Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Узбакистон - рақиби Тоҷикистон дар мусобиқоти интихобии олимпӣ


Дастаи мунтахаби футболи Тоҷикистон дар даври аввали мусобиқоти интихобии осиёӣ барои роҳ ёфтан ба Бозиҳои олимпии соли 2008 дар Пекин бо тими Узбакистон рақобат хоҳад кард.

Карим Тошпӯлодов, сармураббии дастаи мунтахаби олимпии Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, нахустин бозӣ миёни тимҳои Узбакистон ва Тоҷикистон 7 феврали соли 2007 дар шаҳри Тошканд ва бозии ҷавобӣ 14 феврал дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд.

Бар асоси қуръакашӣ дар даври дуввум 14 дастаи қавитарини олимпии қора ва 10 тими ғолиби даври аввал дар шаш гурӯҳ рақобат мекунанд. Ба гурӯҳи «А» Баҳрайн, Кувайт, Қатар, Сингапур ё Покистон, ба гурӯҳи «В» Ҷопон, Малайзиё, Ҳонконг ё Бангладеш, ба гурӯҳи «С» Уммон, Лубнон, Вйетнам ё Афғонистон, Индонезия ё Ҷазоири Молдив, ба гурӯҳи «D» Ирон, Арабистони Саъудӣ, Урдун ё Қирғизистон, Австралия ё Тайван, ба гурӯҳи «Е» Ироқ, Куриёи Шимолӣ, Туркманистон ё Тайланд, Мянма ё Ҳиндустон ва ба гурӯҳи «F» Куриёи Ҷанубӣ, Имороти Муттаҳидаи Араб, Узбакистон ё Тоҷикистон, Яман ё Фаластин дохиланд.

Мусобиқоти интихобӣ бо ширкати 24 даста аз 28 феврал то 6 июни соли 2007 баргузор мешавад. Баъдан 12 дастаи беҳтарин дар марҳалаи ниҳоӣ ба чаҳор гурӯҳ тақсим шуда, аз 22 август то 21 ноябри соли оянда барои ба даст овардани се роҳхат ба Пекин мубориза мебаранд. Мунтахаби Чин ҳамчун намояндаи кишвари ташкилкунандаи Бозиҳои олимпӣ мустақиман ба мусобиқоти ниҳоӣ роҳхат мегирад.

Ва як хабари дигар. Тими футболи «Хима»-и Душанбе, ки бар дастаи мизбон - «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 2 бар 0 пирӯз шуд, бо 42 имтиёз дар садри ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ қарор гирифтааст.
Ду голро дар ин бозӣ ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов ба ҳадаф расонд ва миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар мақоми аввал мебошад.
Дастаи «Вахш» -и Қӯрғонтеппа бо 38 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо мақоми дуввумро ишғол мекунад.Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо 37 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум аст.
XS
SM
MD
LG