Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дарси сафири Русия ба донишҷӯёни тоҷик


Рамазон Абдулатипов мегӯяд, ҳамкориҳои иқтисодии Русия бо Тоҷикистон дар ҳоли рушд аст ва бахусус дар бахши энержӣ ва маориф:


«Агар шумо имкон пайдо кунед, ба тамошои нерӯгоҳи Сангтӯда биравед ва бубинед, ки сохтмон чӣ гуна аст. Ҳама кор мекунанд ва ягон одами бекорро намебинед. Масъалаи дигар нерӯгоҳи Руғун аст, ки ҳарду ҷониб дар робита ба он ихтилофи назар доранд ва аз ин сабаб ҳоло иҷрои тарҳ шурӯъ нашудааст. Ҳамчунин пеш аз ҳама мо бояд ба рушди маорифи кишварҳоямон таваҷҷӯҳ зоҳир кунем. Як вазифаи Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия ҳам мусоидат ба рушди муносибатҳои Русияву Тоҷикистон аст."


Рамазон Абдулатипов гуфт, бо шикасти Иттиҳоди Собиқи Шӯравӣ мардуми кишварҳои қаламрави он, гирифтори мушкилоти зиёд шудаанд ва ҳамкориҳои миёни кишварҳои собиқи ин иттиҳод ба таври дилхоҳ нест:
Ӯ зоҳиран ба он кишварҳои Осиёи Марказӣ ишора кард, ки бо ҳамсояҳои худ низоми раводид ҷорӣ кардаанд:

«Имрӯз хешу табор ба хабаргирии ҳамдигар рафта наметавонанд. Баъзан сатҳи фикрронии як гурӯҳи сиёсатмадорони мо ҳатто аз одами оддӣ пасттар аст." Ҳоло оид ба ҳалли ин масъалаҳо аз як ронандаи оддӣ суол кунед, ба шумо хеле муфассал мефаҳмонад. Баробари шомили созмони ҳамкориҳои Авруосиё шудан шартҳои ин созмонро бояд риоя кунанд. Тоҷикистон дар бунбасти роҳҳо қарор дорад ва барои аз ин варта баромадан тариқи Қирғизистон бо маблағҳои зиёд роҳҳо месозад. »


Рамазон Абдулатипов ҳамчунин доир ба равобити намояндагони мазҳабҳои мухталифи ҷаҳон сухан гуфт ва дар робита ба баёнияи ахири Попи Рум дар мавриди ислом, ки хашми мусулмонони ҷаҳонро барангехт, чунин иброз дошт:


«Чанде пеш аз ман як хабарнигор пурсид, ки шумо ба суханҳои Попи Рум чӣ назар доред? Ман гуфтам то доштани ин гуна падар ятим буданам беҳтар аст.»

Рамазон Абдулатипов дар баробари дигар мавзӯъот ҳамчунин доир ба равобити Русияву Ирон ва барномаҳои ҳастаии Ирон сӯҳбат кард ва гуфт, ин кишвар ҳақ дорад, ки барномаҳои сулҳомези атомӣ пеш бубарад. Қочоқи маводи мухадир, сиёсати низомии Русия дар Тоҷикистон бахше дигар аз сӯҳбатҳои сафири Русия дар Душанбе буд.


Яке аз донишҷӯёне, ки дар мулоқот бо дипломати рус ширкат дошт ба Ояндасоз гуфт: "Ин мулоқот барои ман хеле муфид буд ва ман умедворам, ки ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия боз ҳам афзоиш меёбанд."


Рамазон Абдулатипов сафири Русия дар Душанбе, ки муаллифи якчанд китоб аст дар поёни мулоқот баъзе аз онҳоро ба Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Русия тақдим кард.
XS
SM
MD
LG