Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Азоби сиёҳи "тиллои сафед"


шореҳи меҳмон

Пахтакорӣ мумкин аст дар оянда ба яке аз соҳаҳои пешрафта ва судовари иқтисоди Тоҷикистон табдил ёбад, агар ситемаи муносиботи феодалӣ дар деҳот барҳам хурад ва истисмори шадиди деҳконон хотима ёбад. Аммо имрўз ин танҳо орзў аст. Имрўз ин соҳа дар ҳолати бўҳронӣ қарор дорад. Мушкилоти пахтакорон солҳост, ки ҳал намешаванд. Пас аз се баробар кам шудани ҳаҷми истеҳсоли пахта дар миёнаи солҳои 90, таи солҳои 1999-2003 пешрафтҳое ҳосил шуда буд. Вале порсол ҳаҷми истеҳсоли пахта дубора кам шуд ва нақшаи соли 2005 фақат ба андозаи 73% иҷро шуд.

Агарчи нақшаи имсола ба андозаи 60 ҳазор тон камтар аз соли гузашта аст, вале иҷро шудани он ҳам зери савол аст. Ба вижа дар вилояти Суғд. Ин сабабҳои зиёд дорад. Имсол дар баъзе навоҳӣ, бар асари камбуди боришоту об, пахта нарўид ва ё хуб насабзид. Илова бар ин, дар бисёр заминҳо ҳашарот, хусусан малах ниҳоли пахтаро нобуд карданд. Маводи кимёӣ ва нуриҳои минералӣ ҳам сари вақт расонда нашуданд. Узбакистон бо баҳонаҳои мухталиф, аз ҷумла дар иртиботи ҷашни истиқлоли худ, интоқоли бензину дизал, рўғаниёт ва дигар маводи мавриди зарурати Тоҷикистонро маҳдуд ва ё маътал намуд. Ба ин сабаб қимати маводи сўхт дар Тоҷикистон ҳафтаи гузашта то ба 1 доллар боло рафт ва ин ба фаъолияти кишоварзон бетаъсир намемонад. Илова бар ин, имсол майдони кишти пахта ба андозаи 10% камтар аз соли пешин аст.

Аммо сабаби асосии ҳолати бўҳронии соҳаи пахтакорӣ дар кишвар бўҳрони муносиботи тавлидӣ дар деҳот ва бесамар ё камсамар будани ислоҳоти кишоварзӣ аст. Тайи солҳои гузашта ҳукумат ба ислоҳоти ин соҳа даст зад. Қариб ҳамаи колхозу совхозҳоро ба хоҷагиҳои деҳқонӣ табдил доданд, вале усули идораи онҳо дигар нашудааст. Хоҷагиҳои деҳқонӣ аз рўи қонун мустақилу соҳибихтиёр эълон шудаанд, вале амлан аз соҳибихтиёрӣ бархӯдор нестанд. Ҳукуматдорони маҳаллию марказӣ ба шеваҳои замони шўравӣ бар онҳо фармонравоӣ мекунанд, нақшаҳои кор ва фаъолияти тавлидии хоҷагиҳоро тайин мекунанд. Системаи бонкии кишвар хело заъиф аст ва кишоварзонро бо қарза ва маблағи зарурӣ таъмин намекунад. Бозори озоди авомили тавлид вуҷуд надорад. Дар чунин шароит расондани маводи зарурӣ, фурўши маҳсули кишоварзӣ ва тайин кардани нарху наворо сармоягузорон ва миёнаравҳо ба дасти худ гирифтаанд. Онҳо нуриҳои минералӣ, васоити техникӣ ва маводи сўхтро ба қиматҳои хеле гарон ба хоҷагиҳои деҳқонӣ бор мекунанд ва пахтаро бо нархи арзон аз онҳо мегиранд. Ин аст ки хоҷагиҳои пахтакор аз кори худ на танҳо суд намебаранд, балки қарздор мешаванд. Қарзи онҳо то рафт меафзояд ва ҳоло ба 300 млн доллар расидааст. Ин ба яке аз мушкилоти асасии кишоварзон табдил ёфтааст. Ҳукумат барои баррасӣ ва ҳалли ин мушкил комиссионе таъсис намудааст вале кори он ҳанўз ба ҷое нарасидааст.

Пахтакорон, ки дар бадали заҳмати фаровон музди ночиз мегиранд ва ё ҳеҷ музд намегиранд, барои зиёд кардани ҳаҷми маҳсулот ва самарабахшии кор ҳавасманд нестанд. Имрўз пахта барояшон зироати судовар нест. Зиндагиашонро таъмин намекунад. Бисёриҳо кишоварзиро тарк карда, аз пайи ризқу рўзӣ ба бозор ё ба кишварҳои дигар мераванд. Бинобар ин, дар мавсими ҷамъоварии пахта нирўи кор намерасад ва ҳукуматдорон шогирдони макотиб ва донишгоҳҳоро иҷборан ба ин кор ҷалб мекунанд. Майдони кишти пахта ҳам сол ба сол камтар мешавад. Ба гуфтаи коршиносон, бар асари риоят накардани системаи киштгардон ва шўру беҳосил шудани заминҳо ҳар сол даҳҳо ҳазор ҳектар заминҳои кишт аз даст мераванд.

Ин ҳама боиси он шудааст, ки ҳосили пахта аз ҳар ҳектор ба ҳисоби миёна то ба 1,5 тон пойин омада аст. Даромад аз ин миқдор пахта ҳатто хароҷоти парваришу ҷамъварии онро намепўшонад. Равшан аст, ки чунин шароит мумкин аст ба суқути комили пахтакорӣ анҷом ёбад. Усулан, пахтакорон метавонанд аз ҳар ҳектор 3,5 - 4 тон ва бештар аз он ҳосил гиранд. Вале барои ин мебояд, ки системаи идорӣ ва муносиботи феодалӣ, ки ҳоло дар соҳаи кишоварзӣ ҳукмфармост, комилан дигаргун гардад. На танҳо дар гуфтор, балки дар амал.
XS
SM
MD
LG