Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се медоли паҳлавонони тоҷик дар Кобул


Паҳлавонони тоҷик дар мусобиқоти қаҳрамонии Осиё дар риштаи гуштии кураши камарбандӣ дар шаҳри Кобули Афғонистон се медол ба даст оварданд.

Абдуалӣ Сатторов дар рақобатҳо дар вазни 61 килограмм бар ҳамаи рақибонаш дастболо шуда, бо медоли тилло сарфароз гашт. Юлчӣ Тошмуродов дар вазни 80 кило медоли нуқра ва Бунёд Бердиев дар вазни 85 кило медоли биринҷӣ гирифтанд. Маҳмуди Абдуллоҳ, мураббии тоҷик ба Радиои Озодӣ гуфт, ин навъи варзиш аслан дар қисмати шимоли Тоҷикистон маъруф аст ва гуштигирони тоҷик дар шаҳрҳои Хуҷанду Истаравшан таҳти раҳбарии мураббии мактаби маҳорати олии варзишии вилояти Суғд Аҳмад Тошмуродов тамрин карда, дар мусобиқоти байналмилалӣ ширкат меварзанд.

Ва як хабари дигар. Мусобиқоти қаҳрамонии Тоҷикистон оид ба теннис дар шаҳри Душанбе бо пирӯзии варзишгарони пойтахти ин кишвар ва шаҳри Чкаловски вилояти Суғд ба поён расид. Дар рақобатҳои инфиродӣ байни мардон Анвар Раҳматов аз Душанбе пирӯз шуд.
Вай дар бозии ниҳоӣ бар ҳамшаҳрии худ Аҳмадҷони Муҳаммад бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба кард. Шабнам Юсуфҷонова, аз Душанбе, ки дар бозии ниҳоӣ бар Таҳмина Бурҳонова, аз Чкаловск бо натиҷаи 2 бар 1 ғолиб омад, миёни занон мақоми аввалро ишғол намуд. Дар рақобатҳои ҷуфти мардона теннисбозони Душанбе Дилшод Шарифӣ ва Мирҳусейн Яҳёев, дар рақобатҳои ҷуфти занона Таҳмина Бурҳонова ва Азиза Азизова, аз Чкаловск ба унвони қаҳрамонӣ даст ёфтанд.
XS
SM
MD
LG