Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нашри "Мунтахаб-ул-луғот" ба сириллик ва бо шарҳу тавзеҳот


«Мунтахаб - ул -луғот»-и Таттавӣ нахустин фарҳанги тафсирии арабӣ ба форсист, ки соли 1637 дар Ҳиндустон нашр шудааст.

Дар таълифи асар фарҳангҳои машҳуре чун «Суроҳ», «Канз», «Сиҳоҳ», «Асомӣ», «Масодир ва «Муҳаззаб» истифода шудаанд.

Абдуррашиди Таттавӣ ибни Сайид Абдулғаффур аз фарҳангнигорони саршиноси қарни 17 аст, ки аз худ осори маъруфе ҳамчун «Мунтахаб-ул-луғот», «Рисолаи муъарработ» ва «Фарҳанги Рашидӣ»-ро ба мерос гузоштааст.

"Мунтахаб-ул-луғот" дар тӯли чаҳор сада барои таснифи фарҳангҳои дигар ҳамчун сарчашмаи боэътимод мавриди истифода қарор дошт. Фарҳангҳои маъруфе ҳамчун «Ғиёс-ул-луғот» ва «Сироҷ-ул-луғот» дар пайравии он навишта шудааанд.

Удабои тоҷик нашри китоби ахирро ҳамчун як таҳаввулот дар фарҳангнигории тоҷик истиқбол карданд.

Ҷонибек Акобиров, сардабири маҷаллаи «Садои шарқ»:

«Нашри «Мунтахаб - ул - Луғот» аз ҷониби устод Амон Нуров як гоми хубест, дар роҳи рафъи истилоҳоти барғалат дар забон. Ин луғат бояд 70 сол муқаддам баробар ба гузаштан ба расмулхатти сирилик нашр мешуд ва ба дасти тоҷикон мерасид. »

Сафар Айюбзодаи Маҳзун, адиби тоҷик меафзояд:

«Мунтахаб - ул - луғот» пурарзиштарин дастоварди замони ахири мост. Имрӯз, ки ҷамоъаи мо дар даврони истиқлол рӯ ба фарҳанги худ овардааст, табиӣ ва амри хайр аст, ки ин фарҳанг нашр шуд. Тӯли 70 сол хостанд забони моро забони кӯчаву хиёбонҳо кунанд. Ва ҳамакнун мо бояд кӯшиш кунем, ки бар асоси фарҳангу луғот ин забонро баргардонем ба мартабаи қаблии он»

Ба иттилоъи мунаққидин ва удабои тоҷик нашри «Мунтахаб-ул-Луғот»и Таттавӣ ба хатти сирилик талаби замон аст. Ҷонибек Акобиров меафзояд, замони ахир аз тариқи расонаҳои хабарӣ кишварҳои ҳамзабон бархе аз калимаву вожаҳои арабие ба журналистикаи тоҷик ва адабиёт роҳ мебаранд, ки аслан ғалат истеъмол мешаванд. Мусоҳиби ман гуфт, ин дар мавридест, ки дар беш аз 500 фарҳангу тафсироти дигари форсӣ дар кишвар ба хатти сириллик баргардон шудаанд, вале маблағ барои чопи онҳо нест.

«Мунтахаб-ул-Луғот» бо кӯмаки молии Бунёди СОРОС , бо пешгуфтор, тавзеҳот ва феҳристи Амон Нуров ва бо тавсияи Доиратулмаорифи миллии Тоҷикистон ва Вазорати фарҳанги кишвар дар нашриёти «Матбуот» - и Душанбе ба дасти чоп расид.
XS
SM
MD
LG