Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бӯҳрони фалсафаи раҳбарӣ


Коргардон -- Салими Аюбзод ё "Leadership" дар Тоҷикистон

Ассалому алейкум, ҳамнафасони арҷманд.
Тоҷикистон дар ҷустуҷӯи раҳбари оқилу тавоно ба сӯйи интихобот ҳаракат дорад. Афроди зиёде вақте банди аввали қонуни интихоботро мехонанд, махсусан он порчаро, ки ҳар шаҳрванди Тоҷикистон ҳақ дорад, президенти мамлакат бошад, ҳатман як бор дилашон гум мезанад. Бархеро ҳаваси шӯҳрат ангезиш медиҳад ё маоши баланду сафарҳои бепули хориҷӣ, аммо бархи дигарро алами ин ки вай метавонад, беҳтар аз ҳар каси дигар ин вазифаро иҷро кунад, вале интихобот тавре хоҳад шуд, ки:
Садои эълон аз минбари стадион: "Халқ аллакай номаздии (?) худашро медонад. Фаҳмидед-а номзада ма кира дар назар дорум."
Садоҳо аз стадион: Ҳа, ҳоа, урра (кафкӯбиҳои бардавом)
Шояд ҳамин зӯргӯйиҳо буд, ки бисёр орзумандон ва арзандагони раҳбарӣ аз сабқат даст шуставу худро канор кашидаанд.
Ҳарчанд даъватҳо гӯё самимона буданд.
Садои ҷаноби олӣ: "Ба паҳлавонон...Тамоми паҳлавононе ки...(бо фарёд) дар асл...медонен-а, чамбаршох не (?) дар асл паҳлавон ҳастанд, ман ба майдон мехонам!"
Хуб, шояд дарёфтед, ки имрӯз аз нирӯ ва салиқаи раҳбарӣ сӯҳбат мекунем. Оё як раҳбари хубро аз рӯйи чӣ нишонаҳое метавон шинохт. Фитрати раҳбарӣ илм аст ё ҳунар ва ё ҳарду?

БӮҲРОНИ РАҲБАРӢ

Бо вуҷуди садоҳое ки дар оғози барнома шунидед, огоҳ мекунам, ки мо фақат бо Тоҷикистон маҳдуд намешавем, балки ба кишварҳои дигари Шарқу Ғарб низ саре мезанему мебинем, ки вақте "раҳбар, пешво, сарвар" мегӯянд, киро дар назар доранд.
Аммо, албатта, аввал аз Тоҷикистон сар мекунем ва риштаи суханро ба ҳамнафаси ин лаҳзаҳои мову шумо, Раҳматкарим медиҳам, ки оё хусусиятҳои як раҳбари хуб дар Тоҷикистон дар чиҳо падидор мешаванд? Вай мегӯяд, ба назари бархе аз коршиносон пеш аз ҳама худи назарияи раҳбарӣ ба як бӯҳрон дучор шудааст, ки раҳоӣ аз он мушкил аст. Аз як сӯ ҷанги Тоҷикистон ин бӯҳронро ба миён овард ва аз сӯи дигар "мактаб"-ҳои тарбияи раҳбарон то ҳанӯз натиҷаи дилхоҳ надодаанд. Раҳбари Маркази таҳқиқоти журналистӣ дар Тоҷикистон, рӯзноманигори варзида Хуршеди Атовулло гуфтааст, ҳоло раҳбарон бештар дар на дар фикри расидан ба сатҳи баланди умури идорӣ, балки дар фикри онанд, ки чӣ тавр ба раҳбари аз худ болотар писанд оянд. Ва ҳангоме ки ин ё он шахс ба мақоми раҳбар баргузида мешавад, муҳим ин нест, ки оё аз ӯҳдаи иҷрои вазифа хоҳад баромад ё на, муҳим ин аст, ки то кадом ҳад вай ба роҳбари болотар писанд аст ва ба ӯ садоқат дорад. Ва Алиаҳмад Ёраҳмадов, устоди равоншиносӣ дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон мегӯяд, вақте сарвар ё роҳнамо будан на ҳадафи ниҳоӣ, балки як васила барои ҳадафи ниҳоии кӯчактар аз ин аст, раҳбарон хосиятҳои аслии раҳбариро аз даст медиҳанд. Ва Саймуддин Дӯстов, мудир Маркази таҳлилии ҳизби ҳокими халқию демократӣ мегӯяд, агар раҳбарони расмӣ бар изофаи вазифаи расмие ки доранд, дар ҳақиқат лидер ё пешво мебуданд, ба комёбӣ даст ёфта метавонистанд. Ва бо дарназардшоти ҳамаи назарҳо бӯҳрони фарҳанги раҳбарӣ дар авҷ аст ва фурсати чанд насл шояд зарур аст, ки ин бӯҳрон паси сар гардад. Ҳамзамон рафъи худи ин бӯҳрон низ ба раҳбарони ҳақиқӣ ва бохирад ниёз дорад.
Бӯҳрони фарҳанги раҳбарӣ дар Тоҷикистон бо даъвати интизории дерсола ва он ҳам бо кӯмаки раҳбарии нек, ки як доираи сарбастаро мемонад.
Яъне барои он ки тухм ба даст ояд, аввал бояд мурғе дошт, аммо барои доштани мурғ нахуст бояд тухме ба даст овард.
Давлатҳои Ғарб шояд фурсати бештаре доштанд, ки имрӯз дар донишгоҳу коллеҷҳои онҳо фокултаҳои раҳбарӣ мавҷуданд ва ҳатто академияҳои раҳбарӣ боз шудаанду раҳбаронеро ба воя мерасонанд, мисли онки мурғе тухми заррин ба дунё меорад.
Аз сӯи дигар созмонҳои ҷамъиятии зиёд, бунёду хазинаҳо бо додани ҷоизаҳои баланд, аз миёни мардум пешопеш раҳбарони оқилу одилро пайдо ва шиносоӣ мекунанд.

НАЗАРИ РАҲГУЗАРОН

Агар мардум вуҷуд надошта бошад, оё раҳбарон ба кӣ сарварӣ мекунанд?
Ба назар мерасад, ин пурсиш камидаркам ба ёди раҳбарон мерасад. Магар ин ки дар давраҳои интихобот. Ва одатан, раҳбарон гумон мекунанд, мардум барои он вуҷуд дорад, ки онҳо битавонанд, ба касе амру дастур диҳанд. На ин ки онҳо барои он вуҷуд доранд, ки ғами мардумро бихӯранд, ба мардум зхидмат кунанд.
Ва ин мардум аст, ки ба раҳбарон аз сардори як корхонаи хурд гирифта, то сардори давлат баҳо медиҳанд. Баҳое медиҳанд, ки шояд дар ситоишномаҳои муаллифони дарборӣ нагунҷад, вале барои ҷовидонҳо, барои таърих боқӣ хоҳад монд.
Хуб, ҳоло бо ҳамнафаси дигари мо, Бонуи Нилуфар ба сайри кӯчаҳои Душанбе меравем ва аз раҳгузарон мепурсем, ки дар ин масъалаҳо чи назар доранд?

-- раҳбари хуб ҳамонест, ки маҳалчигӣ накунад ва ҳамаро ба як чашм бинад ва мардум ӯро дӯст доранд.
-- раҳбари хуб бояд ғами коргарони худро хӯрад, дар фикри маоши онҳо бошад.-
- одами бомаданият бошад, дониши ҳаматарафа дошта бошад ва аз доираи қонун берун набарояд.
-- кордон бошад ва манфиати шахсии худашро дар ҷойи дувум гузорад.
-- хешутаборбозӣ накунад.
-- аз зиндагии коргарони худ огоҳ бошад. -
- роҳбари хуб бояд камтар аз минбарҳои баланд гап занаду бештар кор кунад.
-- одамонро муттаҳид карда тавонад.
-- шахсоне ҳастанд, ки дар талаби мансабу вазифа ҳастанд, вале шахсони дигаре ҳастанд, ки баракс мансаб ба онҳо эҳтиёҷ дорад. Касоне ки дар талоши вазифа ҳастанд, мақсади онҳо танҳо вазифа аст, на кор.
-- раҳбари хуб касест, ки дар соҳаи худ беҳтарин бошад ва намуна нишон диҳад.
-- корманди зӯрро зери фишор нагирад ва аз ӯ натарсад, ки ҷояшро хоҳад гирифт.

ҶОИЗАИ РАҲБАРӢ

Бунёди ба номи Форд ҳар сол дар пайи озмуни муфассал ба 20 раҳбари беҳтарин ҷоиза медиҳад. Ҳар ҷоиза аз 200 ҳазор доллар иборат аст. Ва муҳим нест, ки ин раҳбар дар кадом кившар зиндагӣ мекунад ва ба чанд нафар раҳбарӣ. Муҳим ин аст, ки оё ин раҳбар то куҷо тавонистааст, ҷаҳони одамон ва афкори онҳоро тағйир диҳад, то куҷо адолатпеша ва росткор будааст ва бо кадом видагиҳояш тавонистааст, эътибори як раҳбарро баланд бардорад.
Бо маслиҳати кормандони ин бунёд бо яке аз барандагони ҷоизаи соли 2005 ҳамсӯҳбат шудем. Бояд гуфт, мо мехостем касеро пайдо кунем, ки аз кишварҳои ба мо наздик, аз кишварҳои шарқӣ ё мусулмонӣ бошад, дареғ дар байни барандагони имсола ягон нафар аз ин кишварҳо вуҷуд надошт. Ва ба мо тавсия доданд, бо зане сӯҳбат кунем, ки аз Шарқ ба Ғарб кӯчида, дар ин ҷо барандаи ҷоизаи беҳтарин раҳбар шудааст.
Байравӣ Десай аз Ҳиндустон аст ва дар хурдсолӣ бо падару модараш ба Иёлоти муттаҳида кӯчида, дар Ню Йорк зистааст.
Баъд аз хатми донишгоҳ дар соли 1998 вай дар Ню Йорк Иттиҳоди кормандони таксиро таъсис дод ва якҷо бо онҳо барои музди кори арзанда мубориза кард. Вай тавонист, коршиканиеро барпо кунад, ки дар он 40 ҳазор ронандаи таксии Ню Йорк ширкат карданд. Вай тавонист, на танҳо шароити кору зиндагӣ, балки фарҳанги равобитро дар ин шаҳр тағйир диҳад.
Байравӣ бо аввалин хоҳиш омода шуд ба пурсишҳои ман посух диҳад ва суоли аввал ин буд, ки оё се чизе ки як раҳбари хуб набояд кунад, чист?

Байравӣ: "Аввал ин ки раҳбари хуб ҳаргиз набояд иштибоҳи худро бо дурӯғ рӯпӯш кунад. Дувум ҳаргиз набояд манфиат ё худхоҳии худро аз манофеъи афроде ки аз онҳо намояндагӣ мекунад, боло гузорад ва савум, ҳаргиз набояд ноумед шавад.

Ҳамнафас: Оё дар бораи шеваи раҳбарӣ дар кишварҳои осиёӣ чи назар дорад?

Байравӣ: "Ин саволи ҷолиб аст. Албатта, ҳар яке аз кишварҳои ин минтақа аз ҳам фарқ доранд. Масалан, чи гуна дар Афғонистон мардумсолорӣ пирӯз гардад, вақте ин кишвар зери ишғоли нирӯҳои хориҷист ва ё ҳамин гуна дар Ироқ. Мардумсолорӣ бояд аз миёни худи мардум берун ояд. Ҳиндустон фарқ дорад, зеро дар ин ҷо як ҷумбиши қавии мардумӣ мавҷуд аст ва аз ин лиҳоз Ҳиндустон аз дигар кившарҳои Осиё фарқ мекунад."

Ҳамнафас: Ақидае мавҷуд аст, ки мардуми кишварҳои мову шумо ва ҳатто умуман Шарқ ба раҳбарони босиёсат, агар диктатор нагӯем, яъне қавӣ ва каризматик ниёз дорад ва дар кишварҳои мо чунин раҳбарон бартарӣ доранд?

Байравӣ: "Ман фикр намекунам, ки онҳо бартарӣ дошта бошанд. Ба фикрам, дар бисёре аз ин кишварҳо ҳокимони диктотур аз тарафи хориҷиён таъин ва пуштибонӣ мешаванд. Ин ақида комилан ғалат аст, ки мардуми ҷаҳони савум зотан зидди мардумсолориянд. Баракс, онҳоянд, ки беш аз ҳама ба мардумсолорӣ ниёз доранд. Тафовутҳои фарҳангӣ набояд марзофарин бошанд. Шумо бубинед, ки дар дусад ё сесад соли охир, кай ва ба кадоми онҳо имкон дода шуд, ки ҳамчун давлати мустақил рушд кунанд, истиқлолияти ҳақиқӣ дошта бошанд. Зеро дар баробари онҳо бисёр мудохилаҳои ҳарбӣ ва иқтисодӣ сурат гирифтааст."

Ҳамнафас: Ва саволи охирин, оё ин ҷоизаи Бунёди ба номи Форд барои шумо ғайриинтизор буд?

Байравӣ (механдад): "Ин давроқеъ як ифтихоре буд, на барои ман, балки барои тамоми ташкилоти мо. Ман фикр намекунам, ки як кас метавонад, ба танҳоӣ як соҳаеро тағйир диҳад. Ин заҳмати зиёди одамони зиёдест."

Ташаккур ба Байравӣ, оре як кас наметавонад, ба танҳоӣ кореро ба анҷом расонад, вале метавонад, бо роҳнамоии хуб, дигаронро ба ин водор кунад ва Байравӣ аз ҳамин гуна касон аст.

СИЁСАТИ РАҲБАР

Шояд аз номзадҳои интихоботи президентии Тоҷикистон хоҳанд пурсид, ки оё чи гуна онҳо хоҳанд тавонист, фасоду ришват ва фақрро дар Тоҷикистон решакан кунанд, садҳо ҳазор муҳоҷирро ба ватан бозгардонанд, афроди арзандаро ба курсиҳои раҳбарӣ биншонанд, аз манфиатҳои худу хонаводаву ҳамдиёрони хеш ҳазар кунанд ва ғайра ва ҳоказо. Ва посухи номзадҳо шояд баёнгари ботини ҳақиқии онҳо хоҳад шуд, вале ҳоло бо ҳамнафаси савуми худ дар Душанбе Абдураҳими Умарзод бубинем, ки намояндагони аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба салиқаи раҳбарӣ дар кишвар чӣ назар доранд. Раҳматулло Валиев аз Ҳизби демократи Тоҷикистон мегӯяд, раҳбари хуб он аст, ки тавонад аз ҳамаи имконияту захираҳои чӣ беруна ва чӣ дохилӣ барои рушди кишвар ва беҳбуди зиндагии мардумаш истифода карда тавонад. Муҳаммадшариф Нозимов, ноиби раиси Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон мегӯяд, тақсими вазифа дар ҳамаи зинаҳои идораи давлатӣ бояд тибқи озмунҳо сурат гирад ва арзандатринҳо баргузида шаванд. Муҳиддини Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон мегӯяд, раҳбаре ки қоидаҳои кор ва ё масалан, Конститутсияро ба хотири ҳифзи мақоми худ тағйир медиҳад, ё ба хотири зери назорати худу гурӯҳи худ гирифтани сармояи миллату давлат мақоми раҳбариро истифода мекунад, пас раҳбарият раҳбарияти боинсоф нест. Шокирҷон Ҳакимов аз Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон мегӯяд, салиқаи хуби раҳбарӣ замоне ба чашм хоҳад расид, агар дар муносибатҳои сиёсӣ ва иҷтимоӣ адолат пойдор шавад ва масалан, раҳбарияти сиёсӣ тибқи қонун ба сари кор ояд ва тибқи қонун иваз шавад.
Ин андешаҳо аз нав ибораи устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Алиаҳмад Ёраҳмадов "бӯҳрони фарҳанг ё фалсафаи раҳбарӣ"-ро ба ёд меоранд
Бо орзуи ёфтани раҳбари нек ва ё ба раҳбари нек табдил додани раҳбари бад, ин сӯҳбатро ба поён мебарем.
То ҳамнафасиҳои дигар худо нигаҳдор.
XS
SM
MD
LG