Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пахта, пахта, ҷон пахта....


аз нирӯи онҳо дар маъракаи имсолаи пахтачинӣ сарфи назар мешавад. то охирин лаҳза умед доштанд Мегӯянд ки таърих ва ҳатто соати ин изҳороти раиси ҷумҳурро дар хотир доранд Донишҷӯёни манотиқи пахтакори Суғду Хатлон

Як муҳассили соли 4-уми донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, ки аз гирифтани номаш худдорӣ кард, дар як суҳбати телефонӣ бо барномаи Ояндасоз гуфт, ки имсол ҳам ҳамсабақони ӯро иҷборан ба чиниши пахта ҷалб карданд.

«Махсус ариза ташкил карда мешавад ва донишҷӯёнро маҷбур мекунанд, ки имзо монанд ва гӯё, ки донишҷӯён бо ихтиёри худашон ариза навиштаанд. Ҳамаи инро баъд ба боло пешниҳод мекунанду донишҷӯёнро мебаранд.»

Вале вазорати маориф чанде пеш бо пахши як баёния гуфт, ки донишҷуён довталабона тасмим гирифтаанд ба хоҷагиҳои пахтакор кӯмак расонанд ва ин амали иҷборӣ нест.

Ин дар ҳолест, ки дар ҷаласаи ҳукуматие, ки дар таърихи 12 сентябр доир гашт раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонов таъкид кард, ки дар мавсими имсолаи ғунучини пахта аз қувваи донишҷӯёну муҳассилини макотиби таҳсилоти умумӣ истифода нахоҳад шуд. Аммо донишҷӯёни манотиқи пахтакори вилояти Суғду Хатлон, ки таърих ва ҳатто соати ин изҳороти раисҷумҳурро дар хотир доранд, мегуянд, ки то охирин лаҳза умед доштанд аз нирӯи онҳо дар маъракаи имсолаи пахтачинӣ сарфи назар мешавад.

Тибқи моддаи 22 қонуни маорифи Тоҷикистон, ҷалби хонандагону донишҷӯён ва аспирантон ба корҳои кишоварзӣ ва дигар корҳои дур аз ҷараёни таълиму тарбия манъ аст. Аммо дар ҳамин ҳол Нуриддин Саидов корманди вазорати маорифи кишвар мегӯяд донишҷӯён бояд дар корҳои хоҷагӣ ва чорабиниҳои сиёсӣ дасти ёрӣ дароз кунанд.

«Дар корҳои хоҷагӣ, дар ғунучинӣ пахта ва дигар маъракаҳои сиёсӣ, ки аз тарафи ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва вазорати маориф амалӣ мешавад бояд донишҷӯён ҳам мутташакилона кумак расонанд.»

Ба гуфти дониҷуёни пахтачини донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа, ба ҷуз аз курсҳои якуму панҷум боқӣ тамоми муҳассилини донишгоҳу донишкадаҳои ин минтақа ба пахтачинӣ машғул ҳастанд. Як омӯзгори Коллеҷи тиббии Қурғонтеппа дар суҳбати бидуни микрофон гуфт ҳамаи донишҷӯёни ин колеҷ, яъне беш аз як ҳазор нафар ҳамчунин дар саҳро ҳастанд.

Маҳмад-чунин муаррифӣ кард худро донишҷӯи дигар аз Қурғонтеппа, ки аз мушоҳидаҳояш ва нақли он донишҷӯёне, ки аз майдони пахта фирор кардаанд чунин қисса кард.

"Донишҷӯён нақл карданд, ки рафтем дар як биёбони ноҳияи Бишкент вақте об хушк мешуд оби дар кулмачакҳо манъ шударо аз дока гузаронида менушидем, яъне шароитҳо маҳдуданд. Худам ҳам шоҳид будам, ки донишҷӯён субҳи барвақт аз хоб мехестанд ва дар наздикии хобгоҳе, ки онҳоро ҷой кардаанд об нест барои ҳамин онҳо ба масофаи 500 метр зиёдар рафта дасту рӯй мешуянд. Ва чанд нафараш ҳам, ки бо ман суҳбат доштанд мегуфтанд ҳамон нону хуроке, ки барояшон медиҳанд ба серӣ нест."

Вале дар ҳамин ҳол Хурсанд Аъзамов- раҳбари донишгоҳи давлатии Кулоб мегӯяд, онҳо ҳамасола бо назардошти шароити хуби ҷои хобу зисти донишҷӯён дар саҳро ҷавононро ба майдонҳо сафарбар мекунанд. Ва ба гуфти ӯ имсол донишҷӯёни Кӯлоб ба саҳро дертар, яъне аз аввали октябр равон мешаванд. У гуфт, донишҷуёни Кӯлоб чанд моҳ дар тамринҳои ҷашни истиқлол ва 2700 солагии ин шаҳри бостонӣ ширкат карданд ва ҳоло фурсате дар таътил хоҳанд буд. Вале Хурсанд Аъзамов ректори донишгоҳи Кӯлоб мегӯяд, донишгоҳ кӯшиш мекунад, то ин ҳама ба таҳсили донишҷӯён таъсири манфӣ нарасонад.

«Донишҷӯёнро ба навбат мебарорем ва ҳаракат мекунем, то соатҳои дар вақти пахта буданашонро ҷуброн кунем. »

Маҳмад як донишҷӯи донишгоҳи Қурғонтеппа мегӯяд, аз он изҳори норозигӣ мекунанд, ки ҳукумат ба ҷойи ба чунин корҳо ҷалб кардани нирӯи бекори ҷомеа, аз қувваи ройгони муҳассилони донишгоҳҳо истифода мекунад.

«Дар ин ҳолат, ки розӣ мешавад дар чунин шароити бади иқтисодие, ки мо донишҷӯён дорем, масалан ҳар рӯзе барои мо 10 сомон даркор , чӣ хел меравем бепул пахта мечинем то бегоҳ, шахсан ман розӣ намешавам ба ин.»

Вале дар ҳамин ҳол Исмоил Раҳматов як таҳлилгари тоҷик чунин назар дорад.

«Сабаби асосии фирори коргарон ва деҳқонон ба дигар кишварҳо якеаш ҳамин ҷалб накардани онҳо ба пахта аст. Мо медонем, ки теъдоди зиёди коргарон бекор ҳастанд, агар музди меҳнати онҳо дар вақташ ва зиёд дода шавад, албатта деҳқонон худашон ҳамин пахтаро ҷамъ меоранд ва ниёз ба қувваи донишҷӯён намемонад.»

Соли ҷорӣ вазорати маорифи Тоҷикистон бо ташкили як силсила санҷишҳо роҷеъ ба омузиши сатҳи дониши мактабиёну донишҷуёни кишвар ба чунин хулоса омад, ки донишҳои муҳассилони мактабҳои миёнаву олии кишвар ҷавобгӯи талабот нест ва як сабаби муҳими чунин вазъро бархе аз коршиносону донишҷӯёу дар ҷалби беш аз пеши муҳассилон ба маъракаҳои мухталифи корӣ арзёбӣ мекунанд. Аммо илоҷи масъала ба андешаи онҳо дар он аст, ки мақомот бояд сиёсати кишту ғунучини пахтаро бознигарӣ намуда, ба равандаи таълими ҷавонон халал ворид накунанд.
XS
SM
MD
LG