Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Барандохтани пайкараи Ленин


ТАЛАБИ ТАВҚИФИ ФАЪОЛИЯТИ ҲИЗБИ КОММУНИСТ

Оғози моҳи сентяри соли 1991 ҳанӯз аз он ихтилофҳои шадиди сиёсӣ, ки аз рӯзи 21 сентябр Тоҷикистонро фаро гирифт, гӯё аломате намедод. Порлумони Тоҷикистон 9 сентябр дар як иҷлосия бо ҳазфи сифатҳои "шӯравӣ" ва "сусиёлистӣ" аз исми Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқлолияти кишварро эълон кард. Дар ҳамин иҷлосия Қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ қабул шуд, хиёбонҳои марказии Душанбе Рӯдакиву Сомонӣ ва майдонҳои марказиаш Озодиву Шаҳидон ном гирифтанд ва Ҳизби Наҳзати Исломӣ (ҲНИТ) дар Тоҷикистон иҷозаи расмии фаъолият пайдо кард.


Ҳизби Коммунисти Тоҷикистон (ҲКТ) низ 4 сентябр худро аз Ҳизби Коммунисти Иттиҳоди Шӯравӣ (ҲКИШ) мустақил эълон кард ва тақрибан ҳама молу мулки дар пайи суқути ГКЧП мӯҳрзадаашро баргардонд.
Рӯзи 21 сентябр дар Кохи ЭКОМПТ-и Душанбе, ки ҳанӯз ба ҲКТ тааллуқ дошт, давраи дуввуми анҷумани ин ташаккули сиёсӣ баргузор шуд, ки як мавзӯъи аслиаш интихоби раҳбари нави ҳизб дар ивази Қаҳҳор Маҳкамов буд. Ҳамон рӯз тарафдорони аҳзоби мухолиф ҳам бо талаби тавқифи фаъолияти ҲКТ дар Тоҷикистон ба майдони назди театри ба номи Лоҳутӣ рехтанд.



Тоҳири Абдуҷаббор, раҳбари созмони "Растохез"! дар соли 1991: "Дар Маскав, яъне дар Иттиҳоди Шӯравӣ, ки ҳанӯз побарҷо буд, қароре нашр шуд, ки фаъолияти ҲКИШ мутаваққиф гардад. Манъ не, танҳо мутаваққиф гардад. Ва дар назари мо ҳамин гуна буд, ки ҲКТ ин як бахш, як отряд, як шохаи ҲКИШ аст. Пас он қарор ба инҳо ҳам дахл дорад. Ва онҳое, ки ҷамъ шуда буданд дар назди театри Лоҳутӣ, ҳадафашон ин буд, ки ин қарорро давлати Тоҷикистон ҳам тасдиқ кунад."


Аҳли тазоҳурот унвонии анҷумани ҲКТ талабномае навишта, аз ин ташаккули сиёсӣ қатъи кори анҷуман ва мутаваққиф сохтани фаъолияташро тақозо карданд. Шарофат Усмонова, котиби идеологии Кумитаи Марказии ҲКТ дар соли 1991 мегӯяд, ин нома вақте ба дасти онҳо расид, ки раёсати кори анҷуманро ӯ бар ӯҳда дошт:


"Аз рӯи нақшаҳои мо, анҷумани ҲКТ мебоист 2 рӯз давом мекард. Мақсадҳои асосӣ аз нав интихоб кардани раёсати ҳизб буд ва ҳам ин ки бояд кадоме аз он сиёсатмадорони он даврро дар интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ҳизб бояд дастгирӣ кунад. Лекин азбаски навштаҷотҳо меомад, намояндагон меомаданд ва мегуфтанд, ки вазъият хеле тезутунд шуда истодааст, мо бо маслиҳати раёсат анҷуманро дар як рӯз гузарондем. Ҳатто дар давоми камтар аз як рӯз. Ва Шодӣ Шабдоловро раиси ҳизб интихоб кардем."

ИДОМАИ БАҲСИ БАДАРОЗОКАШИДА ДАР ШӮРОИ ОЛӢ

Кори анҷумани ҲКТ ҳамин тавр рӯзи 21 сентябр ва пеш аз мӯҳлат поён ёфт, вале идомаи баҳси мавзӯъи тавқифи фаъолияти ҳизб ба дафтари кории раиси Шӯрои Олӣ Қадриддин Аслонов кӯчид.


Шарофат Усмонова: "Кори анҷуманро соатҳои 2 ба охир расондем. Хушбахтона, бе ягон ҷангу ҷанҷол, бе ягон задухӯрд бо намояндагони майдон. Баъди он ҳамроҳи Шодӣ Шабдолов баромада, Шӯрои Олӣ омадем. Ба кабинети Қадриддин Аслонов даромадем, ки он ҷо Аслонов, Ҳаёев, Икромов, Латифӣ буданд, Шодмон Юсуф ва ғайраву ғайра. Тақрибан 10-15 нафар ҷамъ шуда буд ва сӯҳбат дар бораи он буд, ки чӣ кор кунем? Мегӯянд, ки "немодно". Ҳамон вақт мӯд чунин буд, ки Ҳизби Коммунистро ҷанг кардан даркор."


ОҒОЗИ БАҲСИ БАРАНДОХТАНИ МУҶАССАМАИ ЛЕНИН

Баҳси масъала он рӯз аз пешин то шом идома ёфт, вале бидуни кадом натиҷа. Шарофат Усмонова мегӯяд, як мавзӯъи дигаре, ки дар дафтари кории Аслонов баҳс шуд, кандани ҳайкали Ленин аз майдони Озодии шаҳри Душанбе буд:


"Ҳамаи онҳое, ки он вақт мо бо номи оппозиция номашон мебурдем, яъне Шодмон Юсуф, Тӯраҷонзода, Латифӣ ва ғайра, алалхусус Латифӣ, фишор оварда истода буданд ба Икромов, ки шумо ҳамчун раиси шаҳр бояд як қарор бароред, ки ҳайкали Ленин вайрон карда шавад. Бо ҳамроҳи Шодӣ Шабдолов мо фикри худамонро гуфтем, ки набояд ин кор шавад. Фикри ман ин набуд, ки не, бояд ҳайкали Ленин қатъиян дар ҷояш истад. Не! Гап фақат дар ин бора намерафт, ки ҳайкал истад ё не? Садҳо ҳайкал дар таърих вайрон карда шудаанд ва ё аз нав монда шудаанд. Вале тарзе, ки ин корро мехостанд анҷом диҳанд, мисли як бозии сиёсӣ буд. Ва дар давоми қариб 5 соат мо ҳамроҳи Шодӣ Шабдолов ва он вақт ман бояд гӯям, ки сарвазир Ҳаёев низ моро хеле дастгирӣ карданд, мо хостем ҳамин чизро фаҳмонем. Байни мову Қадриддин Аслонов ҳатто гапҳои пасту баланд ҳам сар шуд."


Ва аммо Тоҳири Абдуҷаббор, яке дигар аз онҳое, ки шоми 21 сентябр дар дафтари кори раиси Шӯрои Олӣ ҳузур доштанд, мегӯяд, баръакс хабари кандани муҷассамаи Ленин барояшон ғайричашмдошт буд:


"Тақрибан наздикиҳои шом буд, ки ёрдамчии Қадриддин Аслонов вориди утоқ шуданду гуфтанд, ки дар майдон ҳайкали Ленинро мекананд. Ҳама дар ҳайрат шуданд. Баъд хестем баромадем ва ҳамагон рафтем он ҷо, ки ҳамин гуна як ҳаракат вуҷуд дорад. Вале ҷолибаш ин буд, ки мардум ин тақозоро накарда буд. Ин мавзӯъ ҳам дар байн набуд. Танҳо мавзӯъе, ки дар он ҷо матраҳ карда буданд, ин буд, ки оё қарори Маскав дар мавриди мутаваққиф сохтани фаъолияти ҲКИШ дар Тоҷикистон ҳам бояд амалӣ шавад ё нашавад?"

Намояндагони дигари мухолифини вақт низ мӯътақиданд, ки дастури шаҳрдории Душанбе дар бораи кандани ҳайкали Ленин бештар ба як иғво мемонд. Имомназари Холназар, сардабири вақти "Адолат"- нашрияи Ҳизби Демократи Тоҷикистон (ҲДТ) мегӯяд:


"Ман ёд дорам, ки Шодмон Юсуф гуфт, ки дар ин ҷо кадом авантюра аст ва шумо вақте ба минбар мебароед, зидди нирӯҳои дигар наравед, вале ҳеҷ гоҳ шиор напартоед ва агар тавонед, гӯед, ки ба ҳайкал нарасанд, ҳайкалро ҳукумат мондааст, бигзор худаш барчинад. Лекин алакай процесс рафтагӣ буд, дигар боздоштанаш намешуд. Баъд, рости гап, авантюраҳои худи Икромов ҳам буд, ки кран оварду чӣ корҳое карду. Баъд, Ҳаёев. Сипас Атахон Сайфуллоев, раиси кумитаи телевизион ва радиоро истифода бурданду аз ин ҳангомае ба по карданд. Сиёсатмадор бояд аз омм, аз мардум як қадам дуртарро бубинад. Бисёри сиёсатмадорони мо баробари мардум медиданд, дар паси ин коса нимкоса буданашро дида натавонистанд, надиданд."


Давлати Усмон, муовини раиси ҲНИТ, яке аз ташаккулҳои сиёсии фаъол дар рӯйдодҳои тирамоҳи соли 1991 низ кандани муҷассамаи Ленинро як фитна ба қалам медиҳад ва мегӯяд, нирӯҳои мухолифин ба иллати камбуди таҷрубаи сиёсӣ натавонистанд ин фитнаро шинохта, пеши роҳашро бигиранд:


"Тамоман! Тамоман ғайриинтизор буд ва мо бисёр кӯшиш кардем, ки пеши роҳашро бигирем. Вале, албатта, вақте ки ба 100 000 одам эълон мекунанд ва ин 100 000 нафар бо як овоз мегӯянд, ки инро бояд иҷро кунем, касе, ки майдонро идора мекунад, мебинад, ки дар пеши ин тӯфон чорае карда наметавонад. Ҳамин ҷӯр сурат гирифт ин кор. Чунки дар он ҷо танҳо як нирӯ набуд. Даҳҳо нирӯҳои гуногуне буданд, ки дар пушти пардаҳо нақшаҳои гуногун доштанд. Дигар дар он ҷо мо натавонистем пеши роҳи ин хаторо бигирем."


ОҒОЗИ БАРАНДОХТАНИ ПАЙКАРАИ ЛЕНИН

Ва Тоҳири Абдуҷаббор: "Ҳаёев ба Мақсуд Икромов, ки шаҳрдори Душанбе буд, амр кард, ки бирав қароратро биору бихон дар пеши мардум. Ман ҳам он ҷо будам. Он кас рафта, лаҳзае баъд баргаштанд ва қарорашонро хонданд. Ман, ки пушти сарашон истода будам, дидам, ки он қарор аз даст, яъне бо ручка навишта шуда буд. Бо ранг! Як ҷумлааш мисли ин ки нуқсон дошт, чизе пешниҳод карданд ва ба ман гуфтанд, ки инро дар он ҷо бинавис. Ман ҳамон як ҷумлаашро ислоҳ кардам ва ба дасташон додам. Ҷолибаш ин аст, ки раҳбарони давлат ва ҲКТ дар он буданд ва касеаш нагуфт, ки ин корро накунед. Ва вақте ки ду кран дар як муддати тӯлонӣ натавонистанд ҳайкалро бикананд, онҳо рафта, аз дивизияи 201-ум як крани бузургро оварданд, то муҷассамаро бикананд."


Аммо кандани ҳайкали Ленин тайи чанд соат муяссар нашуд. Он чӣ муяссар мешавад, ба манъи фаъолияти ҲКТ мутақоид сохтани кафили раёсати ҷумҳурӣ ва раиси порлумон Қадриддин Аслонов аст.


Тоҳири Абдуҷаббор, раиси «Растохез» мегӯяд: "Мардум дар он ҷо мунтазир буданд, ки Аслонов тасмими худро аз радио эълон кунад, ки воқеъан қарори Маскав дар ин ҷо ҳам амалӣ мешаваду фаъолияти ҲКТ мутаваққиф сохта мешавад. Аслонову Ҳаёев ҳамон ҷо буданд, Шабдолову дигарон ҳам. Онҳо гуфтанд, ки бале, чунин қарор ҳасту мо ин корро мекунем, шумо биравед ба хонаҳоятон, ки мардум қабул накард. Гуфтанд, ки шумо ҳамин қарорро дар радио эълон кунед ва мо ҳам хезем, биравем. Мутаассифона, дер шуда буд ва нашуд ин корро зуд анҷом додан ва мардум дигар монданд мунтазир дар ҳамон ҷову дигар торик шуда буду амали кандани муҷассамаи Ленин идома дошт."

Шарофат Усмонова, котиби кумитаи марказии ҲКТ мегӯяд, ин лаҳзаҳои барояш ҷонгудозро ба чашм медид ва мегирист: "Дар давоми 1 соат ё 2 соате, ки он ҷо истодем, фақат оби дидаам мерехт. Яке наздам Сафалаӣ Кенҷаев омаданд. Он кас он замон раиси кумитаи назорат буданд ва идораашон дар бинои Шӯрои Олӣ буд. Кенҷаев пеши ман омада пурсид, ки чӣ бояд кард? Ман гуфтам, бояд ҳамаи депататҳоро ҷамъ карда, худи пагоҳ масъала гузорем дар бораи вазъияти ҳозира. Сафаралӣ гуфт, ки мо , ягон 5-10 нафар рафиқон маслиҳат карда будем, ки сессияи ғайринавбатӣ даъват карда шавад. Ман гуфтам, пас, биёед ин корро ҳамроҳ кунем. Ӯ гуфт, набошад шумо, ки имкониятатон аз ҳисоби ҲКИТ бештар аст, корро сар кунед, мо ҳам дастгирӣ мекунем. Дар назди посгоҳи милиса, ки дар даромадгоҳи Шӯрои Олӣ дар ошёнаи аввал меистод, як телефон ҳаст. Ман бо ҳамин телефон ба кумитаи марказӣ занг зада, аз бачаҳо хоҳиш кардам, ки чӣ имконияте доред, кадом депататро пайдо карда тавонистед, гӯед, ки пагоҳ сессия даъват карда мешавад."

ИДОМАИ ДРАМА ДАР МАЙДОНИ ОЗОДӢ


Аммо дар он лаҳазот дар майдони Озодӣ чӣ мегузашт?

Баъди овардани як крани муқтадир аз дивизияи 201-уми артиши Русия ниҳоят дар поси шаби 21 ба 22 сентябр кандани муҷассамаи Ленин муяссар мешавад ва чанд нафар болои овори ин ҳайкал ҳатто рақс мекунанд.
Қадриддин Аслонов низ зери фишори гирдиҳамомадагон қарораш дар бораи тавқифи фаъолияти ҲКТ-ро дар майдон эълон мекунад. Ҳанӯз бехабар аз он, ки охирин фармони худ дар симмати кафили раёсати ҷумҳурии Тоҷикистонро имзо кардааст.


Аҳли майдони Озодӣ дар он соъоти шабонгоҳӣ ҳанӯз шаҳди пирӯзӣ ба ком доштанд ва бехабар монда буданд, ки дар ҳамин соъот дар як гӯшаи дигари Душанбе нақшаи барканории Аслонов аз раёсати Шӯрои Олиро мекашанд.
XS
SM
MD
LG