Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Вокунишҳо ба сарпечии Эрон аз қатъи ғанисозии ураниюм


Бахши марказии хабари Озодӣ Ожонси Байнулмилалии Энержии Ҳастаии вобаста Созмони Милали Муттаҳид мегӯяд, ки Эрон, сарфи назар аз талаби Шӯрои Амният дар мавриди қатъи ғанисозии ураниюм, ба чунин фаъъолияти ҳассоси ҳастаӣ идома медиҳад.

Ба зудӣ баъд аз гузориши ин бунгоҳи байнулмилалӣ ба Шӯрои Амнияти СММ дар рӯзи 31 август Вошингтон аз мавзеъгирии Теҳрон шадидан интиқод кард.

Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки аз аъзои Шӯрои Амният талаб мекунад, то бо эъмоли таҳримҳо алайҳи Эрон ин кишварро ба риояти тақозои байнулмилалӣ водоранд.

Вале Русия то кунун дар ин маврид мавзеъи эҳиёткоронае доштааст. Рӯзи ҷумъа Сергей Лавров - вазири хориҷаи Русия зимни суханронӣ дар Пажӯҳишгоҳи Робитаҳои Байнулмилалӣ дар шаҳри Маскав гуфт, ки беҳтарин роҳи ҳал гуфтушунуд бо Эрон аст, на дар инзиво гузоштани ин кишвар.

Аз ибтидо панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти СММ дар масъалаи Эрон мавзеъи ягона надоштанд. Омрико ва Бритониё шадидан ҷонибдори онанд, ки Шӯрои Амният Эронро бо муҷозот таҳдид кунад. Русияву Чин борҳо гуфтаанд, ки аз роҳи ҳалли диплумотик тарафдорӣ мекунанд. Фаронса ҳоло дар ин маврид мавзеъи то андозае мубҳам гирифтааст. Рӯзи панҷшанбе вазири хориҷаи Фаронса гуфт, ки Эрон дар зарфи мӯҳлати муқарраркардаи Шӯрои Амният посухи ғайриқаноатбахш додааст. Вале ӯ ҳамзамон гуфт, ки гуфтушунудҳо бо Теҳрон бояд идома ёбад.

Рӯзи ҷумъа масъалаи Эрон дар нишасти ғайрирасмии вазирони хориҷаи Иттиҳодияи Урупо дар Финлонд низ матраҳ шуд. Эркки Туомиоя - вазири хориҷаи Финлонд дар ин маврид ба хабарнигорон чунин гуфт:

"Ба фикри ман, ҳамаи мо ҷонибдори гуфтушунуде ҷиддӣ бо Эрон ҳастем. Агар посухи онҳо дар воқеъ дуруст бошад, яъне онҳо дар воқеъ омодаи гуфтушунуд бошанд, пас мо бояд бибинем, ки шартҳои онҳо чӣ ҳаст ва оё он шартҳо қобили қабул аст ё на. Роҳи ҳалли диплумотики Иттиҳодияи Урупо ҳамчунон интихоби аввали мо барои бартараф кардани ин масъала мебошад."

Ҳафтаи оянда Хавйер Солана - масъули сиёсатҳои хориҷии Иттиҳодияи Урупо бо Алӣ Лориҷонӣ - намояндаи Эрон дар гуфтушунудҳои ҳастаӣ мулоқот хоҳад кард. Ба зудӣ баъд аз ин мулоқот диплумотҳои урупоӣ ин мавзӯъро бо Николас Бурнз - диплумоти баландпояи Омрико дар миён хоҳанд гузошт.

Эрон мегӯяд, ки ҷонибдори гуфтушунуд аст, вале таъкид мекунад, ки барои пешбурди барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ ҳақ дорад.

31 август, рӯзе, ки зарбулаҷали Шӯрои Амният ба поён мерасид, Маҳмуди Аҳмадинажод - раисиҷумҳурии Эрон дар ин маврид чунин изҳори назар кард:

"Омрико ва кишварҳои урупоӣ мегӯянд, ки Эрон зери пӯшиши барномаи ҳастаӣ барои тавлиди силоҳи ҳастаӣ мекӯшад."

Ғанисозии ураниюм ҳам барои тавлиди энержии ҳастаӣ ва ҳам дар миқёси густардатар барои сохтани бумби ҳастаӣ сурат мегирад.
XS
SM
MD
LG