Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Созу рози Нуқра


Султони Ҳамад

Нуқра Раҳматова, ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон аз ҷумлаи нахустин овозхонҳои зан аст, ки бори аввал ба Афғонистон ибтидои солҳои шастуми асри гузашта сафари ҳунарӣ кардааст. Дар бораи омодагиҳои қабл аз сафар ва ҷараёни он хонум Нуқра Раҳматова ба мо чунин қисса кард:

«Соли 1958-ум, моҳи август аввалин бор ансамбли тарона ва рақси Помир ба Афғонистон сафари ҳунарӣ дошт. Ман дар ин ҳайат набудам. Моҳи октябр ё ноябри ҳамон сол сафари ҷавобии ҳунармадони афғонӣ ба Тоҷикистон баргузор шуд. Дар ин ҳайат ҳунармандони маъруфи афғон оғои Ҳафизуллоҳ Хаёл, оғои Абдуҷалил Залонд, оғои Қосимӣ, рубобнавози машҳур Муҳаммад Умар ва дигарон буданд. Баъди хатми ин сафари ҳунарӣ бо хоҳиши масъулини фарҳанги Тоҷикистон оғои Хаёл боз як моҳи дигар дар ин ҷо монд ва ба мо хондани таронаҳои афғониро ёд дод. Ҳамон вақт ба ман хондани таронаи қадимии пашту, ки ба гуфтаи оғои Хаёл ҳатто дар Афғонистон он замон аз ёдҳо фаромўш шуда будааст, «Човел чи моз дигарде»-ро нишон доданд. Соли 1962 дар омўзишгоҳи мусиқӣ таҳсил мекардам, ки маро ба ҳайати гурўҳи устодони санъат Аҳмад Бобоқулов, Муслима Боқиева, Рафоэл Толмасов, Маҳмудҷон Воҳидов ва дигарон ворид намуданд ва мо ба Афғонистон сафар кардем. Дар ҷараёни аввалин сафари ҳунариам ба Афғонистон вақте, ки бори аввал ин таронаро дар Кобул хондам, толор ба по хест»

Нуқра Раҳматова аз зумраи он овозхонҳое мебошад, ки дар репертуари худ беш аз дигарон таронаҳои афғониро ҷой додааст. Ҳини сафари нахустинаш низ таронаи машҳури «Аз ғамат ай нозанин»-ро аз бар намуда, ҳамчун тўҳфае барои алоқамандонаш ба Тоҷикистон меорад.

Таронаи машҳури «Имшаб қамар ин ҷост»-ро низ дар Тоҷикистон аввалин маротиба хонум Нуқра Раҳматова ва дугонаи ҳампешааш Ҳоҷатбегим Пиронова сурудаанд.

Дуэт хондани овозхонҳои ду кишвар дар таҷрибаи ҳунари овозхонӣ ҳодисаи муқаррарист. Вале дуэт хондани як шоири шинохта бо як овозхон албатта ҳодисаи нодир аст. Солҳои 60-ум ва 70-уми асри гузашта шодравон Зиё Қоризода яке аз маъруфтарин шоирони Афғонистон ба шумор мерафт. Таронаҳои машҳури ў «Ай Зўҳра», «Охир, эй дарё», «Мушки тоза мерезад абри баҳмани Кобул» он замон вирди забонҳо гашта буданд. Воқеъан, ба мавқеъ аст бигўем, ки худи ў низ бо тахаллуси «Кабўтар» суруд мехонд.

Боре ҳамон солҳо Зиё Қоризода аз тариқи Тоҷикистон равонаи Маскав будааст. Дар Тоҷикистон чун аз ҳунари овозхонии Зиё Қоризода огаҳ буданд, хостанд аз фурсат истифода бурда чанд таронаи ўро барои радиои Тоҷикистон сабт намоянд. Хонум Нуқра Раҳматова дар ин бора мегўяд:

«Рўзе ба ман гуфтанд, ки шуморо ба вазорати фарҳанг оҷилан даъват мекунанд. Рафтам, ки вазир, шодравон Меҳрубон Назаров хоҳиш карданд то бо шоир ва овозхони маъруфи Афғонистон Зиё Қоризода чанд таронаеро дар шакли дуэт хонда ба навор сабт намоям. Он кас гуфтанд, ки вақт хеле кам аст. Ҳамагӣ камтар аз ду соат. Зиё Қоризода бояд ба Маскав парвоз кунад.Ман розӣ шудам. Оҷилан мутрибонро ба студия оварданд. Баъди каме тамрин таронаҳоро сабт карданд. Таронаҳои «Рафтем аз ин боғ», «Биё то гул барафшонем», « Ало нор дона надорад», «Ман туро қасам метум» маҳсули ҳамкории онрўза мебошанд».

Дар зарфи камтар аз ду соат аз бар намудану ба навор сабт кардани чаҳор тарона маҳорату таҷрибаи хуберо талаб мекард. Овозхонҳову мутрибон тавонистанд, ки дар як муддати кўтоҳ омода шаванд ва армуғоне барои мо ва наслҳои баъдӣ ба ёдгор гузоранд. Зеро ба гуфтаи шоир

Ҷаҳон пур аст зи оҳанги ошиқонаи ман,
Фақат садост, ки андар замона мемонад.
XS
SM
MD
LG