Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Убайдуллоев: "Мардуми Тоҷикистон президенти худро аллакай мушаххас кардааст".


Оқои Убайдуллоев баргузории интихоботи раёсати ҷумҳурӣ ва ширкати мардум дар он дар шашуми ноябри соли ҷориро танҳо нишони эҳтироми мардум ба авлавияти қонун талаққӣ кард:

«Мардуми Тоҷикистон, аксарияти мутлақи он, аллакай номзади худро медонад ва интихоб кардааст. Модоме ки мо, тоҷикистониён, давлати ҳуқуқбунёд эъмор карда истодаем, волоияти қонун барои мо аз ҳама волост ва аз ҳамин хотир имрӯз гап дар бораи шахсият нарафта истодааст. Лекин ман бовари пурра дорам, ки мардум президенти ояндаи худро аллакай муайян кардааст .Зарурат ба ягон қонунвайронкунию қонунпоймолкунӣ надорем. Мо аллакай номзаде дорем, ки Худо хоҳад, сад дарсад дар доираи тамоми меъёрҳои конститутсионӣ аксарияти мутлақи мардуми Тоҷикистон интихоби худро кардааст, локин мо нагузорем, ки баъзан ҳизбҳои сиёсӣ боз бо изҳорот баромад кунанд, ё ки баъзеҳо боз камбудиҳои моро ёбанд»

Чунин изҳори назари нафари дуввум дар идораи давлат дар мавриди интихобот ва номзади, ба гуфтаи вай, аз қабл мушаххасшуда дар маҳофили сиёсӣ ва миёни коршиносон вокунишҳои мухталиферо ба бор овардааст.

Ба гуфтаи бархе аз соҳибназарон, бо таваҷҷуҳ ба ин ки оқои Убайдуллоев низ ба унвони яке аз довталабони нирӯманди курсии раёсати ҷумҳурӣ дар ҷомеъа аз манзалат ва мартабае бархурдор аст, чунин баёнияи ӯ паёми вафодорие буд ба номзади билқуввае, ки ба таъбири оқои Убайдуллоев, сазовор ва мушаххас аст.

Ба андешаи Раҷаби Мирзо - яке мунтақидони ҳукумати Тоҷикистон, бо чунин лаҳни паём Убайдуллоев амалан ба таблиғи номзадии Раҳмонов оғоз карда ва ҳамзамон ба ҷонибдоронаш паём додааст, ки ӯ дар муборизаи интихоботӣ нафари боэътимоди як номзад аст, на чизе бештар аз он:

«Ман фикр мекунам, ки ҷаноби Убайдуллоев якбора чанд самтро дар назар дошт:- Шояд якеаш ин бошад, ки овозаҳо дар бораи иштироки Убайдуллоев ё таъсири бевоситаи ӯ ба ҷараёни интихобот овозаҳоеро, ки буданд ва мардумеро, ки овоза мекарданд, шояд ки ором кунонад. Паҳлӯи дигараш шояд ин бошад, ки воқеъан ҳам ҷаноби Убайдуллоев ҳақиқатан ба хулосае омадааст, ки ҳеҷ гуна таъсире ба маъракаҳои сиёсии кишвар дигар гузошта наметавонад».

Аммо Абдуғанӣ Муҳаммадазимов - раиси Анҷумани Сиёсатшиносони Тоҷикистон, ки тайи чанд соли ахир ҷараёноти сиёсӣ дар кишварро аз наздик пайгирӣ мекунад, гуфт, таблиғоти интихоботи раёсати ҷумҳурӣ аз замони таҷлили иди Наврӯз, ки бо ифтитоҳи нақби Анзоб мусодиф шуда буд, оғоз гирифт ва оғозгари он раисиҷумҳурии феълии кишвар будааст. Бад-ин хотир, ба гуфтаи оқои Муҳаммадазимов, дар Тоҷикистон ба унвони як кишвари суннатӣ бештар нақзи қонун ва радди эҳтиром ба усули демукротик мушоҳида мешавад:

«Дар ҷомеаҳои суннатӣ бисёртар анъана, на ин ки қонун ё ки эҳтиром ба қонун, риъоят мешавад. Барои ҳамин ин мушкили ҷомеъаи мост. Он нафари дуюм, ки дар он Маҷлис изҳорот карда, дар ин ҷо ҷамъомадаҳо ҳам аъзои Маҷлиси Миллӣ ва ҳам вакилони Маҷлиси намояндагон аксарашон, қариб ҳамаашон тарафдори ҳукумати феълӣ ҳастанд. Барои ҳамин, дар ин ҷо он кас даъват кардаанд ҳамаро, ки дар атрофи раисиҷумҳур ҷамь шаванд. Албатта, ин ғайритабиъӣ нест.»

Ин дар ҳолест, ки Муҳиддин Кабирӣ, сарпарасти Ҳизби Наҳзати Исломӣ ва танҳо вакили фаъъол аз ин ҳизб дар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон, бо ишора ба он ки изҳороти оқои Убайдуллоев бидуни матн ва бадоҳатан дар хатми Иҷлосия садо дод, гуфт, беҳтар буд масъулони кишвар бо матни омода сухан кунанд. Вай афзуд, ҷаласаи Маҷлиси Олӣ бештар ба як нишасти таблиғотӣ шабоҳат дошт, на ба як ҷаласаи таъйинкунандаи таърихи интихобот:

«Бояд қисми зиёди сиёсатмадорони мо бидуни навиштаи коғаз ҳарф назананд, яъне ҳарчи ки имкон доранд, бештар аз болои коғаз хонанд. Ин ба нафъи онҳост. Ба ҳар сурат, аз нигоҳи ман, дар бобати бо чунин шакл муроҷиат кардан ба вакилон он қадар зиёд набуд, мардум бе ин ҳам худашон дарк карда буданд , фаҳмида буданд, ва умуман ба назари ман расид, ки ин ҷаласа бештар на барои муайян кардани рӯзи интихобот, балки бештар нишон додани як гуна самимият ба ҷаноби Раҳмонов ҳамчун раисиҷумҳурии имрӯзаи кишвар ва яке аз номзадҳои эҳтимолии оянда буд».

Бо вуҷуди он ки Муҳаммадсаид Убайдуллоев - раиси Маҷлиси Олии Тоҷикистон аз шонси фаровони «номзади сазовори мушаххасшуда» ҳарф зада, набуди зарурат барои қонуншиканӣ дар интихоботро барои вакилони Маҷлис таъкид кард, Раҳматулло Зойиров - раҳбари Ҳизби Сосиал-Демократ ва аз муддаъиёни эҳтимолӣ ба курсии раёсати ҷумҳурии Тоҷикистон далоили ҳуқуқиеро матраҳ мекунад, ки номзадии Эмомалӣ Раҳмонов дар интихоботи раёсати ҷумҳурии моҳи ноябрро зери суол бурдааст.
XS
SM
MD
LG