Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Марги хабарнигори туркман дар зиндон ҳамаро такон дод


Хабари он ки гузоришгари бахши туркмании Радиои Озодӣ дар Туркманистон Уғулсафар Муродова дар зиндони ин кишвар даргузаштааст, созмонҳои ҳуқуқи башар ва дифоъ аз рӯзноманигоронро ба изтироб овард.


Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо (САҲА) аз мақомоти Туркманистон хост, ин қазияро ба таври шаффоф баррасӣ кунад. Созмони Хабарнигорони Бидуни Марз гуфтааст, аз ин хабар ба ваҳшат омадааст.


Имрӯз хешовандони У. Муродова ба Радиои Озодӣ хабар доданд, ки мақомоти амниятӣ онҳоро аз даргузашти хабарнигор дар зиндон дар ҷараён гузоштаанд, аммо гуфтаанд, ҷасади ӯро ба наздиконаш нахоҳанд дод.


Уғулсафар Муродова ва ду ҳомии ҳуқуқи башар бо ҳукми додгоҳ ба шаш сол зиндон маҳкум шуда буданд.


Миклош Ҳараштӣ - намояндаи САҲА дар умури озодии матбуъот изҳори андӯҳ кард ва аз мақомоти туркман хост, ки ба шароити марги бону Муродова рӯшанӣ андозанд.
XS
SM
MD
LG