Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Моли Чин Амрикоро ҳам зер мекунад


Касри тиҷорати хориҷии Амрико дар моҳи июл 5 дарсади дигар афзуда, 68 миллиард долларро ташкил дод, ки нишондиҳандае бесобиқа ва хориҷ аз ҳама пешбиниҳои вазорати тиҷорати Амрико ва таҳлилгарони умур будааст.
Ҳаҷми содироти фаровардаҳои амрикоӣ барои нахустин бор аз моҳи феврал ва чизе бештар аз 1 дарсад коҳиш ёфт ва ҳамин тавр ҳаҷми воридот ба Амрико 1 дарсад боло рафт. Ба сурати умум, содироти Амрико дар моҳи июл 120 миллиард ва воридоташ ба 188 миллиард доллар баробар шудааст. Як далели чунин бузург шудани мизони касри тиҷорати хориҷии Амрико дар моҳи июл боло рафтани нархи нафт будааст.

Қариб 30 дарсади касри тиҷорати хориҷии Амрико аз ҳисоби фарқи байни содироту воридоти ин кишвар бо Чин аст. Дар моҳи июл воридоти молҳои чиноӣ ба Амрико назар ба фурӯши маҳсулоти амрикоӣ дар бозори Чин тақрибан 20 миллиард доллар бештар шудааст. Дар маҷмӯъ дар соли гузашта касри тиҷорати хориҷии Амрико бо Чин 202 миллиард долларро ташкил дод.

Фарҳанги Истилоҳот.

Касри тиҷорати хориҷӣ - ифодаи пулии таносуби манфии байни воридот ва содироти кишвар, яъне вақте ки ҳаҷми воридоти мол ба кишвар назар ба содироти мол аз кишвар бештар мешавад.


Бисёри таҳлилгарон Чинро муттаҳам мекунанд, ки дар роҳи содироти фаровардаҳояш одилона бозӣ намекунад ва бо роҳи таъйини қурби сунъии пули миллиаш, юан дар баробари доллар ва соъир асъори муҳими хориҷӣ барои тавлидкунандаҳои чиноӣ дар бозорҳои байналмилалӣ шароити пуримтиёзтареро фароҳам овардааст. Феълан қурби 1 доллари амрикоӣ ҳудуди 7,92 юан муқаррар шудааст.

Ҳенри Полсон, вазири дороии Амрико дар ин ҳафта сафари чоррӯзае ба Чин дошт, ки як ҳадафаш эҷоди шароти баробар ва мунсифона дар тиҷорати хориҷӣ байни ин ду кишвар буд. Ҳенри Полсон, ки равобити Амрикову Чинро "муҳимтарин равобити дуҷонибаи иқтисодӣ дар ҷаҳони муосир" ба қалам медиҳад, дар пайи ин сафар дар бораи таҳияи як "стротежии гуфтугӯи иқтисодӣ" байни Вошингтону Пекин хабар додааст. Аммо ҷузъиёти дастовардҳои дидори ӯ аз Чин ҳанӯз дастрас нашудааст. Танҳо самари ин сафар то кунун, ба ақидаи таҳлилгарон, чанд нуқта тағйир кардани қурби табдили юан бо доллар буда, ки рӯзи ҷумъа дар бозори арз ба мушоҳида расид.

Ин дар ҳолест, ки Ҳенри Полсон пеш аз азми Пекин карданаш гуфта буд, ки талош хоҳад кард то Пекинро ба ислоҳот дар сиёсати моливу арзиаш моил кунад: "Пуштибонӣ ва эътимод ба қурби беш аз ҳадд собити пул ва такя ба васоли қадими маъмурӣ хатари поёну боло ҷастани иқтисодро бештар мекунад. Ҳамчунин, ба ғайр аз ин ки ин хатарро Чин нодида мегирад, бисёри мунақидон беш аз пеш қурби пули миллии Чинро ҳамчун аломати рақобати ноодилона дар бозор ҳисоб мекунанд."

Аммо Дункан Иннес Кэр, коршиноси умури Чин дар Маркази мутолиъоти иқтисодӣ чунин фикр намекунад. Ӯ мегӯяд, қурби заъифи пули миллӣ дар ин мавриди омили чандон муҳим нест: "Бартарии Чин аз лиҳози нирӯи хеле арзони кор ва ҳаракаташ ба сӯи арзишҳои нав - аз тавлиди маҳсулоти арзон ба сӯи тавлиди маҳсулоти электронӣ ва назири он - нишон медиҳад, ки Чин имконоти дар воқеъ фаровони тавлидотиро дар ихтиёр дошта, ҳатто дар сурати ҷорӣ кардани қурби воқеъии пули миллиаш метавонад таносуби мусбат дар тиҷорати хориҷии худ бо Амрикоро то чандин соли дигар ҳифз кунад."

Ин ҳам гуфтанист, ки танҳо Амрико нест, ки мехоҳад Чинро ба тағйири сиёсати моливу арзиаш мутақоид созад.
Чунин талошҳо аз сӯи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон аз гурӯи Ҷи8 низ сурат гирифта ва дар анҷумани солонаи Сандуқи байналмилалии Пул дар Сингапур, ки низ дар ин ҳафта гузашт ва ба Чин ҳаққи бештари ороро ироа кард, низ ба масъалаи сиёсатҳои Пекин дар бозори арзӣ зиёд таваҷҷӯҳ шудааст.

Жоу Сяо Чуан, раиси бонки марказии Чин аммо дар пайи сафари вазири дороии Амрико бидуни овардани кадом як ҷадвали замонӣ гуфтааст, Пекин мехоҳад бозори молӣ ва қурби пули миллиашро боз кунад, вале бидуни осемагӣ ва батадриҷ.
XS
SM
MD
LG