Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Мазҳакаи сиёсӣ дар шоҳигарии Тоҷикистон"


Мусоҳибаи Абдуқаюми Қаюмзод Рустам Ҳайдаров, коршиноси мустақили сиёсӣ дар сӯҳбате вижа бо Радиои Озодӣ андешаҳои худро дар мавзӯъи интихоботи қарибулвуқӯъ баён намуд:

РҲ: Ба фикри ман, ба ҳама маълум аст, ки натиҷаи интихобот чӣ гуна мешавад ва аз ин рӯ бозӣ намудан бо бозии сиёсие, ки аллакай натиҷааш маълум аст, барои ҳизбҳои оппозитсионие, ки дар кишвар машҳур ҳастанд, ягон маъно надорад ва вақти беҳуда сарф мешавад, маблағи беҳуда сарф мешавад ва он натиҷае нахохад дод. Ва ба баланд бардошта шудани рейтинги сиёсии ин ҳизбҳо ҳам ягон мусоъидат намекунад, аз ин рӯ албатта аз рӯи тактики сиёсӣ ин мавзеъи ҳизбҳое, ки аз ширкат дар интихоботи қарибулвуқӯъ даст кашидаанд, як маънии мантиқӣ дорад, ба назари ман. Дар ин ҷо боз бояд ба назар гирем, ки шумори тарафдорони ин ҳизбҳо хеле кам аст, новобаста ба он ки онҳо мегӯянд, ки мо тарафдорони зиёд дорем, шуморашон кам аст ва ман, албатта, бисёр шунидам, ки ҳизбҳо - ҳизбҳое, ки аз интихобот даст кашидаанд, мегӯянд, ба мо фишор оварда мешавад, ба раҳбарии мо фишор оварда мешавад, барои мо шароити мусоъид мавҷуд нест. Ҳайрон мешавам, ки барои чӣ ҳизбҳои оппозитсионӣ бо муҳоҷирони корӣ дар Русия кор намекунанд.

Муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кор мекунанд, агар бигӯем, ки аз рӯи шумор аз як миллион нафар зиёд ҳастанд, то як миллиард доллари амрикоӣ ба Тоҷикистон ҳар сол мефиристанд, аллакай онҳо бо ин амали худ ба рушди иқтисоди Тоҷикистон хеле ҳам мусоъидат мекунанд, яъне дар рушди он таъсири зиёд доранд. Дар ин ҷо мо мебинем, ки чӣ гуна қувваи бузурги иқтисодӣ мавҷуд аст ва ин як сармояи бузурги иқтисодӣ аст. Агар ҳамин қувва, яъне шумори зиёди муҳоҷирони меҳнатӣ, ки дар Русия кор мекунанд, дар байни онҳо фаъолияти сиёсӣ бурда шавад, онҳо метавонанд, ба фазои сиёсии Тоҷикистон ҳам таъсири худро расонанд. Вақте ки ба фазои иқтисодӣ таъсири он расид, ба фазои сиёсӣ ҳам мерасад ва бояд, ки дар байни онҳо кор бурда мешуд, Муҳоҷирони корие, ки дар Русия кор мекунанд, на аз зиндагии хуб онҷо рафтаанд. Агар онҳо зиндагии хуб медоштанд, агар онҳо аз сиёсати иқтисодӣ ва иҷтимоъии имрӯзии ҳукумати Тоҷикистон розӣ мебуданд, ҳеҷ гоҳ ба Русия намерафтанд ва ҳамин муҳоҷирони корие, ки дар Русия кор мекунанд, қувваи бузурги сиёсӣ ҳастанд ва сармояи бузурги сиёсӣ ҳам ҳастанд.

Ҳизбҳои оппозитсионӣ бояд дар байни онҳо кор баранд ва тарафдорони худро зиёд кунанд. Дар ин ҳангом, вақте ки як миллион нафар ба тарафи Ҳизби Сотсиал-Демократ, Ҳизби Наҳзати Исломӣ ё ягон ҳизби дигар сиёсӣ овоз диҳад, ягон раҳбар, ҳич қувваи сиёсӣ наметавонад ба ин ҳизб таъсири худро расонад.

АҚ: Шумо бозии аз қабл бохта мегӯед, яъне корзори интихоботи Тоҷикистон интихоботест, ки аз қабл натиҷаҳояш маълум аст ва аз тарафи дигар, масалан, муҳоҷирон метавонанд, ки дар интихобот таъсир гузоранд. Ба назари Шумо, заъфи ҳизбҳои сиёсии мухолиф ин аст, ки бо муҳоҷирон кор намекунанд, дар ҳоле ки Шумо мегӯед, ки бозӣ натиҷааш аз оғоз маълум аст, манзуратон чӣ аст?

РҲ: Ҳизбҳои сиёсӣ дар давоми панҷ-шаш соли гузашта бештар бо масъалаҳои дохилии худ, масъалаҳои сохтории худ машғул буданд, онҳо дар байни халқ он қадар фаъолият набурда буданд. Агар дар панҷ соли гузашта онҳо бештар байни он халқе, ки, масалан, аз сиёсати иқтисодӣ норозӣ аст, кор мебурданд, бибинед, ки ҳозир 64 ё 60 дарсади мардум бенаво аст. Ин маънои онро дорад, ки 64 дарсад бар зидди сиёсати иқтисодии ҳукумат аст, онҳо розӣ буда наметавонанд аз ин зиндагии худ. Дар ин ҷо сармояи сиёсӣ мавҷуд аст. Барои чӣ дар он ҷо кор бурда нашуд? Ин як. Дар оянда ҳизбҳо як чизро ба назар гиранд, ки аз рӯи барномаи максимум, барномаи баландмуддат кор кунанд ва барномаи баландмуддат он аст, ки онҳо аввал бояд ба порлумон гузаранд.Танҳо пас аз ғалаба онҳо танҳо дар ҳамон вақт метавонанд барои маснади президентӣ мубориза баранд. Ин чиз вуҷуд надорад. Аллакай маълум аст, ки онҳо тарафдорони зиёд надоранд, дар порлумон раъйи зиёд надоранд, пас дар бораи маснади президентӣ фикр кардан лозим нест.


АҚ:
Дар ҳарфҳои Шумо ман духӯрагӣ эҳсос мекунам. Дар ҳоле ки 64 дарсади мардум дар ҳолати фақру бенавоӣ зиндагӣ дорад, бештар аз як миллион шаҳрванди Тоҷикистон дар муҳоҷират ба сар мебаранд, яъне ин табақа аз сиёсати имрӯзаи иқтисодии Тоҷикистон норозӣ ҳастанд ва табъан инҳо мехоҳанд, ки як тағйироте дар зиндагиашон шавад, вале номзаде, ки аз ҲХДТ аст ба дунболи он сиёсате меравад, ки албатта, то имрӯз дошт ва ин ҳизбҳое, ки вориди интихобот нашудаанд, инҳо на аз он шиква мекунанд, ки ҷонибдор надоранд ё ин ки тарафдорашон кам аст. Онҳо асосан ин далелро матраҳ мекунанд, ки натиҷаҳои интихобот нодуруст ва бо тақаллуб ҷамъбаст мешаванд. Назари шумо чӣ аст?

РҲ: Дар ин ҷо албатта, масалан пешгӯӣ кардан мумкин нест, чунки таҷрибаи умуман давлатҳои муштарокулманофеъ нишон медиҳад, ки албатта дар ин мавридҳо, вақте ки сармояи маъмурӣ дар дасти ҳизбе бошад, ки масъалан вай дар сари қудрат аст, албатта онҳо аз ин истифода хоҳанд бурд. Барои ҳамин ман фикр мекунам, ки агар ҳизбҳое, ки масалан онҳо ҳозир иштирок кардан намехоҳанд дар парламенту дар дигар сохторҳо аъзоёни худ ё ин ки зиёдтар медоштанд, мумкин ки ҳамин чиз амалӣ намегашт, яъне ки масалан сохтакорӣ дар ҷамъбаст намудани натиҷаҳои интихоботу дигару-дигару-дигар . Албатта ин гуна хатогиҳо ё ки ин гуна сохтакориҳое, ки дар интихоботи гузашта буд дар парламент мумкин аст, ки такрор ёбад, аз ин чиз, аз ин воқеа ягон кас пеш гуфта наметавонад, ки масалан ин амалӣ мешавад ё не. Яъне ки созмонҳои байналхалқӣ масалан интихоботҳои парламент баргузор шуд, аллакай онҳо гуфта буданд, ки дар онҷо сохтакорӣ бисёр дида мешуд. Барои чӣ ин чиз боз як бори дигар такрор наёбад?

АҚ: Фикр намекунед, ки ба чунин бозӣ ширкат накардани ҳизбҳои аслии мухолифи давлати Тоҷикистонро сабаби асосӣ ин аст, ки интихобот, яъне озоду шаффофу, мунсифона сурат намегирад ва ин роҳи хубе ҳаст, ки онҳо ҳадди ақал обрӯи худро дар ҷомеа ҳифз мекунанд, бо ин ки дар интихобот иштирок намекунанд.

РҲ: Ман фикр мекунам, ки ин фикру ақидаи дуруст нест, чунки агар онҳо тарафдорони зиёд медоштанд, ягон шахс, ягон ҳукумат наметавонист, ягон кор кунад.

АҚ: Ба назари Шумо имрӯз дар баробари Раҳмонов вориди сабқати интихоботӣ шудани нафароне мисли Абдуҳалим Ғаффоров - раиси Ҳизби сотсиалисти Тоҷикистон, Амир Қароқулов - раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон як мазҳакаи интихоботӣ наменамояд, зеро инҳоро бархе аз коршиносон ҳамчун ҳарифони фармоишӣ ва аҳзоби ҷайбии ҳукумат арзёбӣ мекунанд.

РҲ: Албатта агар аз рӯи меъёрҳои, ки масалан талаботҳояш маълум аст, барои он ки интихоботи алтернативӣ бошад ва дар он ҷо бояд чанд нафаре иштирок кунад, аз рӯи стандартҳои байналхалқию меъёрҳои маъмул мо ягон чиз гуфта наметавонем. Албатта мо мебинем, ки дар ин ҷо чанд нафаре иштирок дорад ва гуфтан мумкин аст, ки ин алтернативӣ аст, лекин шахсан ман номи он шахсҳое, ки Шумо номбар кардед, бори аввал мешунавам, халқ ҳам бори аввал мешунавад. Ин маънои онро дорад, ки аллакай ба ҳама маълум аст, вақте ки Эмомалӣ Раҳмонов чандин сол боз дар мо ҳукмрон аст ва вайро халқ бештар мешиносад, аввал ҳама ба ӯ овоз медиҳад. Вақте ки мо медонем, ки он шахсҳое, ки худро ба маснади президентӣ пешбарӣ кардаанд умуман на капитали сиёсӣ доранд ва на дар байни халқ машҳур ҳастанд дигару-дигар , онҳо ба чӣ умед мебанданд, аз ин рӯ, маънӣ надорад иштироки онҳо дар интихобот. Гуфтан мумкин аст, ки ин як мазҳака аст, мазҳакаи сиёсӣ барои хориҷиён, то ки бубинанд, масалан дар ин ҷо ҳақиқатан интихобот ба таври алтернативӣ мегузарад.

АҚ: Шумо пеш аз он ки воқеаҳо дар Қирғизистон, дар Бишкек рух диҳад ва пеш аз он, ки воқеаҳо дар Узбакистон рух диҳад, қаблан вуқӯи ҳамин ҳодисаҳоро пешгӯӣ карда будед. Ба назари Шумо оё баъд аз он, ки ҷаноби Раҳмонов дар интихобот пирӯзӣ ба даст хоҳад овард, бархӯрди ҳукумат, бархӯрди мақомот бо аҳзоби сиёсии мухолиф чӣ гуна хоҳад буд? Оё Тоҷикистон ба самти демокрасӣ рушд хоҳад кард ё ин ки боз ҳам бештар низоми яккаҳокимиятӣ таҳким меёбад?

РҲ: Ба назар нагирифтани қонунҳои инкишофи ҷамъият ба он оварда мерасонад, ки воқеаҳои Андиҷон ва Бишкек дар оянда амалӣ хоҳад шуд дар бисёр мамлакатҳое, ки дар он ҷо сохти демократӣ пойдор нест. Ман чиро дар назар дорам, вақте ки мардум мебинад, ки на аз тарафи ҳукумат ба дарди ӯ мехӯранд ва на ташкилотҳои байналхалқӣ, на давлатҳои абарқудрат, ба мисоли Русия, Амрико ва дигару-дигар. Пас ягона чорае мемонад барои эътирози худро баён намудан, ин пайваст шудан ба ягон ташкилоте, ки ғайрилегалӣ ё ин ки ғайриқонунӣ амал мекунад дар ҳудуди Осиёи Марказӣ, ман ба назар дорам ташкилотҳои динӣ ё ки ташкилотҳое, ки аз тарафи бисёр созмонҳову, масалан давлатҳои абарқудрат ҳамчун ташкилотҳои динии террористӣ номбар шудаанд. Ҳизбҳои озод, матбуоти озод барои он лозим аст, ки халқ эътирози худро бо он баён намояд. Халқ, вақте ки бо ин тарз эътирози худро баён намуд, вай гӯё, ки аз ҳамин ҳиссиёту аз ҳамон чиз каме озод мешавад, яъне ки вай аллакай қонеъ мегардад, масалан вай ба худ мегӯяд , ки ман арзи худро расонида тавонистам ва касе ӯро шунид ё фаҳмид.

Вақте ки ин гуна чизҳо нестанд дар ҷамъият, ин ҷамъият охири охир ба як конфликт дучор хоҳад шуд, ба як низоъ омада мерасад ва низои дохилии байни ҳукумат ва байни ҳизбҳои муайяни иҷтимоӣ, ки онҳо аз сиёсати ҳукумат норозӣ ҳастанд ва ин чиз қариб дар тамоми мамлакатҳои Осиёи Марказӣ амалӣ хоҳад шуд.

АҚ: Оё баъди интихобот шеваи муносибати ҳукумат бо аҳзоб ва матбуоти озод тағйир мекунад ё не?

РҲ: Ман фикр мекунам, ки пурра матбуоти озод маҳдуд хоҳад шуд ва ҳизбҳои сиёсӣ ҳам фаъолияташон маҳдуд хоҳад шуд, чунки шахсоне, ки дар Тоҷикистон роҳбариятро ба дасти худ гирифтаанд, онҳо аз қонунҳои инкишофи ҷамъият бехабар ҳастанд. Онҳо фикр намекунанд, ки ҷамъият на бо иродаи шахсии онҳо пеш меравад. Ҷамъият худаш як организми зинда аст, онҳо бояд аз илми сотсиология бохабар бошанд. Агар онро хонанд, дар он ҷо навишта шудааст, ки ҷамъият ин як мисоли организми зинда аст, он бемор мешавад ва онро муолиҷа намудан даркор аст, лекин ба иродаи шахсии як нафар ин ҷамъият пеш намеравад. Вақте ки ин аз назар дур мешавад дар ин ҷамъият ҳатман низоъ хоҳад шуд.

АҚ: Шумо дар бораи илми сотсиология сӯҳбат кардед, дар илми сиёсатшиносӣ набуди матбуоти озод, пахши созмонҳои сиёсии мухолиф, таблиғи ба истилоҳ ормонҳои миллию умумимиллӣ бо ҳадафи дур бурдани омма аз масоили аслии мушкилоти рӯз, тақсими қудрат миёни хешу табор, афзоиши шумори нирӯҳои амниятиву интизомӣ нишонаҳои режими авторитарӣ дониста мешавад. Оё фикр намекунед, ки ҳамаи ин нишонаҳоро дар ҷамъияти имрӯзаи Тоҷикистон хеле рӯшан мешавад мушоҳида кард?

РҲ: Албатта, ин гуна нишонаҳо дида мешаванд, агар шахсҳое, ки ҳамин гуна шароитро дар Тоҷикистон муҳайё намуданд, онҳо фикр кунанд, ки дар оянда ҳамин гуна режим боқӣ хоҳад монд, албатта гумон мекунам, ки ягон режими сиёсии авторитарӣ умри дароз надорад. Онҳо ҳатман пош мехӯранд, ҳатман барҳам мехӯранд ва таърихи ҳозираи давлатҳои баъд аз Шӯравӣ нишон медиҳад, ки дар он ҷое, ки режими авторитарӣ маъмул буд, дар он ҷо коррупсия, фасод ва ришвахӯрӣ пеш рафт. Режими авторитарӣ маънои онро дорад, ки ин миллат ояндаи хуб надорад, ба он маъно, ки инкишоф надорад ва агар ин гуна нишонаҳо дар Тоҷикистон мавҷуд бошад, ин албатта ба сустшавӣ ё ки ба нестшавии миллати мо оварда мерасонад, чунки мо ягон шароите барои инкишоф, барои пеш рафтан надорем ва наслҳои оянда баъд аз сад сол оё бо мо ифтихор хоҳанд кард ё не, маълум нест. Он чизҳое, ки масалан дар соҳаи иқтисод сохта мешаванд онҳо аз ҳисоби пули Тоҷикистон не, балки аз ҳисоби маблағҳои хориҷӣ сохта мешаванд ва Тоҷикистон авлод ба авлод дар наслҳои ояндаи тоҷик ба қарз ғутида шудаанд ва он қарзи берунае, ки мо дорем онро кӣ бармегардонад маълум нест. Мо аз чӣ бояд фахр кунем. Мана ин аст нишонаҳои режими авторитарӣ дар Тоҷикистон.

АҚ: Ба эътиқоди коршиносон идомаёбии режими авторитарӣ оқибат ба як нооромӣ ва ноамонӣ оварда мерасонад , ба хотири ҷилавгирӣ аз ин гуна нооромӣ ва ноамнӣ оё мешавад Тоҷикистон шоҳигарӣ ё салтанат эълон шавад?

РҲ: Дар Аврупо ҳам шоҳигариҳо ҳастанд, масалан дар Испания, дар Белгия ва дар Голландия. Бигузор, ки шоҳигарии Тоҷикистон шавад, лекин мазмунан сиёсати давлат, сиёсати иқтисодию иҷтимоии давлат тағйир меёбад ё не. Фарқаш нест, ки мо дар шоҳигарӣ зиндагӣ мекунем ё ки дар низоми ҷумҳуриявӣ зиндагӣ мекунем, ҳадафи асосӣ он аст, ки ин давлат давлати адолатпараст, иҷтимоӣ ва демократӣ хоҳад буд.
XS
SM
MD
LG