Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

"Регар" ТадАЗ дар ҷадвали мусобиқот садрнишин аст


Се бозии даври навбатии мусобиқоти қаҳрамонии футболи Тоҷикистон дар лигаи олӣ баргузор шуд. Тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода, ки бар дастаи мизбон - «Саройкамар»-и Панҷ бо натиҷаи 4 бар 0 ғалаба кард, бо 37 имтиёз мавқеъашро дар ҷадвали бозиҳо дар мақоми аввал устувор намуд.

Дастаи «Вахш»-и Қӯрғонтеппа, ки дар майдони худ бар тими «Олими Каримзод»-и Мастчоҳ бо натиҷаи 3 бар 0 пирӯз шуд, бо 34 имтиёз дар ҷадвали бозиҳо як зина боло - ба ҷойгоҳи дуввум баромад.
Дастаи «Хима»-и Душанбе, ки нисбати ду тими пешсаф як бозӣ камтар анҷом додааст, бо 33 имтиёз дар ҷойгоҳи севвум мебошад. Вале тими «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров, ки ҳамагӣ 13 бозӣ кардааст, бо 28 имтиёз дар мақоми чаҳорум қарор гирифтааст. Тими CSKA-и Душанбе, ки дар майдони худ дастаи «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппаро бо натиҷаи 4 бар 1 шикаст дод, бо 27 имтиёз дар ҷойгоҳи панҷум мебошад.

Мавқеи дастаҳо дар ҷадвали мусобиқот то 14 сентябр
Б Ғ М Б Т И
1. «Регар» ТадАЗ 16 12 1 3 36-10 37
2. «Вахш» 16 11 1 4 25-12 34
3. «Хима» 15 10 3 2 35-13 33

4. «Парвоз» 13 9 1 3 21-13 28
5. СSKA 15 9 0 6 25-22 27
6. «Тоҷиктелеком» 15 7 1 7 24-24 22
7. «Хуҷанд» 12 5 3 4 15-13 18
8. «Саройкамар» 16 4 2 10 22-39 14
9. СКА «Помир» 15 3 4 8 17-27 13
10. «О.Каримзод» 14 2 3 9 14-23 9
11. «Ориёно» 13 2 3 8 13-25 9
12. «Динамо» 16 0 6 10 11-37 6

Низом Раҳимов, ҳамлагари «Регар» ТадАЗ ва Нӯъмонҷон Ҳакимов, бозигари «Парвоз» ҳар кадом бо 10 гол миёни беҳтарин нишонзанҳои мусобиқа дар ҷойи аввал қарор доранд. Сӯҳроб Ҳамидов, аз дастаи «Хима» бо нӯҳ гол дар ҷойи дуввум мебошад.

Бозиҳои навбатӣ:
14 сентябр (панҷшанбе) - «Вахш» - «Хуҷанд», «Регар» ТадАЗ - «Ориёно», «Саройкамар» - CSKA
15 сентябр ( ҷумъа) - «Парвоз» - «Хима»
16 сентябр (шанбе) - «Олими Каримзод» - СКА «Помир»
XS
SM
MD
LG