Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се рӯз барои тафтиши шикоятҳо кофист?


Абдулқайюми Қайюмзод Баъзе сиёсатмадорон ва ҳуқуқшиносони тоҷик мегӯяд, се рӯзе, ки қонуни интихоботи Тоҷикистон барои тафтиши шикоятҳо ва аризаҳо муқаррар кардааст, кофӣ намебошад

Қонуни интихоботи раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳлати расидагии ариза ва шикоёти ҷараёни омодагӣ ва ҳамин тавр анҷоми маъракаи интихоботи раиси ҷумҳуриро се рӯз муқаррар кардааст. Аммо шикоёте, ки дар рӯзи баргузории интихобот ворид мешаванд, бар асоси ин қонун бояд фавран мавриди санҷиш қарор бигиранд.
Ба бовари бештари намояндагони созмонҳои сиёсӣ ва ҳуқуқшиносони тоҷик мӯҳлати ҷудошуда барои баррасии шикоёт дар мавриди нақзи қонуни интихобот нокофист.
Раҳматулло Зоиров, раиси Ҳизби сосиал-демократ ва яке аз мунтақидони сиёсати ҳуқуқии ҳукумати Тоҷикистон мегӯяд, дар қонуни интихоботи президент наҳваи назорат бар иҷрои меъёрҳо таври умумӣ зикр шудааст, дар ҳоле, ки тибқи меъёрҳои пазируфташудаи байналмилалӣ ин нукот ва махсусан мавориди эҳтимолии баҳсофар рӯшан ва дақиқу мушаххас бояд бошад. Зоиров инро "найрангҳои ҳуқуқӣ" арзёбӣ намуд, ки ба гуфтаи ӯ дар таҷрибаи кори Комиссияи Марказии интихобот ва Суди Олӣ, судҳои маҳаллӣ мушоҳида шудааст:

Ин найрангҳои ҳуқуқӣ аз бисёр чизҳо иборат аст ва медонанд, ки бо истифодаи механизмҳои давлатӣ суди Тоҷикистон ҳамчун намояндаи ҳокимияти давлатӣ инҳо аризадиҳандаро бо истифодаи ин найрангҳои ҳуқуқӣ "аҳмақ мекунанд." Дар қонун арз кардан, шикоят кардан муайян карда шудааст, лекин вақте аз тарафи Комиссиони марказии интихобот ва раъйпурсӣ ё ки аз дигар Комиссионҳои маҳаллӣ қонуншиканӣ мешавад, инро чи хел арз кардан даркор дар қонун инъикос наёфтааст.

Раиси Ҳизби Сосиал-демократи Тоҷикистон афзуд, ҳам Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсӣ ва ҳам додгоҳи Олии кишвар ба унвони ниҳодҳои масъул амалан аз ҳокимияти иҷроия ва намоянда ё номзади онҳо пуштибонӣ карда барои баррасии шикоёти намояндагони нируҳои сиёсии мухолиф қариб таваҷҷӯҳ намекунанд.
Сайидиброҳими Муҳаммадназар - масъули бахши табъу нашри Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ва аз номзадҳои нокоми маъракаи интихоботи вакилони Маҷлиси Намояндагон дар соли гузашта бо такя ба таҷрибаи худ мегӯяд, Комиссиюни Марказии интихобот ва Додгоҳи Олӣ посухи шикояти афрод ё созмони сиёсии норозӣ аз натиҷаи интихоботро замоне медиҳанд, ки барои он ҳеҷ эҳтиёҷи дигар боқӣ намондааст:

Ҳар вақте муроҷиат мешуд, ҷавобҳои онҳо мисли ниҳоди бесалоҳият буд. Ман боз такрор мекунам, вақте ки мо муроҷиат кардем дар бораи қонуншиканиҳо бо факту рақамҳои мувассақ, онҳо чунин ҷавоб доданд, ки "баъзе қонуншиканиҳо буд ва умед аст, ки дар давраҳои баъдӣ ислоҳ мешаванд." Ҳатто ҳамон даҳ рӯз ё мӯҳлати ду моҳе, ки мо мегӯем кам аст, вале агар майлу хоҳиш дошта бошем, мешавад иҷро кард. Мутаассифона, ҳамон ибораи хеле зебое, ки ҳокимияти қонун ё волоияти қонун мегӯем, дар мо ҷорӣ нашудааст. Қонун ҳарчанд хуб бошад, агар иҷро нашавад, арзише надорад. Он ки иҷро намекунанд ё ин ки масалан, гоҳе аз иҷрои қонун мегурезанд, одамро ба гумоне мебарад, ки мустақил набошанд.

Аммо Шерхон Салимов - раиси кумитаи қонунгузории Маҷлиси Намояндагони Тоҷикистон бар ин назарҳо розӣ нест. Оқои Салимов, ки дар кори таҳрири ахири Қонуни интихоботи президентии Тоҷикистон саҳми мустақим доштааст гуфт, тамоми меъёрҳои ҳуқуқӣ барои назорати иҷрои ин қонун дурусту дақиқ шудааст ва мақомоти масъули нозир барои баргузории интихоботи шаффофу мунсифона низ аз ваколат ва салоҳиятҳои зарурӣ бархурдоранд:

Пеш аз ҳама Комиссиюни марказии интихобот ва раъйпурсии Тоҷикистон метавонад қарорҳои онҳоро бекор кунад, тағйир диҳад ва ғайра. Агар ашхос ё тарафҳо норизо бошанд метавонанд ба додгоҳ муроҷиат кунанд ва ба воситаи ҳокимияти додгоҳӣ қонуншикании ҷойдоштаро бартараф намоянд. Додситонӣ чунин ваколат надорад, ки ин ё он қарори комиссионро бекор кунад ё ки тағйир диҳад. Вай танҳо агар ҳисоб кунад, ки қарори ин ё он комиссион ғайриқонунист, аввал ба худи ҳамин комиссион, агар он розӣ нашуд, ба комисиони болоӣ, комиссиони зинаи болоӣ муроҷиат мекунад. Ва агар он ҳам розӣ нашуд, ба додгоҳ муроҷиат намуда ва танҳо ба ин восита қонуншиканиро бартараф мекунад.

Аммо бо ин вуҷуд мақомоти аҳзоби сиёсии мухолифи давлати Тоҷикистон бо ишора ба ин ки аъзои ҳайати Комиссиони марказии интихобот ва ҳамчунин номзадии раиси Додгоҳи Олиро раиси ҷумҳурӣ пешниҳод мекунад ва ҳамчунин феҳристи 160 ҳазор имзои тарафдори номзад ба мақоми президентӣ баъди мӯҳргузории руасои навоҳӣ ва шаҳрҳо мавриди эътимод қарор мегирад бар назорати мунсифона ва шафофи иҷрои қонуни интихобот тардид доранд.
XS
SM
MD
LG