Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вазифа ва салоҳиятҳои Кумисиюни марказии интихобот


- Чаро дар Кумисиюни Марказии Интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон дар асоси қонуни Маҷлиси намояндагон фаъолият мекунанд, на дар асоси қонуни интихоботи раёсати ҷумҳурӣ, дар ҳоле ки интихоботи раёсати ҷумхурӣ аз ин интихоботи Маҷлиси Намояндагон фарқ дорад?

- Агар ҳамон қонуне, ки ҳам қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи президент ва ҳам интихоботи парламент бигирем, қариб 18 модда сухан дар бораи Комиссияи марказии интихобот меравад, ҳамон худаш қонун аст ва ба қонун даровардагӣ аст. Агар мо ҳам ҳамон низомномае, ки дорем ҳамонро ҳам диҳем ҳамон хел қонун мешавад, ҳамон хел қонун мебарояд, аз доираи ҳамон қонун ҳеҷ кас баромада наметавонад. Ба Халифабобо Ҳомидов -вазири адлияи Тоҷикистон ҳам бурдем, ки мана мо навиштагӣ тайёр дорем, ҳамин қариб 14-то модда тайёр кардагӣ ҳастем. Вай ҳамон қонунро нишон дод ба ман, гуфт дар ҳамин ҷо ҳаст ҳамин қонун. Боз ин гапҳои зиёдатӣ чӣ лозим? Мо бурдем, ки Вазорати адлия имзо монад, зеро қариб ҳашт вазорат имзо монданашон даркор, вақте ин ё он қонун қабул карда мешавад. Баъд гирифтанд ва гуфтанд, ки дар ҳамин Қонуни интихобот дар аввалаш дар бораи фаъолияти Комиссияи Марказии Интихобот ҳаст, ки он бояд чӣ гуна орган бошад.

- Бибинед, як баҳсе, ки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон дар иртибот ба фаъолияти Кумисиюни интихобот доранд ин аст, ки ин кумисиюн ба ҷои он ки дар мавриди ин ё он шикояти аҳзоб ё афроди норозӣ аз ҷараёни интихобот ба Додгоҳи Олӣ қарор пешниҳод кунад, мактуб мефиристад. Дар ҳоле, ки додгоҳ танҳо қарорро муҳокима мекунад на мактубро.

-Мо чаҳоруми сентябр ҷаласаи аввали Комиссияи Марказии Интихоботро доир кардем. Дар ҳамин ҷо як гурӯҳи кории мураккаб аз ҳуқуқшиносонро ба манзури баррасии арзу шикоят ташкил кардем. Ҳамчунин маркази матбуотӣ таъсис додем ва дар ин замина қарор низ қабул гардид. Агар барои мисол арзу шикояте ки аз Кӯлоб меояд аз Суғд меояд гурӯҳ ҳамон ҷо рафта месанҷад меомӯзад. Вале агар касе аз кори Комиссия норозӣ бошад метавонад ба Додгоҳ муроҷиат кунад. Ӯ ба додгоҳ муроҷиат мекунад баъд додгоҳ аз мо мепурсад. Додгоҳ омада аз мо қарорро мегирад, баъд мебинад.

-Шумо қарорро намефиристед?

-Ба куҷо?

- Ба додгоҳ намефиристед?

- То талаб нашавад мо куҷо мефиристем. Мо ин хел қарор надорем, ки ҳар куҷо фиристем.

-Талаб бояд аз тарафи додгоҳ шавад?

- Бале аз тарафи Суди Олӣ. Масалан, шахси арзкунанда меравад, ки Кумисиюни Марказии Интихобот дар фалон рӯз нодуруст муносибат кард ва дар он ҷо намояндаашон ҳаст ва вай мегӯяд, ки қароратонро дар ин бора фиристед, ки ба мо ҳамин гуна шикоят омадааст. Дар ин ҳолат метавонад гирифта қарори моро қатъ гардонад.Танҳо Суди олӣ қарори кумисиюнро дигар мекунад.

- Умуман аз таҷрибаи худатон гуфта метавонед, ки қонуни интихоботи Президенти Тоҷикистон ба чӣ гуна ислоҳот ниёз дорад?

- Ана ин саволи дуруст аст, дар ҳақиқатан 155 ҳазор имзое, ки ҷамъ меорем мушкил аст - яъне 5 фоиз. Дар дигар мамлакатҳо, ки мо ҳамчун нозир иштирок мекунем, ба як фоиз овардаанд онро, ҳамон як фоизи мо ҳам қариб 30 000 имзо мешавад. 30 000 имзоро ҳам хела ин кор кардан даркор барои санҷидан ва хатоиашро ошкор кардан. Бояд ҳамин чизҳо дар оянда такмил шавад. Хайр қонуни мо ҳамин қадар намояндаҳои созмонҳои байналхалқие, ки дар Тоҷикистон ҳаст ба дасти ҳамаи онҳо ҳамин қонуни мо ҳаст то сафири Амрикову дигарҳо . Чи хеле гуфтам намояндаи ҳизбҳо дар парламент шишта қариб дар 16 моддаи он тағйироти иловаҳо дароварданд. Барои чӣ дар ҳамон ҷо ҳамин тағйиротҳо пешниҳод намешавад ман ҳайрон.

- Умуман аз таҷрибаи худ дар ҷараёни интихоботҳо кадом навъи қонуншиканиҳо бештар мушоҳида мешавад, ки интихобкунанда ё интихобшаванда аз онҳо шикоят мекунад?

-Шумо медонед ки пеш вақт ҳамон ҳавзаҳои интихоботии мо дар идораҳои ҳукумат ҷойгир буд. Мо аз интихоботи порсолаи парламент ҳаминҳора талош кардем, ки дар дохили бинои ҳукумат ҷой нагиранд. Хоҳем нахоҳем ҳар як намоянда даромадан мегирад, зеро он ҷои кориаш ҳаст. Барои ҳамин дар ҷумҳурӣ 68 ҳавзаи интихоботӣ ташкил шуд, ҳамаи ҳаминҳо дар ҳамон қасри фарҳангу идораи фарҳангу дигар ҷойҳо ҷой кардем. Аъзоҳои ҳамон ҳавзаро ки аз ҳисоби ҳамон раҳбарият нашавад раису муовин ва котиб ҳамааш муаллиму духтур бисёр. Яъне шахсони бетараф. Ҳамин хел мо бо мардум кор карда истодаем.

- Дар ҷараёни интихоботи Маҷлиси намояндагон дар соли гузашта шумо дар бораи шароити ҳуқуқии иштироки аҳзоби сиёсии Тоҷикистон ба вазорати адлия муроҷат кардед, махсусан дар бораи ин ки ҳизби сотсиалит бо роҳбарии Мирҳусейн Назриев иштирок мекунад ё не? Ҳамин гуна ҳарфҳо ҳоло дар мавриди раиси ҷумҳури имрӯза шудааст, ки ӯ ҳам гӯё ҳақ надорад, дар интихобот иштирок кунад, аз ҷумла ин ҳарфҳо ҷониби раиси Ҳизби Сотсиал Демократи Тоҷикистон садо медиҳад. Оё дар ҳамин замина Шумо ба вазорати адлия муроҷиат кардед, ки то кадом андоза ҳамин ҳарфҳо дурустанд ва оё раиси ҷумҳури Тоҷикистон имрӯз ҳаққи ҳамчун номзад иштирок кардан дар интихоботро дорад ё не?

- Мо якчанд маротиба ба вазорати адлия муроҷиат кардем дар ин масъала . Ҳамин хел чизе ки ман ба Шумо ҷавоб додам, дар асоси раъйпурсии умумихалқӣ мана то ҳамин рӯзи 6-ноябр мӯҳлати чиз давом дорад. Албатта ҳақ дорад. Ман ҳамчун раиси Комисияи марказии интихобот мегӯям ,ки ҳақ дорад, вазорати адлия ҳам ҳамин чизро тарафдорӣ мекунад. Мо ҳар моҳ қариб аз вазорати адлия мактуб мегирем. Мана ҳозир боз як норозигӣ дар бораи ҳизби демократӣ рафта истодааст. Гӯё ки вайҳо анҷумани фавқулода гузаронидану Собиров раис шудааст. Аммо боз мана ҳозир мактуб омад, аз вазорати адлия, ки ҳозир ҳам Искандаров Маҳмадрӯзӣ раиси ин ҳизб аст.

---- Намояндагони ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон мегӯянд, ки Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон мустақилона фаъолият намекунад, бештар таҳти таъсири ҳокимияти иҷроия ҳаст ва намояндагони ҳизбҳои сиёсӣ дар ин комисиюн шомил намешаванд. Назари Шумо чӣ аст?

- Ман гуфта истодаам ба Шумо, ки ҳар кадом ҳизб шомил мешавад ё намешавад ин дар асоси қонун мешавад. Дар қонун набошад мо ин чизро шомил карда наметавонем . Лекин мустақилиятии мо, мо то ҳозир нафаҳмидем, ки дар як комиссия мо омада аз маҷлиси намояндагон ё аз маҷлиси миллӣ ё аз аппарати Президент дахолат карда бошад, ки шумо чаро ин комисияро мегузаронед, Шумо барои чи ҳамин хел ягон фикри дигар дода бошанд ман ҳамин қадар солҳои дароз дар ҳамин комиссия кор мекунам ягон супориш ба ман нашудааст. Комиссия мустақил аст ва дар тамоми дунё, комисияи мо баромад мекунад.

-- Хуб, як саволи дигар бубинед масалан вақте дар бораи ҳамин раҳбарҳо гуфтед дар ҳамин рӯзе ки интихоботи раиси ҷумҳурӣ таъин шуд раиси Маҷлиси миллии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев ошкоро эълон карданд, ки аллакай номзади мо маълум асту баргузории интихобот танҳо ба хотири эҳтироми қонун аст. Шумо ҳамчун раиси ин ниҳоди масъул барои баргузории интихобот чунин изҳоротро чигуна қабул кардед ва арзёбӣ мекунед?

-Ман иштирок накардам дар вай маҷлис. Ин хел изҳорот нодуруст аст, албатта . Вақте ки мо дар бораи давлати демократӣ, ҳуқуқбунёд гап мезанем ҳамаи шаҳрвандони Тоҷикистон ҳуқуқ доранд номзадии худашро пешниҳод кунад, ҳам парламент бошад, ҳам президентӣ . Барои парламентӣ аз 25 ин ҷо барои президентӣ аз 35 боло ҳақ дорад номзадиашро пешниҳод кунад. Ман боварӣ дорам 3-4 нафар одамон номзадии худашонро пешбарӣ мекунанд.

-Як масъалаи дигари интихоботӣ ташкили комиссияҳои ҳавзавӣ ва қитъаҳои райъдиҳӣ дар минтақаҳо мебошад. Ин ҷо ҳам ҳизбҳои сиёсии Тоҷикистон норозигӣ мекунанд, ки аъзои онҳоро ба узвияти комиссия қабул намекунанд.

- Ман ин гапро чандин бор ба Шумо фаҳмонам ,ки барои он ки дар қонуни мо нест

-Дар қонун ҳаст ин чиз

- Нест. Бошад барои чи мо ин корро намекунем. Шумо ҳозир ҳамон қонуна ёфта ба ман диҳед, ки мана ҳаминҷо навиштагӣ ҳамин гап. Нест . Лекин ба ҳамин нигоҳ накарда бисёр вақт мо вайҳоро дастгирӣ мекунем, якҷоя кор мекунем ,ки сари вақт биёред рӯихати тарафдоротонро, мо дар бисёр ҷойҳо илова кунем аъзоятонро . Лекин дар қонун нест инро ман ба Шумо гуфта истодаам.

- Фикр намекунед ин ҳам як камбудии қонун аст барои интихоботи шаффоф?

- Барои ҳамин гуфта истодаам, ки аз ҳизбҳое ки дар қонунбарорӣ иштирок мекунанд, бояд ҳамин чизро аҳамият диҳанд. Мо фақат иҷрокунандаи қонун ҳастем, мо ягон тағйироту илова ба қонун ворид карда наметавонем. Дар қонуни конститутсионӣ дар бораи интихоботи Маҷлиси олӣ ҳаст, ки намояндаи ҳизбҳо дар ҳавзаҳо фақат, дар участка не, бояд , ки ҷой гиранд, лекин дар қонуни интихоботи президентӣ ин гап нест.

- Аз ин хотир, Шумо наметавонед, яъне ҳақ надоред?

---Не ,мо ҳақ надорем. Ба таври истисно гуфтем, ки биёрад сари вақт, мо илова мекунем. Мегӯем ҳеҷ гап нест .Он ҳам шаҳрванди Тоҷикистон ҳастанд, бигзор аъзо шавад.
XS
SM
MD
LG