Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳримҳо ба зиёни кист?


бахши гурҷии Родиёи Озодӣ Ҷимшер Рехвиашвили Таҳримҳои Русия алайҳи Гурҷистон рӯзгори ороми гурҷиҳои муқими Русияро баҳам зад. Мақомоти Русия ва Гурҷистон дар бораи теъдоди шаҳрвандони ин кишвари Қафқоз дар Русия иттилоъи дақиқ надоранд ва тахмин зада мешавад, ки шумораи онҳо аз 400 ҳазор то 1 миллион нафар аст. Ва аммо Бонки марказии Гурҷистон дар мавриди он ки саҳми гурҷиҳои муқими Русия дар иқтисоди кишвар чӣ қадар аст, иттилоъи мушаххас дорад. Ба иттилоъи масъулони Бонк, дар нимаи аввали соли равон шаҳрвандони кишвар аз Русия $220 миллион интиқол додаанд, ки тақрибан 15 дар сади маҷмӯъи нохолиси миллии Гурҷистонро ташкил медиҳад. Рӯзгори як гурҷии муқими Маскав собитгари он аст, ки таҳримҳои Русия то куҷо ба зиндагии мардуми оддӣ таъсир дорад.

Ладо Квиквиния, муҳандиси 48 солаи гурҷӣ соли 1994 ба Маскав муҳоҷират кард. Чаҳор сол пеш ӯ соҳиби шиносномаи шаҳрванди Русия шуд. Квиквиния мегӯяд, замоне, ки ӯ Гурҷистонро тарк гуфт, муҳандисон дар зодгоҳаш рӯзгори сангин доштанд:

Пайдо кардани кор ғайриимкон буд. Шумо хуб медонед, ки онҳо акнун бунёди биноҳо дар Гурҷистонро шурӯъ карданд. Солҳои пеш онҳо фақат тахриб мекарданд. Ба ҳар сурат, ман наметавонистам кор пайдо кунам.

Квиквиния мегӯяд, ки дар Маскав низ пайдо кардани кори мувофиқ саҳл набуд. Аммо ӯ таҳсилкардаи Донишгоҳи политехникии Тифлис буд. аз ин рӯ ба зудӣ тибқи ихтисосаш кор ёфт ва айни ҳол раиси як ширкати сохтмонист. Ӯ мегӯяд, маблағи моҳонааш дар Русия он қадар бузург нест ва аммо он барои рӯзгори хонаводааш дар Маскав ва ирсоли кумакпулӣ ба хоҳараш, ки дар шаҳри Зугдидӣ ба сар мебарад, кофист.
Илия Чачабиа, хоҳарзодаи Квиквиния низ тайид мекунад, рӯзгори хонаводаи онҳо асосан аз ҳисоби маблағе таъмин мешавад, ки тағояш мефиристад. Худи Илия дар яке аз хиёбонҳои Зугдидӣ ба тиҷорат машғул аст ва аммо маблағи дарёфткардааш басо кучак аст. Ӯ меафзояд, ки дар шаҳрашон пайдо кардани кори дилгоҳ саҳл нест ва аз ин рӯ, бештари мардуми Зугдидӣ фақиранд.
Сокинони Зугдидӣ аз таҳримҳои Русия дар баробари кишварашон, аз ҷумла, имкони қатъи интиқоли маблағ ба Гурҷистон сахт нигаронанд. Илия Чачабиа мегӯяд, мардум аз он ҳарос доранд, ки онҳо аз як манбаъи рӯзгузаронӣ - кумакпулии пайвандони муқими Русияашон маҳрум мешаванд.
Бо вуҷуди таҳримҳо Квиквиния фиристодани як миқдор маблағ барои пайвандонаш ба Гурҷистонро идома доданист. Ва аммо ӯ ва дигар гурҷиҳои муқими Русия аз имкони жарфтар шудани ихтилоф миёни Маскав ва Тифлис сахт нигаронанд.
XS
SM
MD
LG