Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Срйел, кислая, фаля, пйет, вр, ндр..."


Чаро табибон бо хатти "духтурӣ" менависанд а? «Дар ин ҷо чӣ навишта шудааст. Чӣ срйел, кислая, фаля, белок, пйет, вр, ндр .. ё Худо тамоман намешавад хондан.» «Чӣ кислая наминал, чӣ орг ҳммм....» «Темал як 0,11 эээ ия ай кадом аптека додиян. Необзорном , чӣ тсе...ке..е ,чӣ спрезен....опрезен ... Нагуфтед, ки охир фаҳмо нависанд духтурҳо.»

Маҳинаи Даврон, коромӯзи Радиои Озодӣ

Хоҳ бовар кунед, хоҳ на ва шояд бароятон хандаовар ҳам бошад, бо якчанд варақаи тиббӣ дар даст ман ба кӯча баромада, аз роҳгузарон хоҳиш намудам, то навиштачоти онро мутолиа кунанд. Аммо ин ҳусни хатро, ки барои худи ман нофаҳмо буд, касе аз мусоҳибонам ҳам натавонист беғалат бихонад. Бархе ҳатто бо фаҳмидани он, ки варақаи тиббист, худро барои хондани он ташвиш ҳам намедоданд ва ба ман ҳам маслихат медоданд, ки ба духтурон муроҷиат кунам, зеро ин навиштаҳоро танҳо худи онҳо мутолиа карда метавонанд.

Албатта ман ба духтурон муроҷиат кардам, аммо на барои мутолиаи он варақаҳо, балки барои фаҳмидани иллати аслии мушкилфаҳм будани ҳусни хатти табибон барои беморону одамони оддӣ. Воқеан ҳам чаро ҳусни хати табибон фарқкунанда аст ва барои аксарият мушкилфаҳм? Хурсанд Шарифова, доктори улуми тиб ва омӯзгори Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон иллати аслии нофаҳмо будани ҳусни хатти табибонро қабл аз ҳама дар таҳсил дар худи донишгох медонад ва дар робита ба ин чанд сабаби дигар меорад.

«Дуюм сабабаш ҳамин ки аз курси як донишҷӯёни мо забони лотиниро мехонанд, чунки дар соҳаи тиб ҳамаи маводи дорувориро мо бояд ба забони лотинӣ навишта тавонем. Баъзан махсус баъзе бемориҳое ки мо намехоҳем касал донад, ки ҳамин хел беморӣ дорад ба забони лотинӣ менависем , ё ки кӯтоҳ карда нофаҳмо карда менависем ки бемор нафаҳмаду ноумед нашавад.»

Хурсанд Шарифова мегӯяд, баъзан ҳолатҳое мушоҳида мешавад, ки ҳатто бархе аз доруфурӯшон ҳам, номгӯи доруҳоро дуруст хонда наметавонанд.

Ва дар ҳамин ҳол ман ҳамоно бо варақаҳои тиббӣ дар даст роҳи дорухонаро пеш гирифтам, то мутмаин шавам , оё дар воқеъ чунин ҳаст ва на. Oё воқеан ҳам ҳолатҳое ҳастанд, ки доруфурӯшон, ки мутахасcисони соҳаи тибанд, ҳусни хатти табибро хонда наметавонанд. Медароям ба яке аз дорухонаҳои Душанбе ва аз доруфурӯши он хоҳиши хондани давотро менамоям.

«Алое укол , аскорбиновая кислота , витамин , лидокоин , метрогил дента , средни кислая . Ин чӣ мегӯянд ҳозир слиз , слиздет ,средно кислая гуфтагӣ , намедонам инашро.»

Аммо Ҳотам Ҳазораев, доруфурӯши дорухонаи дигар дар шакли дуруст ва беғалат он авроқи табибро мутолиа кард, вале баъдан ба ислоҳи ғалатҳои навиштаи табиб шурӯъ намуд. Ӯ аз таҷрибаи худ мегӯяд , ба ҷузъ нофаҳмо будани ҳусни хат баъзан духтурон ҳатто дар навиштани номгӯйи доруҳо ба беморон ба иштибоҳҳо роҳ медиҳанд ва хуб намефаҳмонанд.

«Дар ин ҷо алое гуфтагӣ рақами 10, маънои гапи он духтурро ман фаҳмидам ки чӣ мехоҳад, 10 ампула мехоҳаду, лекин ин ҷо бояд менавишт, ки 1 милилитрӣ 10 ампула . Ин хел набояд бошад. Боз иштибоҳи духтур дар он аст, ки дору 0,5 фоиза мешавад, 10 милилитр боз 0,1 фоиза мешавад . Яъне духтур бояд дозаро ҳатман нависад, ки чанд фоиза дору даркор ва доруфуруш бояд фаҳмад, ки доруи чандфоизаро ба харидор диҳад. Чунки фаҳмидани фоизи дору барои доруфуруш хеле муҳим аст .»

Ин гуна ҳолатҳо зиёд мешаванд?

«Зиёд дар зиёде мешаванд, ки бас ногуфтанӣ.»

Хурсанд Шарифова, докори илмҳои тиб мегӯяд, барои мариз ва ё мардуми оддӣ донистан ва хонда тавонистани навиштаҷоти он варақаҳо шарт нест, ки чӣ гуна дору аст ё беморӣ. Ӯ мегӯяд, табиб барои табиб менависад, на барои мариз. Аммо Рӯҳафзо Иброҳимова, сокини пойтахт аз нофаҳмоии ҳусни хати пизишкон изҳори норозигӣ менамояд.

«Шахсан худи ман ба ҳамин гуна ҳодиса дучор омадам ва дар он варақаи тиббӣ он қадар фаҳмо навишта нашуда буд, ки чанд маротиба дар як рӯз истеъмол намоям он доруро .Вале вақте ки ман ба дорухона рафтам , инкор намекунам ки доруфурӯш бароям чанд бор истеъмол кардани онро нагуфт, гуфт бароям . Лекин ҳамааш дар хотирам намонд . Ва вақте ки ба хона рафтам, чӣ хеле ,ки хостам , ҳамон хел истеъмол кардам он доруҳоро.»

Зебогии хат дар ҳама маврид хуб аст, мегӯяд профессор Хурсанд Шарифова, вале барои табиб муҳим доштани дониши хуб ва ё мутахаcсиси хуб будан аст на дорои ҳуcни хати зебо.

Вале ба назари аксари беморон аз навиштаҷоти табиб солимии онҳо вобастааст, яъне агар он хат нофаҳмо бошад, мумкин аст, ки бемор ба ҷойи як даво доруи дигарро истеъмол кунад ва ин албатта ба саломатӣ таъсири манфӣ мерасонад.
XS
SM
MD
LG