Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барномаи омӯзишӣ барои аҳзоби сиёсӣ


Аз ҷумлаи аҳзоби сиёсии Тоҷикистон, панҷ ҳизб: демократ, наҳзати исломӣ, сотсиал - демократ, коммунист ва сотсиалист намояндаҳои худро шомил ба ин барномаи омӯзишӣ кардаанд. Умеда Ғафурова - коргузори ин барнома дар суҳбат бо Радиои Озодӣ гуфт, ки дар чаҳорчӯби он ҳудуди сесад тан аз намояндагони аҳзоби сиёсӣ омӯзиш хоҳанд дид. Ҳамчунин намояндагони аҳзоб ба курсҳои омӯзиши забони англисӣ ҷалб шудаанд. Хонум - Ғафурова афзуд :

«Мо мехоҳем, ки барои ҳама ҳизбҳои сиёсӣ дар мавриди муайян кардани сиёсати давлат, дастрасӣ ба маълумот ва интернет ҳуқуқ ва имконоти баробар муҳайё намоем. Барномаи мазкур таъсиси се чизро барои аҳзоби сиёсии Суғд ҳадаф қарор додааст: маҳфили шабакавӣ (интернет - клуб), саҳифа дар шабакаи ҷаҳонӣ (интернет - сайт) ва мизҳои мудаввар дар мавзӯъҳои муҳими сиёсӣ.»

Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Дилбар Самадова - сарвари бахши суғдии ҳизби сотсиал - демократ, маърифати сиёсиву ҳуқуқии аъзои аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар сатҳи хеле паст қарор дорад :

«Масалан, дар Оинномаи ҳизби мо омадааст, ки барои шомил шудан маълумот зарур нест. Яъне мо ҳар нафареро, ки хоҳиши ба ҳизбамон пайвастан дорад, қабул мекунем. Лекин барои баланд бардоштани дониши сиёсии онҳо ҳизби мо алҳол, мутаассифона, имконот надорад. Аз ин рӯ, ин барномаи омӯзишӣ бамаврид аст. »

Хонум Самадова ба хусус таъсиси сойти интернетӣ барои аҳзоби сиёсиро дар мавриде, ки ҳизбҳо барои нашр ва таблиғу ташвиқи барномаҳои худ, ҳатто дар давраи маъракаҳои интихоботӣ ба шабакаҳои хабарии Тоҷикистон дастрасӣ надоранд, судманд хонд. Зимнан, бахши суғдии ҳизби халқӣ - демократӣ, ба гуфтаи роҳандозони барнома, бо иддаои ин ки сойти президенти Тоҷикистон ҳамзамон сойти ҳизби ҳукмрон низ маҳсуб мешавад ва ниёзе ба саҳифаи дигар дар шабакаи ҷаҳонӣ надорад, аз иштирок дурӣ ҷустааст.
Барномаи омӯзишӣ барои аҳзоби сиёсӣ дар Хуҷанд бо сарпарастии сафорати ИМ дар Тоҷикистон ва созмони байналмилалии оид ба таҳқиқот ва мубодилаи мутахассисин - Айрекс (IREX) роҳандозӣ шудааст.
XS
SM
MD
LG