Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нерӯмандтарин гуштигирони Тоҷикистон


Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон дар риштаи гуштии озод, ки дар шаҳри Хуҷанди вилояти Суғд баргузор шуд, ҳафт нафар зӯртарин паҳлавонони ин кишварро муайян кард.

Дар рақобатҳои инфиродӣ се нафар шогирдони мактаби ҷумҳуриявии маҳорати олии варзишӣ - Эраҷ Табаров дар вазни 60 кило, Эраҷ Азизов дар вазни 84 кило ва Шодӣ Баҳромов дар вазни 120 кило ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд. Ду гуштигири вилояти Суғд - Исҳоқ Мирзоев дар вазни 55 кило ва Алӣ Шарифов дар вазни 96 кило мақоми аввалро касб карданд. Ҳамчунин паҳлавони Душанбе Хусрав Машрабов дар вазни 66 кило ва гуштигири шаҳри Кӯлоб Комил Шералиев дар вазни 74 кило бо медоли тилло сарфароз гаштанд.

Абдурозиқ Олимов, довари ин мусобиқот ба Озодӣ гуфт: «Аз ҳафт нафар ғолибони мусобиқоти имсола се нафар - Исҳоқ Мирзоев, Эраҷ Табаров ва Алӣ Шарифов аввалин бор қаҳрамони Тоҷикистон шуданд. Ғолибони мусобиқот дар ҳайати тими мунтахаби кишвар ба Бозиҳои Осиёӣ дар Қатар омода мешаванд.»
XS
SM
MD
LG