Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Парастиши шахсияти Раҳмонов ва "Тоҷикон дар умқи таърих"


Расонаҳои гурӯҳии хориҷӣ аз омодагиҳо ба интихоботи президентии Тоҷикистон хабар дода, ҳамзамон афзоиши парастиши шахсияти президенти феълии кишвар Эмомалӣ Раҳмоновро тазаккур медиҳанд.

Хабаргузории Франс-Пресс ба нақл аз гузориши нави Бокни Ҷаҳонӣ давлати Тоҷикистонро дар як саф бо Ангола, Афғонистон, Ҳойитӣ ва Ҷумҳурии Африқои Марказӣ шикананда ва осебпазир меномад ва мегӯяд, идораи давлатӣ дар ин кишварҳо заъиф буда, фазоеро барои терроризм, ҷинояткорӣ ва бемориҳои уфунӣ ба миён меорад. Ин манбаъ мегӯяд, "шикасти эътидол дар кишварҳои мазкур метавонад, сабаби бӯҳронҳои амниятӣ гардад."

Шабакаи телевизионии НТВ-и Русия дар гузориши худ аз шаҳри Кӯлоб гуфт, тоҷикон барои дастёфт ба ваҳдати миллӣ ҳарчи бештар ба умқи таърих фурӯ мераванд. Хабарнигор Андрей Мелников, ки дар ҷашни 2700-солагии Кӯлоб ширкат кардааст, мегӯяд, бо вуҷуди бархӯрди тазодомез ба свастика ё салиби шикаста, ки рамзи фошизми ҳитлерист, Тоҷикистон дар чаҳорчӯби соли тамаддуни ориёӣ онро эҳё мекунад. Академик Раҳим Масов ба ин хабарнигор гуфтааст, ҳатто русҳо бештар аз тоҷикон ориёӣ ҳастанд ва дар Челябинск ёдгориҳои бостоние доранд, ки ба ориёӣ будани миллати рус шаҳодат медиҳад. Сипас, Мелников шаҳри Саразмро қадимтарин ёдгории Осиёи Марказӣ меномад ва мегӯяд, номи он маънии сари замин, яъне оғозгоҳи ҷаҳонро дорад.

Рӯзномаи "Российские вести" баъд аз мусоҳиба бо раиси нави Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон (ҲНИТ) Муҳиддини Кабирӣ ба чунин натиҷа расидааст, ки дар интихоботи президентии Тоҷикистон дар муқобили Раҳмонов як номзаде ба хотири намоиши демократӣ зуҳур хоҳад кард, аммо ин номзад Кабирӣ нахоҳад буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки ҳадс мезанад рӯзнома, танҳо ҲНИТ қодир аст, ба осонӣ 160 ҳазор имзо гирдоварӣ кунад.

Маҷаллаи интернетии Фергана.Ру аз афзоиши парастиши шахсияти президенти Тоҷикистон сухан гуфта, ин равандро кори дасти атрофиёни президент ва роҳбарони сатҳи миёнаву поён меномад. Он аз як мақолаи раиси вилояти Суғд Қосим Қосимов нақл мекунад, ки Раҳмоновро дар як саф бо Рӯдакӣ, Абӯалии Сино ва Айнӣ нобиға номидааст. Ин манбаъ мегӯяд, ба худи Раҳмонов чунин ситоишҳо хушоянд набуда, борҳо мухолифати худро изҳор доштааст ва дар телевизион ҳангоми шеърхонии кӯдакон ба васфи ӯ хаставу ноҳинҷор намудор мешавад.

Хабаргузории Ройтерз расми ифтитоҳи нақби Анзобро зери танқид гирифтааст. Ин манбаъ менависад, ба қавли як намояндаи ҳукумати Тоҷикистон танҳо соли оянда ин нақб қобили истифода хоҳад шуд ва изҳори шигифтӣ кардааст, ки дар ин ҳол чаро ин қадар зуд расми бошукӯҳи ифтитоҳи он барпо гардид.
XS
SM
MD
LG