Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Хима" пешсаффи мусобиқот шуд


Тими футболи «Хима»-и Душанбе, ки бар дастаи мизбон - «Хуҷанд»-и Хуҷанд бо натиҷаи 4 бар 0 пирӯз шуд, бо 39 имтиёз дар ҷадвали мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лиги олӣ ба ҷойгоҳи аввал баромад.

Се голро дар ин бозӣ ҳамлагар Сӯҳроб Ҳамидов ба ҳадаф расонд. Воқеъан, Сӯҳроб Ҳамидов ва Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳар кадом 13 гол ба ҳадаф расондааст, миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқот дар ҷойгоҳи аввал қарор гирифтаанд. «Вахш» -и Қӯрғонтеппа, ки бозиро дар майдони худ бо CSKA-и Душанбе бо натиҷаи мусовии 1 бар 1 анҷом дод, бо 38 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо мақоми дуввумро ишғол мекунад. «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки нисбат ба рақибони худ як- ду бозӣ камтар анҷом додааст, бо 37 имтиёз ба зинаи севвум фуромад. «Парвоз», ки бар тими меҳмон - СКА «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуд, бо 31 имтиёз дар мақоми чаҳорум мебошад. CSKA низ 31 имтиёз ба даст оварда, дар 10 дидор ғолиб омадааст, вале бо назардошти таносуби тӯбҳо CSКА пас аз «Парвоз» дар ҷойгоҳи панҷум қарор гирифтааст.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 21 сентябр

Б Ғ М Б Т И
1. «Хима» 17 12 3 2 41-14 39
2. «Вахш» 18 12 2 4 29-14 38
3. «Регар» ТадАЗ 16 12 1 3 36-10 37

4. «Парвоз» 15 10 1 4 25-15 31
5. СSKA 17 10 1 6 27-23 31
6. «Тоҷиктелеком» 15 7 1 7 24-24 22
7. «Хуҷанд» 14 5 3 6 16-20 18
8. «Саройкамар» 17 4 2 11 22-40 14
9. СКА «Помир» 17 3 4 10 17-32 13
10. «О.Каримзод» 15 3 3 9 16-23 12
11. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
12. «Динамо» 16 0 6 10 11-37 6


Дар даври навбатии мусобиқот рӯзи 21 сентябр «Хима» дар меҳмонӣ бо «Олими Каримзод» рақобат мекунад. Рӯзи 22 сентябр ду бозии дигар миёни тимҳои «Хуҷанд» ва СКА «Помир», «Ориёно» ва «Тоҷиктелеком» баргузор мешавад.
XS
SM
MD
LG