Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дар пешорӯи интихобот


Нашрияи «Миллат» хабар додааст, ки вазорати адлияи Тоҷикистон бар асоси як нома ба комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ Масъуд Собировро ба ҳайси раиси ҳизби демократи Тоҷикистон эътироф кардааст.

Дар ҳамин ҳол «Миллат» ҳамчунин навиштааст, ки демократҳои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров дар муқобили ин амали вазорати адлия вокунишӣ ҷиддӣ нишон дода ва ҳатто бахши душанбегии ин ҳизб тасмим гирифтааст, ки ба тазоҳурот даст занад. Аммо Масъуд Собиров, раиси аз сӯи вазорати адлия эътирофшудаи ҳизби демократ аз демократҳои Муҳаммадрӯзӣ Искандаров даъват кардааст, ки ба онҳо бипайванданд, аммо Раҳматулло Валиев, муовини раиси демокраҳои Искандаров ин даъватро рад карда ва гуфтааст бо Собиров ҳеҷ гоҳ нахоҳем пайваст.

Ҳамзамон нашрия авомили бӯҳрони ҳизби демократи Тоҷикистонро аз назари коршиносон ба таҳлил кашида менависад «...мебоист ин ҳизб дар дараҷаи аввал ба масъалаи ҳастии худ ва боқӣ мондани худ ва ваҳдати сафҳои худ мепардохт, ҳамчуноне, ки раёсати ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон кард. Дар шароите, ки ба бӯҳрони дохилӣ мувоҷеҳ буд ин ҳизб барои худ як бӯҳрони беруниро низ эҷод кард. Дар маҷмӯъ буҳрони ин ҳизб буҳрони раҳбарист».

Аммо нашрияи «Вақт» дар матлаби «Изи Қувват Султон?» ба таҳлили қазияи ҳизби демократ пардохта навиштааст, демократҳо анҷумани худро дар тарабхонаи Қувват Султон баргузор намуда, бо тақдири сотсиалистҳо, ки низ дар ҳамон макон анҷуман гузаронда буданд, рӯ ба рӯ гардиданд. Ва низ муаллифи матлаб ба ҳизби наҳзати исломӣ ва сотсиалистҳои Нарзиев дар як эътилоф пайвастани демократҳоро омили ба ин қазия гирифтор шудани ҳизби демократ унвон кардааст.

Ва аммо ҳафтаномаи «Адолат», нашрияи ҳизби демократи Тоҷикистон, ки ин шумораи он ба шакли варақа, ҳашт саҳифа ва бо теъдоди 99 нусха мунташир шудааст, дар робита ба қазияи сабти номи ин ҳизб таҳти раҳбарии Масъуд Собиров, 17 саволи демократҳои Искандаров ба вазири адлия Халифабобо Ҳомидовро нашр кардааст.

Ҳамчунин «Адолат» дар ин шумора баёнияеро нашр кардааст, ки ҳизби демократ дар робита ба ин қазия ба мардуми Тоҷикистон, раиси ҷумҳурӣ, дабири кулли созмони миллали муттаҳид, раиси созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, нозирони интихоботии ин созмон ва кишварҳои мустақили ҳамсуд ва ҳамаи сафирони хориҷии муқими Тоҷикистон муроҷиат кардааст. Дар ин баёния омадааст: «Вазорати адлия, ки бояд адл дар он ҳукумфармо бошад, беадолатӣ кард, яъне манфиати кадом як гурӯҳро аз қонуну адолат боло гузошт. ҲДТ мутмаин аст, ки ин амали вазорати адлияи ҶТ натиҷаи мавқеъгирии Анҷумани 9 ҳизб дар мавриди Интихоботи парезиденти Тоҷикистон мебошад.»

Ин дар ҳолест, ки ҳафтаномаи «Азия плюс» пас аз сӯҳбат бо Таваралӣ Зиёев, номзади ҳизби демократии Собиров ба мақоми раёсати ҷумҳурӣ хабар додааст, ки ҳизби демократи зери раҳбарии Собиров тасмим дорад пас аз интихоботи раёсати ҷумҳурӣ анҷумани ин ҳизбро даъват карда дар оинномаи ҳизб тағийру иловаҳо ворид кунанд. Вале ҳамзамон нашрия хабар додааст, ки номзад аз ҳизби халқӣ демократӣ ва ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ теъдоди зарурии имзоҳо ба тарафдории худро ҷамъ оварда ва ба кумиссюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ пешниҳод кардаанд.

Дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Ҷавонони Тоҷикистон» сӯҳбате бо номзади эҳтимолии ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон Абдуҳалим Ғаффоровро анҷом додааст. Оқои Ғаффоров дар посух ба суоли он ки шумо Раҳмоновро рақиби пурқуввати худ мешуморед, чунин посух додааст: «Дар миёни 7 миллион мардум фарзандони барӯманди зиёде умр ба сар мебаранд. Алтернатива надорад гуфтан, заифии ҳамон одаму оппозитсияро нишон медиҳад. Сотсиалистон ҳам оппозитсия ҳастанд, оппозитсияи созанда. Оппозитсияе, ки Раҳматулло Зоиров ва Раҳматулло Валиев, мегӯянд, оппозитсяи нест. Онҳо як ҷузъи нотавон ҳастанд...»

Ҳамзамон нашрияи «Тоҷикистон» дар матлабе зери унвони «Ку ҳамвазни Раҳмонов» ба таҳлили вазъи қаблаазинтихоботи пардохта навиштааст: «Умдатарин хусусияти интихоботи имсола он аст, ки дар маъракаи пешбарии номзадҳо ба мақоми Президенти Тоҷикистон ҳеҷ монеасозие аз сӯи аз сӯи ашхоси салоҳиятдор сурат нагирифт. Вале ҳамин нуқта рақиби арзандаи сиёсӣ надоштани Эмомалӣ Раҳмонов боиси таассуф ва нигаронист. Зеро дар давлати демократӣ рақиби эътирофшудаи сиёсӣ надоштан монеаи пешрафти густурдани ҷомеа гардида онро барои дар як ҷо мехкӯб шудан водор месозад».

Аммо дар ҳамин ҳол ҳафтаномаи «Зиндагӣ» феҳрасти нозирони байналмилалӣ дар интихоботи раёсати ҷумҳуриро нашр кардааст. Нашрия ба истинод ба хабари маркази интихобот ва раъйпурсӣ менависад, феълан теъдоди умумии нозирони байналмилалии дар интихоботи раёсати ҷумҳури Тоҷикистон ширкатмекарда мушаххас нест.
XS
SM
MD
LG