Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон - барандаи медоли биринҷии мусобиқоти Осиё


Тими мунтахаби футболи наврасони Тоҷикистон барандаи медоли биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё байни бозигарони зери 17-сола дар Сингопур гардид.

Футболбозони навҷавони тоҷик таҳти раҳбарии сармураббӣ Пӯлод Қодиров дар бозӣ барои ҷойгоҳи севвум бар тими Сурия пирӯз шуданд. Вақти асосӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 анҷом ёфт. Голҳоро аз дастаи Тоҷикистон Фатҳулло Фатҳуллоев ва Қурбоналӣ Собиров ва аз тими Сурия Муҳаммад Ҷафр ва Сулаймони Сулаймон (ҷаримаи 11-метра) ба ҳадаф расонданд. Дар вақти иловагӣ низ тими ғолиб муайян нагашт, ҳарду даста якголӣ заданд ( Муҳаммад Ҷафр ва Абдуқаюм Қаробоев) ва ҳисоб 3 бар 3 шуд. Бозигарони тоҷик ҳамаи панҷ зарбаи ёздаҳметраро ба самар расонданд ( Фатҳулло Фатҳуллоев, Абдуқаюм Қаробоев, Фарҳод Восиев, Давронҷон Тухтасунов ва Самад Шоҳзуҳуров), вале аз панҷ нафар бозигарони Сурия танҳо ҳимоятгар Муҳаммад Гнис тӯбро хато зад. Бад-ин тартиб тими Тоҷикистон бо натиҷаи умумии 8 бар 7 пирӯзӣ ба даст оварда, мақоми севвумро касб кард ва нахустин бор соҳиби медоли биринҷии мусобиқоти қаҳрамонии Осиё шуд.

Тими наврасони Ҷопон дар бозии ниҳоӣ бар тими Куриёи Шимолӣ бо натиҷаи 4 бар 2 ғолиб омада, дуввумин бор ба унвони қаҳрамони Осиё даст ёфт. Дар ин дидор низ вақти асосӣ бо натиҷаи мусовии 2 бар 2 ба поён расид. Ду голе, ки Хироки Кавано дар қисми чаҳоруми бозӣ (дар дақиқаҳои 113-ум ва 120-ум) ба ҳадаф расонд, бозии ниҳоиро ба нафъи тими Ҷопон ҳал кард.

Бар асоси низомномаи мусобиқот чаҳор дастаи беҳтарини қора- Ҷопон, Куриёи Шимолӣ, Тоҷикистон ва Сурия, ҳамчунин дастаи Куриёи Ҷанубӣ ба ҳайси мизбон Осиёро соли 2007 дар мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон миёни навҷавонони зери 17-сола намояндагӣ хоҳанд кард.
XS
SM
MD
LG