Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздиди Баучер аз дафтари "Интернюс" дар Тоҷикистон


Ричард Баучер ёвари вазири хориҷаи Амрико дар рӯзи дуввуми сафари худ ба Тоҷикистон рӯзи шанбе, (7- октбр ) аз намояндагии созмони амрикоии «Интернюс» дар ин кишвар боздид ба амал овардааст. Оқои Баучер дар ҷараёни ин боздид бо фаъолияти намояндагии «Интернюс» дар Тоҷикистон ошно ва ҳамзамон дар як нишасти омӯзишии ин созмон бо ҳузури кормандони маҳаллӣ ширкат варзид.


Дипломати баландмақоми амрикоӣ дар дафтари Душанбеии «Интернюс» суханронӣ накард, ва хабарнигорон низ дар ин мулоқот ҳузур надоштанд. Трой Эдалэйн раҳбари «Интернюс» дар Тоҷикистон гуфт боздиди оқои Баучер аз дафтари ин созмон дар шаҳри Душанбе бидуни ширкати хабарнигорон дар назар гирифта шуда буд. Аз ин лиҳоз ҷаноби Баучер танҳо ба ҳайси меҳмон дар дафтари "Интернюс" ҳузур ёфт.


Аммо Трой Эдалэйн раҳбари «Интернюс» дар Тоҷикистон роҷеъ ба ҳадафи боздиди Ричард Баучер аз дафтари ин созмон дар шаҳри Душанбе ба радиои Озодӣ гуфт: "Дар ҷараёни дидори худ бо Эмомалӣ Раҳмонов раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Душанбе Ричард Баучер ба таври ҷудогона масъалаи тавсиаи шабакаҳои мустақили родиюиро матраҳ намуд. Имрӯз низ аз мӯҳтавои сӯҳбати оқои Баучер маълум гардид, ки эшон бисёр алоқаманд аст, то раванди таъсиси шабакаҳои родиюии мустақил ва хусусӣ дар Тоҷикистон тавсиа ёбад. Ҷаноби Баучер изҳори умедворӣ кард, ки тартиби судури муҷаввиз ва сабти ном шудани чунин шабакаҳои родиюӣ аз лиҳози замонӣ кӯтоҳ ва осонтар гардад.»


Раҳбари дафтари «Интернюс» дар Тоҷикистон тартиби кунунии сабти ном гардидани шабакаҳои нави родиюӣ дар Тоҷикистонро мураккаб унвон кард ва афзуд: «Бояд коре кард, ки раванди судури муҷаввиз барои фаъолияти шабакаҳои родиюӣ ба тӯл наанҷомад. Бараъкс, он дар чаҳорчӯби муқаррароти қонунӣ бояд ҳар чӣ зудтар сурат бигирад. Имрӯз дар Тоҷикистон барои дарёфти муҷаввизи фаъолият муроҷеин ҳатто солҳо маътал мемонанд. Ва баъди ин ҳама интизориҳо боз посухи норӯшани мақомоти дахлдорро дар бораи радди дарёфти муҷаввиз мешунаванд. Ба назари ман давлат на бояд муроқиби он бошад, ки дар кишвар чанд шабаки родиюӣ фаъол бошад. Балки ин равандро ба таври табиъӣ дар дохил бояд бозори иттилоъотӣ танзим намояд»


Созмони «Интернюс» ҳамчун ниҳоди байналмилалӣ ҳамакунун 11 сол мешавад, ки дар Тоҷикистон амал менамояд. Ҳадафи аслии фаъолияти ин созмон мусоидат ба рушди пойгоҳҳои телевизионӣ ва шабакаҳои родиюии мустақил дар қаламрави Тоҷикистон аст. Бо пуштибони молӣ ва кӯмакҳои фаннии ин созмон феълан дар Тоҷикистон чаҳор шабакаи родиюии маҳаллӣ фаъол мебошад. Танҳо дар соли ҷорӣ «Интернюс» барои тақвияти фаннии ин шабакаҳо дар маҷмӯъ ҳудуди 100 ҳазор доллари амрикоӣ ҷудо намудааст. Вазорати адлияи Тоҷикистон беш аз якуним сол аст, ки сабти номи дубораи онро ба таъвиқ андохтааст. Ин дар ҳолест, ки масъулини «Интернюс» мӯътақиданд, Боки фаъолияти ин созмон дар Тоҷикистон муғойир бо қонунгузории ин кишвар нест ва он бояд бидуни мушкил муҷаддадан сабти ном гардад.
XS
SM
MD
LG