Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Амрозе, ки духтаронро гирифтори безурётӣ мекунад


коромӯзи Озодӣ Маҳинаи Даврон Aмрози аъзои таносулӣ ба вижа варами тухмдон ва носури бачадон дар чанд соли ахир миёни духтарони ҷавон дар Тоҷикистон афзоиш ёфтааст. Издиёди ин гуна бемориҳо пизишконро нигарон сохтааст.

Шамсиддин Қурбонов, раҳбари Маркази миллии амрози таносулии Тоҷикистон рақам меорад, ки танҳо дар шаш моҳи ахири соли равон зиёда аз 400 духтари ҷавон ба иллати битило ба бемориҳои мухталифи узвҳои таносул ба маркази оқои Қурбонов муроҷиъат кардаанд. Аз ин пизишк пурсидам, ки бо чӣ иллате ҷавондухтарон ба ин амроз гирифтор мешаванд?

Ш. Қурбонов: «Мо маҳсулоти гӯштиеро истеъмол мекунем, алалхусус гӯшти мурғ дар бисёр мавридҳо ба он оварда мерасонад, ки ҳамин допингҳо, ё ки ҳармонҳое, ки дар ин мурғҳо барои афзоиши онҳо истифода мебаранд, дар синни навҷавонӣ агар духтар аз ин маҳсулот зиёд истеъмол кунад, эҳтимоли гирифтории онҳо ба носури бачадон, кистаи бачадон, ё ки тухмдон шуда метавонад. Дар умум, ҳамаи омилҳои беруна ин фишори равонист, набудани пул аст, набудани эҳтиёҷоте, ки духтар ҳар рӯз ба худаш дорад, талаб мекунад ва аммо волидон наметавонанд ин имконотро ба онҳо бидиҳанд, хоҳу нохоҳ дар рушди саломати духтар таъсири худашро мерасонад.»

Дилором Сатторова, пизишки амрози занона чанд сабаби дигарро ҳам ба ин феҳрест афзуд:

«Сабабҳои аввалияи ин бемориҳои ғадудҳои сипаршакл, яъне ҷоғар, бо сабаби нарасидани йуд мебошад, боз ҳаст бемориҳои сироятӣ, яъне уфунатҳои шадид, хроникӣ (музмин) ва махсус, ки метавонад ба ҳамин бемориҳо бианҷомад. Баъд шароити бади иҷтимоъии навҷавонон, яъне сӯъитағзия ё норасоии хуроки муқаввӣ, метавонад ба ҳамин бемориҳо бирасонад. Боз заҳрогинии мумтад (пайваста) доимӣ, ба монанди сигоркашӣ, майхорагӣ.»

Меравем дунболи афроде, ки аз ин беморӣ ранҷ мебаранд. Як мусоҳиби мо, ки нахост номаш зикр шавад, гуфт, дар 15-солагӣ ба ин беморӣ гирифтор шуда ва тайи чаҳор сол аз он ранҷ бурдааст .

«Киста доштам, табобат накардам. Пизишкон гуфтанд, ки замони муъолиҷааш гузаштааст. Ҷарроҳӣ карданд маро. Поёни шикамам дард мекарду аҳамият намедодам. Баъд як рӯз беҳуш шудаму беморхона ғалтидам. Гуфтанд, ки аллакай гузашта аст ва намешавад бо дору табобат кард.»

Беморе дигар қиссае дигар дорад:

«Дар 15-солагиам ба бемории кистаи тухмдон дучор шудам. Ба тарс уфтодам, ба модарам гуфтам ва мо ба пизишк муроҷеъа кардем. Маро бо фавқиссадо (ултразвук) ташхис карду фаҳмид, ки кистаи тухмдон доштам ва ман бо витомин ва дигар доруҳо худро муъолиҷа кардам. Ҳоло саломатам дар ҳоли беҳбуд аст, лекин ҳар моҳ ман бояд витомин, пуливитомин ва асиди ускорбин (оскарбиновая кислота) истеъмол кунам.»

Пизишк Шамсиддин Қурбонов гуфт, агар ин бемориҳо сари вақт дармон нашавад, бемор метавонад пас аз муддате ба нозоӣ (безурётӣ) ва ҳатто саратон мубтало шавад. Пизишкони мусоҳиби ман гирифторӣ ба ҳар навъ бемориро ношӣ аз беэътиноӣ ва бепарвоии худи беморон медонанд. Зарбулмасале ҳам ҳаст, ки «Пешгирӣ беҳтар аз табобат аст». Ва аммо роҳҳои ҷилавгирӣ аз ин бемориҳо ва (агар худо накарда, бемор бошед) ҳамчунин роҳҳои табобати онро дар матолиби оянда мурур хоҳем кард.
XS
SM
MD
LG