Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Салиқаи раҳбарӣ дар сартосари ҷаҳон


Пеш аз ҳама бояд гуфт, Бонки Ҷаҳонӣ ҳар сол ин гузориши чигунагии раҳбарӣ ё идораи давлатӣ дар кишварҳои ҷаҳонро омода мекунад, аммо имсол ин ҷо се тафовут вуҷуд дорад. Аввал ин ки нахустин бор муаллифони гузориш тақрибан ҳамаи маълумоти мавҷударо дар бораи идора ва ё раҳбарии хуб ё начандон хуб якҷо гирд оварданд. Манзур, натиҷаи гузоришҳои ҳамасолаи созмонҳое чун Фридом Ҳаус, Транспаренси Интернешнл ва ғайра.

Воқеан ин ниҳодҳо гузоришҳои солона нашр мекарданд, ҳар кадом дар риштаи худ ва ҳоло маълум шуд, ки ҷамъбасти ҳамаи онҳо дар марвиди ин ё он кишвар, аз ҷумла Тоҷикистон чи натиҷа медиҳад.
Дуввум, муаллифон хулосаҳои як солро на, балки даҳ соли охирро бо ҳам ҷамъ карданд, ки гуфта мешавад, натиҷаҳои дақиқтареро ба миён овардааст ва саввум, бори аввал шакли комили гузориш дар шабакаи ҷаҳонии интернет нашр шуд. Бархе аз коршиносон ҳамеша Бонки Ҷаҳониро танқид мекарданд, ки натиҷаҳои чунин пажӯҳиши муҳимро гӯё махфӣ нигоҳ медорад

Ва аммо худи гузориш. Дар он ҳунару тавононии ҳар ҳукумат дар 200 кишвари ҷаҳон аз рӯи шаш ҷиҳат баҳогузорӣ шудааст. Инҳо -- иродаи мардум ва ҷавобгарии ҳукумат, яъне то куҷо мардум метавонад, бо раъйдиҳӣ раҳбарияти кишвари худро иваз кунад, то куҷо озодии баёну матбуот ва фаъолиятҳои ҷамъиятӣ мавҷуд аст. Дигар, эътидоли сиёсӣ ва набуди хушунат, яъне пиндошти инки ҳукумат метавонад дар натиҷаи зӯровариҳо аз дохил ё берун сарнагун шавад. Ҷиҳати савум, босамарии кори ҳукумат, яъне озодии сохторҳои хадамоти давлатӣ аз фишори сиёсӣ, ва эътимоди аҳолӣ ба ҳукумат ва раҳбар. Чорум, қобилияти танзимгарии ҳукумат, яъне сиёсатҳои ботавозун ва имконияти рушди бахши хусусӣ. Панҷум, бартарияти қонун, яъне эътимоди мардум ба сохторҳои адлия. Ва ҷиҳати шашуми охирин, вале ҳамоно муҳим, назорат ба коррупсия.

Вақте муаллифон натиҷаҳои даҳсолаи ҳукуматҳои гуногунро ба ин тарозуи шашпаллаӣ гузоштанд, кишварҳои олам ба гурӯҳҳо тақсим шуда, дар зинаҳои муайяне ҷой гирифтанд. Ва таври маълум давлатҳои Осиёи Марказӣ ба зинаҳои начандон баланд соҳиб шуданд. Аммо дар бобати бархе аз кишварҳои шӯравии собиқ ва собиқ блоки Шарқ аз пешрафтҳое хабар дода шуд.

Яке аз муаллифони гузориш, Орт Край ба саволи хабарнигори мо, ки оё чи чизе дар ин пешрафт нақши асосӣ доштааст, чунин посух медиҳад: "Ин дарвоқеъ як саволи мушкил аст. Як чизе ки ҳамеша рӯ мезанад ин аст, ки чунин пешравиҳо асосан ба тағйироти амиқи сиёсӣ пайванд мегиранд. Шумо чунин гузаришро дар инқилоби норанҷии Украин мебинед ва ё дар Сербиа аз Милошевич ба пасовандаш гузаштани қудрат. Ин дигаргуниҳо дар навбати аввал ҷавобгарии ҳукуматҳои навро дар назди мардум афзоиш доданд. Ва ба думболи ин беҳбудиҳое дар риштаҳои дигар ба амал омадаанд. Одатан ҳукуматҳои нав бисёр пурғайрат, ҳадафманд ва пуркоранд. То муддате бовари мардум ба онҳо низ зиёд хоҳад буд. Ва бо истифода аз ин онҳо метавонанд, дар бисёр риштаҳо пешрафт кунанд. Онҳо қонунҳоро иваз ва беҳтар мекунанд, хидмати бештар пеш меоранд ва ин ҳама имкониятҳои фасодро коҳиш медиҳад."

Орт Край, ҳаммуаллифи гузориши Бонки Ҷаҳонӣ дар бобати чигунагии раҳбарӣ ё идораи давлатӣ дар кишварҳои ҷаҳон дар мавриди Осиёи марказӣ мегӯяд, пешрафт дар кишварҳои ин минтақа бисёру бисёр маҳдуд аст.
Аз ҷадвалҳое, ки зимни таҳқиқоти илмии муаллифон бармеояд, метавон дид, ки масалан, ҷамъи нишондиҳандаҳои Тоҷикистон дар ин маврид аз соли 1996 ба ин сӯ рӯ ба пастравӣ қарор дорад. Албатта, шояд баъзеҳо дар Тоҷикистон ин арқомро напазиранд ва ба назари онҳо баракс пешрафт намудор шавад, аммо муаллифон мегӯянд, ин ададҳо дар қиёс бо кишварҳои дигар низ каму зиёд мешаванд.

Ва як сабақи дигаре ки муаллифон матраҳ мекунанд, ин аст, ки на ҳамеша идора ва ё раҳбарии хуб ба дараҷаи сарватмандии ин ё он кишвар бастагӣ дорад. Онҳо мисолҳои бараксе низ доранд, ки кишварҳои камбизоат низ тавонистаанд, идора ва раҳбарии хубро ба роҳ монанд. Аммо, хулоса мекунанд, муаллифон, тафовут дар ин аст, ки идора ва раҳбарии хуб ҳамеша, бидуни истисно ба рушди кишвар ва беҳбуди зиндагӣ сабаб гаштааст.
XS
SM
MD
LG