Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муддаъиёни унвони қаҳрамонӣ ва Ҷоми футбол


Дар бозии охирини даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ тими футболи СКА «Помир»-и Душанбе бар дастаи мизбон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд.

Вале ин натиҷа мавқеъи дастаҳои пешсафро дар ҷадвали мусобиқот тағйир надод. Тими «Хима»-и Душанбе бо 42 имтиёз дар садри ҷадвали бозиҳо қарор гирифтааст. Дастаи «Вахш» -и Қӯрғонтеппа бо 38 имтиёз мақоми дуввумро ишғол мекунад. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 37 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум аст. Дастаи «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки нисбати рақибони худ 2-3 бозӣ камтар анҷом додааст, бо 31 имтиёз дар мақоми чаҳорум ҷойгир шудааст.

Воқеъан, ин чаҳор дастаи пешсафи лигаи олӣ ба ҷуз унвони қаҳрамонӣ, барои дарёфти Ҷоми футболи Тоҷикистон - 2006 талош меварзанд. Бозиҳои аввали ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи сешанбеи 26 сентябр баргузор мешаванд. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2005 дар майдони худ бо «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров рақобат мекунад. «Хима»-и Душанбе бо тими меҳмон -«Вахш»-и Қӯрғонтеппа, қаҳрамони феълии Тоҷикистон қувва меозмояд.

Бозиҳои ҷавобии ниманиҳоии Ҷоми Тоҷикистон рӯзи шанбеи 30 сентябр баргузор мешаванд. Барандаи Ҷоми футболи Тоҷикистон дар соли 2006 рӯзи 5 октябр дар бозии ниҳоӣ, ки дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе барпо мегардад, муайян хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG