. Зеро сухан пеш аз ҳама дар бораи захираҳои газу нафти Туркманистон меравад, ки зиндагии мардуми туркманро аз зиндагии мардуми тоҷик дида беҳтар кардааст. Ва Тоҷикистони гирифтори мушкилоти иқтисодӣ наметавонад, ки умедашро аз кумакҳои башари Ғарб ҳам биканад ва ҳамзамон зери таҳримҳои калон қарор гирад. Аз ин ҳоло агар диктатурааш ҳам нахонем, метавонем бигӯем, ки кӯшишҳое барои рӯ овардан сӯи монархияи конститсионӣ ҳаст.

Ҳокимшоҳи Муҳаббат низ имкони ба вуҷуд омадани як режими истибдодӣ дар Тоҷикистонро баъид намедонад ва аммо мегӯяд:

Хатари диктатура дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, вале агар раис ҷумҳур каме сиёсати навро пеш гирад, шояд, ки ин хатар аз байн равад. Дар вазъи имрӯз мо мебинем, ки ҳаёти сиёсии Тоҷикистон, озодии сухан дар Тоҷикистон нисбати кишварҳои ҳамсоя беҳтар аст, аҳзоби сиёсии гуногун вуҷуд доранд. Аз ин лиҳоз, мо наметавонем гуфт, ки дар Тоҷикистон як диктатура пайдо мешавад.

Ва аммо аз нигоҳи сиёсатмадори тоҷик Шокирҷон Ҳакимов, режими Тоҷикистон аз режимҳои истибдодӣ дар Белорус, Туркманистон ва Узбакистон тафовути зиёде надорад:

Ин ҷо низ бо дигар шаклу усул талош мекунанд, ки раҳбарияти сиёсӣ дигар нашавад. Ва агар то имрӯз дар Тоҷикистон низ чаҳор интихоботи парлумон доир гардид, ҳама онҳо якҳизба ҳастанд. Дар Тоҷикистон низ бо ҳар баҳона кӯшиш карда истодаанд, ки пеши рушди матбуоти озодро гиранд, рақобати сиёсӣ набошад, маҳалгароӣ ҷой дошта бошад ва як беадолатӣ ҳангоми татбиқи сиёсати кадрӣ ба чашм мерасад. Яъне, Тоҷикистонро бо Белорус, Узбакистон ва Туркманистон дар як қатор монем, иштибоҳ намекунем.

Айни ҳол таҳлилгарон мегӯянд, ягон режими истибдодӣ тулонӣ боқӣ намондааст ва таърих гувоҳ аст, ки баробари аз байн рафтани мустабидон режимҳои онҳо низ ба зудӣ аз миён меравад.
XS
SM
MD
LG