Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода: "Чаро ман аз Раҳмонов пуштибонӣ мекунам?"


-- Шумо бо кадом асос ва далоил аз номзадии Эмомалӣ Раҳмонов -- раиси ҷумҳурии кунунӣ дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ тарафдорӣ мекунед?

-- Бале, ман мавқеи худро дар мавзӯи интихоботи оянда эълом доштам, ки дар интихоботи оянда аз ҷаноби Раҳмонов тарафдорӣ мекунам.Ин чанд сабаб дорад. Аввалаш он ки имрӯз вақте ки то интихобот як чанд рӯз боқӣ мондааст, шахсиятеро ба монанди Раҳмонов як шахсияти қавӣ, ки имкони пирӯзиаш дар интихобот бошад, ман намебинам. Аз ҳамин хотир эшонро тарафдорӣ мекунам. Дуюм, воқеъан дар солҳои ахир барномаҳои зиёдеро барои ободии кишвар ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии мардум доранд пиёда месозанд, ки онҳо ҳамааш умедворкунанда аст. Аз ҳамин хотир ман эшонро тарафдорӣ мекунам. Омили саввумаш ин аст,ки баъзеҳо гуфтанд, ки чаро худи ман намехоҳам, номзадиамро дар интихоботи раёсатиҷумҳурӣ гузорам. Инро ҳам сабаби асосиаш он аст, ки ман худамро муносиб намебинам. Ин якум. Дуюм, ҷомеаи Тоҷикистон омода нест, як шахсияти собиқаи исломӣ доштаро дар садри кишвар бубинад, дар сатхи раисҷумхур ва дигар дар ин аст, ки кишвархои минтақа ҳам ин омодагиро надораннд, ки дар Тоҷикистон як шахсияти исломӣ раиси ҷумҳур шавад дар солҳои наздик. Севум, Аврупо ва кишварҳои ғарбӣ низ ва Русия ҳам ба ин роҳ намедиҳанд. Билохира, вақте ки як шахсияти исломӣ кӯшиш мекунад, сари қудрат биёяд, аз тариқи интихобот ҳам бошад, боиси мутташаниҷ шудани вазъ дар дохили кишвар мешавад, ки ба ҳеч ваҷҳ ба манфиати миллат ва кишвар нест. Мо пеш аз ҳама мехоҳем, ки кишварамон обод шавад ва миллатамон сарбаланд бошад, мушкилоташон рафъ шавад, вақте ки мо мушкилро эҷод мекунем бо ин корамон, ин аз рӯи ақлу аз рӯи одобу инсоф нест.

-- Ба ҳар сурат Шумо фикр мекунед, ки дар кишвар шахсони арзанда ва сазовор дар ин мақом нестанд ба ҷуз аз оқои Раҳмонов?

-- Ҳамеша ҳастанд шахсони сазовор, мумкин нест, ки як миллате, ки ҳафт миллион аҳолӣ дорад, афроди арзанда надошта бошад. Аммо ман имрӯз онҳоро намешиносам, надидамашон ва имрҳз ба ман оқои Раҳмонов маъқултар аст. Ин фикри шахсии ман аст, ман ҳеч касро салб намекунам хоҳишашро дар бораи ба ҳайси раиси ҷумҳур номзад гузоштанашро ин ихтиёри эшон аст, эҳтиром мекунам ман ин ихтиёрашонро, аммо аз назари ман Раҳмонов муносибтар ҳастанд.

-- Дар вақтҳои охир ҳукумати имрӯзаиТоҷикистон баъзе иқдоме мекунад, ки, барои ҷилавгирӣ аз густариши ислом дар мактабҳо манъи иштироки духтарон бо ҳиҷоб, дар масҷидҳо нарафтани занон, кӯдакон ва наврасон, шумо фикр мекунед, ки ба ҳайси як пешвои мазҳабӣ дар ҳоле ки як чунин ҳукумат ва як чунин сиёсатро ҷонибдорӣ мекунед, ин ба обрӯи Шумо таъсир надорад?

-- Ман сиёсати давлатро дар ин масоил ҷонибдорӣ намекунам, на танҳо ҷонибдорӣ намекунам, балки зери танқиди шадид гирифтаам, китобе ҳам дар ин мавзӯъ навиштаам ва дар матбуот ҳам дар ин мавзӯъ сӯҳбатҳо доштаам, дар рӯзномахои давлатӣ ҳам фикри худро баён кардаам. Дар ҷаласаҳои ҳукумат ҳатто дар ин мавзӯъ сӯҳбат кардам бо масъулини зирабт, бо вазири маориф ва бо мушовири давлатӣ оид ба масоили фарҳанг сӯҳбатҳое доштам ва нодуруст буд ин нуктаи назару сиёсати давлатро дар ин масоил гуфтан, ҳатто дар шаҳрчаи Ғарм ба муносибати Рӯзи ваҳдат бо ҷаноби Раҳмонов сӯҳбате доштам дар ин масоил. Яъне он чизе ки хато аст ман хато мегӯям. Бале вақтҳои охир сиёсати зиддидиннии баъзе ниҳодҳои давлатӣ ошкор аст, фаъолияти Кумитаи дин бисёр ҳам зиддиисломист. Мехостам, қонуни нав тахия кунанд, ки миллати мо мусулмон аст ва масҷид яке аз заруратҳои ҳатмии фарҳанги исломист. Худо аз мо талаб кардааст, ки мо бояд масҷид дошта бошем, аммо инҳо мехоҳанд маҳдуд кунанд масҷидҳоро банданд, воқеан ин коре аст, ки мо бояд зери танқид бигирем ва акнун ба ман бигӯед, ки нафаре ба ғайр аз Раҳмонов президент шавад, кӣ сад дар сад ба ман тазмин медиҳад, ки аз ин бадтар нахоҳад шуд. Бинобар ин мо ҳамчун шахс эшонро тарафдорӣ мекунем дар маҷмӯъ, ин ҷо сиёсати иқтисодӣ ҳаст, сиёсатҳои байналмиллалӣ ва фарҳангӣ ҳаст...

-- Як раҳбар дар як кишваре, ки кишвари демократӣ ном мегирад, чанд навбат метавонад сари қудрат бошад, умуман чандин сол бояд давом кунад навбати давлатдории вай?

-- Қонуни асосии мо, ки мардум ба тарафдориаш раъй додааст, ду даври ҳафтсолӣ иҷозат додааст. Қонуне, ки имрӯз мо дорем, ба Раҳмонов иҷозат медиҳад, ки боз ду маротибаи дигар дар интихобот ширкат варзад. Модоме, ки имрӯз қонун иҷозат медиҳад, мо наметавонем мухолифи қонун ҳарф бизанем.

-- Ҳизбҳои сиёсӣ, ки мегӯянд ин қонун ҳаққи иштироки ҷаноби Раҳмоновро намедиҳад. Бо вуҷуди ин як нафар метавонад ҳар дафъа қонунро тағйир диҳад ва худашро ба сари ҳукумат нигаҳ дорад ва боз ҳам Шумо чун як сиёсатмадор аз ин ҷонибдорӣ мекунед. Ба ин шакл оё вазъи ҷомеа чӣ мешавад?

-- Бубинед, ҳизбҳои сиёсӣ мебоист дар маъракаи референдум аз хоб бедор мешуданд ва ба мардум мефаҳмонданд ва мардум бояд ба ҳарфи онҳо шояд гӯш мекарданду чунин ислоҳотро қабул намекарданд, аммо вақте ки дар он вақт сиёсатмадорони имрӯза, ҳизбҳои сиёсии имрӯза хоб буданд, коре накарданд, имрӯз вақте ки ин қонуни асосӣ фаъолият дорад, амал мекунад мо наметавонем, он чизе ки қонун иҷозат медиҳад номумкин бишморем.

-- Дар ҷомеъаҳои мусулмон нақши як пешвои мазҳабӣ бештар аз як ҳизб аст. Хуб дар ҳамон марҳала Шумо ошкоро сӯҳбат накарда будед, имрӯзам, ки масалан, панҷ соли пеш ҳам мегуфтед, ки бо фармондеҳон танҳо Раҳмонов метавонад, сарбасар шавад. Ҳоло ҳам мегӯед, ки ҳама чиз қонунист. Сабаби ин пуштшибониҳои Шумо чист?

-- Ман ҳафт сол аъзои ҳукумати ҷаноби Раҳмонов будам, аз ин ду солаш ба ҳайси намояндаи иттиҳодияи опозитсион дар давлат будам, панҷ солаш вақте ки баъд аз интихоботи раёсати ҷумҳур марҳалаи интиқолӣ тамом шуд, бо маҳзи розигии худи ҷаноби Раҳмонов панҷ сол ман аъзои давлаташон будам. Имрӯз ҳам дар Маҷлиси Миллӣ ба ҳайси намояндаи ҷаноби Раҳмонов дар Маҷлиси Миллӣ ҳастам. Яъне ин, вақте ки ман розӣ шудам дар онҷо панҷ сол бо эшон кор кунам ин нишонаи розӣ будани ман аз сиёсати эшон буд ва имрӯз ҳам ки вақте ман розӣ шудам ба ҳайси намояндаи эшон дар Маҷлиси Миллӣ равам, ин нишонаи розигии ман аз сиёсати эшон аст. Хуб ин интихоби ман ва сиёсати ман аст. Чаро ин ҳизбҳои сиёсӣ аз ман таваққӯъи дигаре доранд. Имрӯз мавзеъгирии ман, мавқеъи ман ва қаноати сиёсии ман ҳамин аст. Бале ман ҳам тарафдор ҳастам, ки бояд ба таври оромона бидуни ҷангу ҷидол аз рӯи қонун ҳукуматҳо табдилу тағйир ёбанд. Ҳамчунон мехоҳам, рӯзе дар кишвари мо низоми исломӣ ҳоким бошад ва ин ормонро низ бо худ дорам. Аммо ин кай амалӣ мешавад, кори худост ва ин ба иродаи мардум вобастааст. Алъон мардум ҷаноби Раҳмоновро дастгирӣ мекунанд, аксарияти мардуми Тоҷикистон. Ман инро ба чашмам мебинам, ба гӯшам мешунавам, бо мардум ҳастам, дастгирияш мекунам. Чаро ман ба муқобили ҷараёни иродаи мардум шавам.

--Шумо дар оғози суҳбат гуфтед, ки дар кишварҳои минтақа масалан, шароит барои пешвоии як рӯҳонӣ ба вуҷуд наомадаст, яъне як рӯҳонӣ наметавонад, раҳбари давлат бошад. Дар панҷ соли ҷанги Тоҷикистон як ҷониби низоъро асосан рӯҳониён раҳбарӣ мекарданд ва имрӯз ин таҷрибае, ки онон ҳосил карданд ҳамчун як барномаи таърихии сулҳ таблиғ мешавад, пас чаро имрӯз масалан, рӯҳониён наметавонистаанд, ки раҳбари як кишвар бошанд?

-- На, метавонанд, қудраташро доранд рӯҳониен ҳам шаҳрвандҳои ҳамин кишвар ҳастанд, фарзанди ҳамин миллат ҳастанд, аз обу гили ҳамин диёр ба вуҷуд омадаанд. Онҳо, албатта, медонанд ва як рӯҳонӣ ҳеч фарқе аз дигар нафарон надорад. Ман ҳеч фарқе байни худ ва байни як нафар зиёие, ки аслан аз ислом хабар надорад, намедонам, мо ҳамагӣ тоҷик ҳастем, инсон ва бандаи худо мебошем ва ақлу фаросат дорем, аммо мегӯям аз ҷиҳати психологӣ аз сабаби он он ҳафтод соле, ки тарбияи коммунистӣ мо гирифтем ва аз сабаби таблиғоти зиддиисломие, ки имрӯз дар ғарб дар роҳ ҷараён дорад, ҷомеаи имрӯзаи Тоҷикистон омода нест, ки як шахсияти исломиро ҳамчун сарвари кишвар бубинад, хусусан занҳо ва зиёиҳо мухолифи ин ҳастанд. Бале мо сӣ, чил дар сад ҳатто метавонам бигӯям, ки тарафдор дорем дар дохили кишвар, аммо бақияаш, ман ошкор медонам, ки тарафдор нестанд, бале моро ҳурмат мекунанд, ҳамчун як рӯҳони ҳатто дастамонро мебӯсанд, вале ба ҳайси сардори давлат шояд розӣ нестанд. Чаро ман худро болои онҳо таҳмил кунам, ин як. Дуввум Тоҷикистон кишваре ҳаст, ки наметавонад, бе ҳамкорӣ бо кишварҳои минтақа, бе ҳамкорӣ бо Аврупо ва Ғарб имрӯз мушкилоти иқтисодиашро ҳал бикунад. Ин кишварҳо ҳам низ омода нестанд як шахсияти исломиро дар садри давлати Тоҷикистон бубинанд, яъне ин чанд омил аст, омилҳои хориҷӣ ва дохилӣ, ки баъди таҳлили зиёд маро ба қаноат овардааст, ба ин қаноат ман расидаам, бинобар ин ҳамчуноне, ки ман мегӯям низоми исломиро дар Тоҷикистон барқарор шуданаш, як шахсияти исломиро дар Тоҷикистон ба сари қудрат омаданаш орзуи дарозмуддати ман аст. Шояд ҳамон орзуе, ки ҳар даҳ сол ё ҳашт сол шахси аввали кишвар бояд иваз бишавад ин ҳам аз ҷумлаи ҳамон орзуҳост.

-- Шумо бештар ба худи Раҳмонов таваҷҷӯҳ доред, ё ки ба ҳукумати эшон?

-- Бубинед, ба ҳар ҳол дар бисёр мавридҳо аз минбарҳои байналмиллалӣ ва дар маҷлисҳои дохилӣ ҳам ҳамеша аз ислом дифоъ мекунанд ва бо ифтихор ҳам мегӯянд, ки мо мусулмон ҳастем, дар сӯҳбатҳои шахсӣ бисёртар ин суханонро мекунанд. Ошкоро мехоҳам бигӯям, ки муттаасифона, дар масоили идеолоҷӣ асосан философҳои замони шӯравӣ дар атрофи эшон ҳастанд. Навадунӯҳ дар сади онҳо атеист ва мудирҳои кафедраҳои атеизм ҳастанд, пеш коммунизми илмӣ дарс медоданд. Онҳо афроде мебошанд, ки аслан ба дин мухолифанд, лекин бо дини ислом ниҳоят ҳам шадидан мухолиф ҳастанд. Онҳо ҳастанд, ки ин фикрҳоро ба эшон матраҳ месозанду табсир мекунанд ва онҳо ҳастанд, ки эшонро дар ин масоил машварат медиҳанд, аммо ман қаноат дорам, ки шахсиятҳои дорои фарҳанги миллӣ, ки ислом ҷузъи асосии ин фарҳанг аст фақат чунин афрод агар воқеан ҳам дар давлат дар масоили фарҳангию идеолоҷӣ зиёдтар бошанд, иншооллоҳ давлат бештар ривоҷ пайдо мекунад, як ҳамбастагӣ байни давлат ва миллат бештару хубтар мегардад, зеро мардуми мо мусулмонанд ва асри бисту як ин эътирофи тамоми душманони ислом аст, асри бисту як асри ислом аст, асри мусулмонон аст. Инро мехоҳанд ё намехоҳанд, ин мешавад.

Аз Озодӣ: Агар дар бораи ин гуфтугӯ назаре доред, лутфан ба нишонии tajik@rferl.org бифиристед.

Назароти хонандагон:

Сӯҳбати хубе иншо кардед бо ҷаноби Тӯраҷонзода ва аз ин кори шумо хеле розиам. Вале гуфтаниам, ки аз Тӯраҷонзода ба хотири корҳое, ки карда шадидан норозиам. Тӯраҷонзода, ҳоло ки ҳукумати Раҳмоновро сахтгир дидааст, аз он пуштибонӣ мекунад...
Комил аз Маскав

Ин сӯҳбате хеле хуб аст ва Акбар Тураҷонзода ба таври дипломатӣ ва бофарҳангона ҷавоб гуфтааст. Бале, имрӯз номзади оянда барои ишғоли вазифаи президенти кишвар танҳо Раҳмонов аст. Чи тавре ки набошад ӯ имрӯз худро ҳамчун номзади арзанда ба мардум нишон медиҳад. Намояндагони дигар ҳизбҳои сиёсӣ бояд номзадҳои худро пешниҳод кунанд, аммо аз онҳо на пай ҳасту на ҳайдар. Ҳизбҳои сиёсӣ танхо лоф мезананд, мисли кудакон эркагӣ мекунанд, шикоят карданро дӯст медоранд. Дар асл ё амалия бошад, аз дасти онҳо коре намеояд. Шояд, ки онҳо сиёсатро дуруст нафаҳманд ё ҳуқуқи худро ҳимоя карда наметавонанд.

Роҷеъ ба интихоби як шахси рӯҳонӣ ба мансаби президентӣ бошад, ман ба гуфтаҳои ҷаноби Тӯрачонзода сад дар сад розӣ ҳастам. Имрӯз на ҷомеаи Тоҷикистон ба қабули шахси рӯҳони омода аст, на ҷомеаи ҷахон ва на минтақа. Имрӯз рӯҳониён, аз ҷумла мусулмононро ба терроризм вобаста мекунанд ва кишварҳои ғарбӣ барои қабули як "террорист" ҳамчун президент розӣ нестанд.

Ростӣ, ман ба ҷаноби Тӯраҷонзода эҳтироми зиёд дорам. Эшон як нафар олими арзанда ҳастанд ва сиёсатро дуруст мефаҳманд. Бубинед, ки ӯ низ то андозае розӣ нест то як нафар рӯҳони президент бошад. Ӯ бештар дар бораи мардум ва ободии кишвар фикр мекунад, ки ин оқилона мебошад. Бале, имрӯз танҳо атеистон ва душманони миллати тоҷик Раҳмоновро дар ҳукумат иҳота кардаанд. Шояд рӯзе фаро мерасад ва Раҳмонов ҳамаи ин чизро дарк хоҳад кард. Шояд замоне фаро расад ва Раҳмонов шахсони босавод ва дилсӯзи миллатро ба атрофи худ ҷамъ кунад.

Бо эҳтиром,
Насим

Тӯраҷонзода таҷассуми "шахси дигари шӯравӣ" аст, он қисмати сағири мардуми шӯравӣ, ки дар чорчӯбаи як ахлоқе инфиродӣ, бидуни гунҷоиш ба дастгоҳи дурӯяи идиулужики Шуравӣ ба сар мебурданд. Дар тамоми қаламрави Шуравӣ ин гуна ашхос ҳомили фарҳанги даврони пеш аз сохти Шуравӣ буданд ва барои
эшон вожаи "Ахлоқ" маъние дошт. Ба фикри ман имрӯз мо шоҳиди он астем, ки ҷомеаҳои собиқ Шуравӣ оҳиста-оҳиста барои худ танҳо он раҳбаронеро, ки қобиланд оддитарину соддатарин қавонини ахлоқӣ ва шаръиро риоя кунанд, интихоб мекунанд. Аммо барои пешомади ин гуна воқеият худи ҷомеаи тоҷик бояд пухта расад. Бешак, ҷомеаи Тоҷикистон имрӯз дар зери тағйироти бошиддате қарор дорад, вале он ҳам ошкор аст, ки ҳанӯз ҳам ҷомеаи мо "ҷомеаи ғайринизомӣ" (civil society) нест ва қобили он нест, ки барои манфиъати хеш бо роҳи маданӣ мубориза барад. Вале таҷориби дигар кишварҳои собиқ Шуравӣ ба монанди Укроин ва Гурҷистон нишон медиҳад, ки "мо ҳама дар он ҷо хоҳем буд". Тӯраҷонзода шахсиятест барои он вақту мавқеъ, на барои ҳозир - шахсан ман бо гуфти ӯ сад фоиз мувофиқам. Ҳамзамон бояд зикр кард, ки вуҷуди чунин шахсе илҳоме, раҳнамоест барои насли нави зиёиёни тоҷик ва мо аз будани ӯ фахр дорем.
Абдусалом Одиназода,
шахри Перт, Остролиё
XS
SM
MD
LG