Субҳи якуми сентябр мо меҳмони ду мактаби таҳсилоти ҳамагонии пойтахт шудем. Саҳн ва давру бари ин мактабҳо мисли ҳама дигар макотиби пойтахт тоза ва ороставу пероста ба чашм мерасид. Ҳавлӣ ва даҳлезҳои макотиби мазбур бо шиору овеза, навиштаҷоти мухталифи иборат аз панду андарзҳои бузургони олами маънӣ дар ситоиши устоду мактаб ва илму ҳунар оро ёфтааст. Ҷамъи шогирдону устодон ва падару модароне, ки хурдсолонашонро ба мактаб оварда буданд, ҳар яке дар даст гулдастаҳо, саҳни мактабҳоро шабеҳи чаманистон карда буданд. Аз чеҳраҳои шод ва нигоҳҳои содда аммо пурзиёи ин хурдсолон падид меомад, ки ин субҳро бо беқарорӣ интизорӣ кашидаанд.
Бунафшаи ҳафтсола ҳарчанд барои нахустин бор ба остонаи мактаб қадам мондааст, мегӯяд, хондану навиштан ва чанд шеъру афсона ва ривоятҳоро аз бар кардааст. Вақте устоди нахустинаш аз Бунафша хоҳиш кард, ки шеъри дӯстдоштаашро барои ҳозирин қироъат кунад, вай суруди миллии кишварашро суруд.
Аммо дар ҳоле, ки шодиву нишоти хонандагонро дар саросари кишвар ҳадду канор нест, заминларзаи чанде қабл дар ноҳияи дурдасти Қумсангир ва ноҳияи Рӯдакӣ ба амал омада таҳсилро дар мактабҳои ин ноҳияҳо барои толибилмон хатарзо гардондааст. Махсум Бӯриев, муовини мудири мактаби рақами 81 дар ноҳияи Рудакӣ, бо изҳори нигаронӣ гуфт, ҳарчанд масъулини мактаб бо кӯмаки падару модарони хонандагон кӯшиш кардаанд, ки харобиҳои пас аз зилзиларо бартараф намоянд, аммо бехатарии хонандагонро дар мактаби мазбур ба пуррагӣ наметавон кафолат дод.
«Маълум нест, ки ҳукумат имкони таъмир ё аз навсозии ин мактабро дорад ё не, аммо ҳар чӣ аз дастамон омад кардем, яъне каму беш таъмир кардем, аммо ҳолати мактаб барои қабули хонандагон на он қадар мувофиқ аст.»
Бино ба омори расмии Вазорати маорифи Тоҷикистон, имсол дар саросари кишвар ҳудуди 200.000 хурдсол барои нахустин бор паси мизҳои мактаб нишастанд.