Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳосили фаровони сармояҳо барои ҷавонон


Дар гузориши тозаи Бонки Ҷаҳонӣ доир ба рушди ҷаҳонӣ гуфта мешавад, дар кишварҳои дар ҳоли рушд, ҳоло беш аз 1 миллиарду 300 миллион нафар наврасону ҷавонони аз 12 то 24-сола ба сар мебаранд, ки заминаи бисёр мувофиқ барои рушди он кишварҳост. Франсуа Бургинён иқтисодшиноси аршади Бонки Ҷаҳонӣ дар робита ба ин мегӯяд:



"Насли ҷавон имрӯз фавқуллода зиёд аст ва шояд дар бархе аз кишварҳо аз ҳар замон дида зиёдтар. Ва ин имконоти хориқуллодаеро барои кишварҳо муҳаё мекунад, ки баҳри ҷавонон сармоягузорӣ кунанд, ки онҳо масъули рушд дар оянда ҳастанд. Агар онҳо ин корро ба хубӣ анҷом диҳанд, қодир ба суръат бахшидани рушд дар оянда хоҳанд буд."


Ба гуфтаи Франсуа Бургинён, шумораи зиёди ҷавонон ҳам имконоти хуб барои рушд аст, вале ҳамзамон хатар низ дорад. Ҷавононро ба гуфтаи ӯ бояд ҳунарманд кард, вагарна ҳукуматҳо дарди сарҳои зиёд хоҳанд дошт:


"Агар ҳукуматҳо қодир ба бароварда сохтани интизориҳои насли ҷавон набошанд, ба эҳтимоли қғавӣ дар бисёре аз кишварҳои ҷаҳон танишҳои иҷтимоӣ ба амал хоҳад омад ва мо медонем, ки танишҳои иҷтимоӣ барои рушди иқтисодӣ ҳеҷ гоҳ паёмади хуб надоранд."


Дар гузориши Бонки Ҷаҳонӣ гуфта мешавад, беш аз ними мардуми бекори ҷаҳонро ҷавонон ташкил медиҳанд ва танҳо кишварҳои Ховари Миёна ва Африқои Шимолӣ то соли 2020 бояд 100 миллион ҷойи нави корӣ таъсис бидиҳанд. Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, дар Осиёи Марказӣ, Шарқӣ ва Аврупои Шарқӣ аксарияти ҷавонон дастрасӣ ба кор ва адами амнияти хусусиро аз нигарониҳои аслии хеш ном бурдаанд.


Эмануэл Хименес раҳбари муаллифони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ доир ба мушкилоти дигари ҷавонон мегӯяд:

"Яке аз масъалаҳои ҷавонон ин аст, ки онҳо дар сатҳи бесобиқа ба бемориҳои кӯдакона рӯ ба рӯ ҳастанд. Ва онҳо дар замони ба воя расидан ба бемориҳои нави дигар муқобила мекунанд, аз ҷумла бемории норасоии масъунияти бадан, ки воқеан 30 соли пеш вуҷуд надошт. "


Эмануэл Хименес ба ҳукуматҳои кишварҳои дар ҳоли рушд тавсия медиҳад, ки ҷавонони худро ҳарчӣ бештар ҳунар омӯзанд, то онҳо омодаи рақобат бо ҳамсолони худ бошанд:

"Кишварҳои ҷаҳонро мебояд, баъд аз таҳсили ибтидоӣ , имконоти фаровонтаре барои ҷавонон фароҳам оваранд, аз ҷумла бо афзудани имконоти таҳсил дармакотиби олӣ, аммо бояд сифати таълим то ба ҳадде хуб бошад, ки ҷавонон тавонанд дар бозори кори ҷаҳонӣ рақобат кунанд."

Ба гуфтаи Эмануел Хименес, ин замон аз ҳар вақти дигар дида ҷиҳати сармоягузорӣ барои ҷавонон мусоид аст. Мамта Марфӣ яке дигар аз таҳиягарони гузориши Бонки Ҷаҳонӣ мегӯяд, агар кишварҳои дар ҳоли рушд мехоҳанд, аз танишҳои иҷтимоӣ дур бошанд бояд имконоти ҳарчӣ бештарро дар ихтиёри ҷавонони худ қарор бидиҳанд:


"Гузориши мо мегӯяд, ки ҳукуматҳо метавонанд, се кор кунанд, имконотро барои ҷавонон афзоиш диҳанд ва ба ҷавонон кӯмак кунанд, аз имконоти мавҷуд якеро интихоб намоянд. Ва барои онҳое, ки шояд аз имконот бархурдор набуданд ва метавонанд, тасмими номувофиқе бигиранд, шанси дубораи интихоб ва имконотро фароҳам оваранд."


Хонум Марфӣ меафзояд, давлатҳои ҷаҳонро мебояд сиёсати худро ҳарчӣ бештар ба қавле "ҷавонтар" бикунанд:


"Бояд ҳарчӣ бештар сиёсатҳои дӯстона бо ҷавононро пеш гирифт, то ки аз шавқу манобеъ ва маҳорати ҷавононро истифода бурд ва ба ин васила рушди иқтисодро афзоиш, камбизоатиро коҳиш дод."
XS
SM
MD
LG