Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ифтитоҳи Маркази пажӯҳиши тоҷикони ҷаҳон


Мансур Бобохонов, раиси маркази мазбур мегӯяд, ҳамакнун, муаррихон дар Тоҷикистон имкон ёфтанд, ки зиндагиномаи беш аз 35 миллион тоҷиктаборро, ки дар 100 кишвари ҷаҳон ба сар мебаранд, мавриди пажӯҳиш қарор диҳанд: «Таъсиси марказ ва ҳамчунин ҷорӣ шудани фанни таърихи тоҷикони ҷаҳон аз меваҳои истиқлолияти давлат мебошад»

Оқои Бобохнов афзуд, то ҳанӯз дар Душанбе аз фаъолияти афроди баргузидаи ин миллат дар 30 давлат огаҳӣ доранд, ки бо ифтитоҳи ин марказ ин мушкил рафъ мегардад ва тоҷикон имконияти бештари ҳамоиш меёбанд.

Манфред Лоренс, олими олмонӣ мегӯяд, уламои олмонӣ дар ҳамкорӣ бо ҳамтоҳои тоҷикистонии худ тасмим доранд, як луғати тоҷикӣ -олмониро рӯи кор орад: «Дар ин дунё, ки душманӣ авҷ дорад, вазифаи мо ин аст, ки мову шумо - тоҷикону олмониҳо дӯст шавем»

Масъуди Миршоҳӣ, раиси ҷамъияти тоҷикони Фаронса афзуд, маркази пажӯҳиши тоҷикони ҷаҳон пас аз 5.600 соли рӯи кор омадани тамаддуни ориёиҳо ифтитоҳ ёфтааст.

Ба иттилоъи Саидҷамоли Бадахшӣ, раиси анҷумани тоҷикони Бритониё маркзаи мазбур бояд ҳақиқати таърихро аз қалби кӯҳу хора бадар оварад ва бидуни эҳсосот ҳаккокӣ кунад: «Ҳақоиқи таърихи тоҷиконро аз дили хораҳо, кӯҳҳо берун оваред ва бидуни эҳсосот таърихи навро нависед»

Доктор Ризо Амҷад, олими иронӣ бар ин назар аст, ки аз кишварҳои форсгӯ танҳо Тоҷикистон суботи комили сиёсӣ дорад ва аз ин лиҳоз ифтитоҳи ин марказ дар Душанбе роҳандозӣ шуд: «Аз ин оромиши сиёсӣ истифода кунед. Мо надорем, Ироқ надорад, Афғонистон надорад ин оромиро, вале танҳо кишвари ороме, ки мо бо он ифтихор мекунем, ки ҳамзабон, ҳамнажод ва ба қавли раисҷумҳураш ҳамтақдири мо ҳаст, Тоҷикистони азиз ва Тоҷикистони бузург аст»

Вале Муҳаммадбашири Бағлонӣ, олими афғон ин оромии сиёсиро амнияти нисбӣ хонд. Оқои Бағлонӣ афзуд, дар ин маврид бояд дар нахуст ин суолро матраҳ кард, ки забони ягонаи мо кадом аст- тоҷикӣ, дарӣ ва ё форсӣ?: «Фикр мекунам, ки мо бояд миллатро тоҷик бигӯем ва забонро форсӣ, ки дуруст аст. Зеро ин забонро ба шохаҳо онҳое тақсим кардаанд, ки ғаразҳои сиёсӣ доштанд»

Оқои Шаҳриёрӣ, олими иронӣ аз уламо даъват кард, ки дар такя ба манобеъи маркази ҷадид тасмим бигиранд, ки таърихи мардуми тоҷикро аз дигар нависанд: «Агар ин корҳо, ин пажӯҳишҳо ҳоло анҷом наёбанд, пагоҳ хеле дер аст. Чун он ғалатҳое, ки навиштаанд, ба сурати як ҳақиқати таърихӣ ҷилвагар мешаванд ва ояндагон моро намебахшанд.»

Мирзо Шакурӣ, олими тоҷик нахустин китобҳои худро, ки перомуни таърихи навини тоҷик навишта шудаанд, ба маркази тоҷикшиносӣ тақдим кард.

Шоири иронӣ Муҳаммадризои Тоҷиддинӣ гуфт, маркази тамаддуни ориёиҳо ва забони фасеҳи форсӣ дар ҳамин марзу буми имрӯзаи Тоҷикистон ба миён омадааст ва афзуд:
«Забони поки Фирдавсӣ бимондаст,
Ба майдони фасоҳатгӯи тоҷик.
Забони дилнишин шеъри шакарбор,
Шаробу шарбати ҷодуи тоҷик»


Ва аммо маркази мазбур, ки оҷилан тӯли 3 моҳ бо ибтикори Мансур Бобохонов бунёд гардид, ба сарпарасти молӣ ва кӯмакҳо ниёз дорад. Зеро маркази илмӣ - таҳқиқотии точикони ҷаҳон то ҳанӯз бо шабакаи Интернет пайваст нест, нишонии электронӣ надорад, то уламои тоҷик дар сар то сари ҷаҳон аз хидмати марказ бархурдор бошанд.
XS
SM
MD
LG