Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тибби суннатӣ: наҷот ё фиреб?


Муллозуҳур Тоҳирӣ, раиси иттиҳодияи ғайридавлатии гиёпизпишкон ва табибони халқии Тоҷикистон гуфт, дар анҷумани дуввуми гиёҳпизишкон ва табибони суннатӣ натоиҷи ҳамкориҳои табибони суннатии се кишвар ва мушкилот дар роҳи рушди ин соҳа мавриди баррасӣ қарор дошт. Ӯ афзуд:

Мо дар ин ҳамоиш ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод кардем, ки тибби суннатиро маблағгузорӣ кунад, зеро бидуни маблағгузорӣ ин соҳа наметавонад рушд кунад.

Ризо Пуёӣ, гиёҳпизишк ва табиби суннатӣ аз Ҷумҳурии Исломии Ирон дар сӯҳбат бо радиои Озодӣ гуфт,таъсиси маркази интернетӣ метавонад дар рушди соҳаи мазбур ва боло бурдани таҷрибаи мутахасисони се кишвар нақши муассир дошта бошад. Вай мегӯяд, ҳарчанд миёни гиёпизишкон ва табибони суннатии Ирон олимони саршиносу варзида зиёданд ва то имрӯз луғоту адабиёти бисёр гаронмоя ҳам оид ба ин соҳа ба табъ расидаанд, аммо то ҳол ин мутахасисон ҳар яке ҷудогона фаъолият мекунанд. Ҷаноби Пуёӣ афзуд, вақт аст, ки бо истифода аз таҷрибаи табибони тоҷик дар Эрон низ анҷумани табибони суннатӣ таъсис шавад:

Бархе аз падар, волидони худ ин касбро ба мерос гирифтаанд ва ба сурати пароканда фаъолият мекунанд. Ман фикр мекунам,ки мо дар якҷоягӣ метавонем беҳтар ин соҳаро рушд диҳем.

Чанде аз корафтодагони маркази ғайридавлатии табибони суннатӣ ба суоли хабарнигори радиои Озодӣ, ки чаро ба табибони суннатӣ бартарӣ медиҳанд, ин гуна посух доданд:

Тибби касбӣ натавонист ба дарди ману духтарам шифо бахшад. Дар мавриди ин табибон шунида омадем.Ҳоло саломатиамон каме беҳтар аст.

Валу мусоҳиби дигари мо, ки худро Зулфия Қодирова муаррифӣ кард, ба табобати суннатӣ бовар надорад:

Ба ман табибони суннатӣ гуфтанд бе ҷарроҳӣ, бо гиёҳҳо санги гурдаамро мерезонанд, аммо натавонистанд. Ман маҷбур шудам, ба беморхона рафта ҷарроҳӣ кунам. Ҳоло аҳволам хуб аст.

Дар ҳамин ҳол, Муллозуҳур Тоҳирӣ, раиси анҷумани ғайридавлатии табибони суннатии Тоҷикистон мегӯяд, яке аз мушкилоти аслӣ дар фаъолияти тибби суннатӣ дарёфти иҷозатнома барои фаъолият ва кумаку ҳамкориҳои камранги Вазорати беҳдошти кишвар будааст.
Ва аммо Зебо Баҳромова, мудири маркази ҷумҳуриявии «Тибби Шарқ» бо таассуф гуфт, анҷумани ғайридавлатии гиёпизишкон ва табибони суннатӣ дар аксар маворид берун аз чаҳорчуби қонун амал мекунад ва аз фаъолият ва тасмимоти худ Вазорати беҳдошти кишварро дар ҷараён намегузорад:

Масалан дар гузаронидани чунин ҳамоишҳои байнулмилалӣ низ масъулини анҷумани табибони суннатӣ ба иштибоҳ роҳ додаанд. Аз кишварҳои хориҷ меҳмонҳо омаданд, худо накунад, ки ягон фалокат роҳ диҳад, кӣ ҷавоб медиҳад? Онҳо ҳатто аз гузаронидани ин ҳамоиш ҳам Вазорати беҳдоштро огоҳ накардаанд.

Ба иттилоъи Вазорати беҳдошти Тоҷикистон, аз 38 табиби суннатӣ айни ҳол танҳо ба 7 нафар расман иҷозаи фаъолият дода шудаасту халос.
XS
SM
MD
LG