Куфӣ Аннон қабл аз он дар Исроил бо нахуствазир ва вазири дифоъи он кишвар мулоқот кард.
Дабири кулли Созмони Милал бори дигар аз Исроил хост, ки муҳосираи ҳавоӣ ва дарёӣ бар Лубнонро бардорад, ки ба гуфтаи вай, "таҳқир ва таҷовуз ба ҳокимияти Лубнон" аст. Оқои Аннон ҳамчунин аз ҷунбиши Ҳизбуллоҳ хост, ки ду сарбози исроилиро, ки ба гаравгон гирифта буданд, раҳо кунад. Аз ин ду сарбоз аз замони асораташон то кунун хабаре нест. Куфӣ Аннон гуфт:
"Мо бояд масъалаи сарбозони гаравгонро ҳар чи зудтар ҳал кунем. Мусалламан, масъалаи аъзои зиндонии Ҳизбуллоҳ дар Исроил низ матраҳ аст, ки бояд ба сари ҳалли он ҳам андешид. Мо бояд барои лағви муҳосираи дарёӣ, заминӣ ва ҳавоии сарзамини Лубнон иқдом кунем, зеро ин амал барои мардуми Лубнон як таҳқир маҳсуб мешавад."
Аммо тақозои лағви муҳосира аз сӯи мақомоти исроилӣ рад шуд. Исроил мегӯяд, ки танҳо пас аз эъмоли ҳамаи унсурҳои оташбас дар минтақа муҳосираи Лубнонро хоҳад бардошт. Ин дар ҳолест, ки ба гуфтаи Куфӣ Аннон, лағви муҳосира зарурист, то Лубнон битавонад фаъъолиятҳои бозаргонии маъмулиашро аз сар бигирад ва дар бозсозии иқтисоди дарҳамшикастааш бикӯшад.
Эҳуд Олмерт, нахуствазири Исроил, пас аз дидору гуфтугӯ бо дабири кулли Созмони Милал дар Байтулмуқаддас гуфт:
"Ман мехоҳам таъкид кунам, ки Исроил бо мардум ё давлати Лубнон мушкиле надорад. Ва мо, воқеъан, умедворем, ки шароит ба зудӣ тағйир хоҳад кард, то байни давлатҳои Исроил ва Лубнон тамоси мустақим барқарор шавад ва то ин ки ба зудӣ тавофуқномае байни ду кишвар имзо шавад."
Аз Фарнӯши Ром, раиси бахши форсии родю Исроил ва нахуст аз ӯ пурсидам, ки то чи андоза умедвории Куфӣ Аннон ба ҷойгузинии нирӯи исроилӣ бо посдорони сулҳи Созмони Милал дар ҷануби Лубнон воқеъӣ ҷилва мекунад:
Фарнӯши Ром гуфт:
"Ин як рӯъёи дапстнаёфтанӣ ва дуре нест. Исроил кӯчактарин чашмдоште ба ҳич бахше аз сарзамини Лубнон надорад. Воқеъият ҳам ин аст, ки Исроил дар баҳори соли 2000 аз Лубнон берун омад ва Созмони Милал комилан таъйид кар, ки кишвари Исроил тамоми қатъномаҳои Созмони Милалро иҷро карда ва ба пушти "хатти обӣ" (blue line) баргаштааст. Ҳоло ҳам давлати Исроил таъкид мекунад, ки ба маҳзи ин ки нирӯҳои байнулмилалӣ дар бахшҳои муҳимми Лубнон мустақар бишаванд, ба ҳамон андозае, ки онҳо истиқрор пайдо кунанд, нирӯҳои исроилӣ ҷануби Лубнонро тарк хоҳанд кард. Воқеъият ин аст, ки нирӯҳои исроилӣ акнун дар борикаи бисёр кӯчаке мустақар ҳастанд."
Оташбаси зери назари Созмони Милал миёни Исроил ва Лубнон рӯзи 14 август касби эътибор кард, аммо муддате пас аз он таковарон (десантҳо)-и исроилӣ бори дигар ба ҷануби Лубнон юриш бурданд ва ин иқдоми артиши Исроил аз сӯи Куфӣ Аннон, дабири кулли Созмони Милал ба унвони як мавриди нақзи муқаррароти оташбас маҳкум шуда буд. Аз бону Ром пурсидам, ки акнун дурнамои оташбас то чи андоза умедворкунанда ба назар мерасад ва оё эҳтимоли нақзи он ҳанӯз мавҷуд аст.
Вай гуфт:
"Манзуратон шояд он амалиёти кумондуӣ (десантӣ) ҳаст. Дар чорчӯби қатъномаи Созмони Милали Муттаҳид аз тарафайн хоста шуда, ки ба амалиёти хасмона поён диҳанд. Аммо дар айни ҳол, қатъномаи 1701-и Шӯрои Амният комилан мепазирад, ки мусаббиб ва муқассири ин ҷанг Ҳизбуллоҳ буда ва лоғайр. Қатъномаи Шӯрои Амният ба Исроил ин ҳақро медиҳад, ки дар баробари амалиёти теруристии Ҳизбуллоҳ аз худаш ва аз амнияти шаҳрвандонаш дифоъ кунад."
Аммо Маҳҷуб Зувайрӣ, устоди араби Донишгоҳи Дурҳами Бритониё бар ин назар аст, ки нигаронии умдаи Куфӣ Аннон рафтори давлати Исроил аст:
"Ба назарам, ҳадафи оқои Аннон аз сафар ба Ховари Миёна ин аст, ки ҳар ду тарафро розӣ кунад, то бештар фаъъолият кунанд ва сулҳу амният дар ҷануби Лубнон мустақар шавад. Далели суҳбатҳои Куфӣ Аннон дар Исроил ин аст, ки ба бовари вай. Исроил бо рафторҳои сиёсию низомиаш масоилро печида мекунад. Ба хотири ҳамин, вай талош кард нахуствазири Исроилро мутақоъид кунад, ки нирӯҳояшро аз ҷануби Лубнон комилан берун бибарад, то нирӯҳои сулҳбон битавонанд он ҷо мустақар шаванд."
Аммо пайваста таъкид мешавад, ки ҳамоно ба гаравгон гирифтани ду сарбози исроилӣ тавассути Ҳизбуллоҳ буд, ки боъиси ҷанги 34 рӯза миёни Исроилу Ҳизбуллоҳ шуд. Аз оқои Зувайрӣ пурсидам, чи гуна метавон мутмаин буд, ки ин гуна ҳамалоти Ҳизбуллоҳ алайҳи Исроил дубора такрор нахоҳад шуд:
"Ба назарам, бо дарназардошти изҳороти Ҳасан Насруллоҳ, раҳбари Ҳизбуллоҳ дар ҳафтаи гузашта, зоҳиран алъон Ҳизбуллоҳ омодагӣ надорад, ки муҷаддадан ҷанге роҳ биандозад. Зоҳиран Ҳизбуллоҳ талош мекунад, ки вазъиятро ба марҳилаи субот бирасонад ва нақши сиёсиашро фаъъолтар кунад. Аз ин рӯ Ҳасан Насруллоҳ ишора кард, ки қасди амалиёти низомӣ надоранд, магар ин ки Исроил таҳрикашон кунад."
Қарор аст Куфӣ Аннон дар чорчӯби сафараш ба Ховари Миёна аз Димишқ ва Теҳрон низ боздид кунад.